Аҳмадшоҳ Масъуд ба Фаронса рафт

Аҳмадшоҳ Масъуд дар солҳои муқовимат алайҳи Толибон дар шаҳри Душанбе манзил дошт ва гоҳ-гоҳе бо хонаводааш дар он зиндагӣ мекард.

Дар Порис — пойтахти Фаронса ба поси эҳтироми Аҳмадшоҳ Масъуд, аз нерӯмандтарин фармондеҳи зидди Шӯравию Толибон, лавҳаи ёдгорӣ мегузоранд. Шуморе аз сиёсатмадорони афғон аз ин тасмими шаҳрдории Порис истиқбол кардаанд.
Муовини раиси шаҳри Порис дар «Твиттер» навиштааст, ки пойтахти Фаронса аввалин шаҳре дар ҷаҳон аст аст, ки бист сол пас аз шаҳодати Аҳмадшоҳ Масъуд, аз ӯ ба хотири муборизаҳои озодихоҳона ва сулҳҷӯёнааш қадрдонӣ менамояд.
Шӯрои шаҳри Порис барои амалӣ шудани ин тарҳ розигӣ додааст ва дар назар аст, ки лавҳи ёдбуди Аҳмадшоҳи Масъуд дар минтақаи ҳаштуми пойтахти Фаронса насб шавад.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон ва аз ёрони Аҳмадшоҳ Масъуд, аз ин тасмими мақомоти фаронсавӣ истиқбол кардааст.
Оқои Абдулоҳ рӯзи 3-юми феврал дар сафҳаи «Фейсбук»-и худ навишт, «бо дарназардошти ин, ки робитаҳои таърихӣ, дӯстӣ ва арзишҳои муштарак Фаронса ва Афғонистонро бо якдигар пайванд медиҳад, арҷгузорӣ аз андешаҳо ва корномаҳои Қаҳрамони миллӣ баёнгари ин дӯстӣ ва арзишҳои муштарак аст ва робитаҳо миёни ду кишварро мустаҳкамтар менамояд».
Ин фармондеҳи шинохта дар кишвараш аз маҳбубияти зиёде бархӯрдор аст ва ҷойҳои зиёдеро ба исми ӯ номгузорӣ карданд. Ҳукумати Афғонистон ба поси муборизаҳои озодихоҳонааш ба ӯ унвони «Қаҳрамони миллӣ»-ро додааст. Ин фармондеҳ дар миёни афғонҳо мухолифони худро низ дорад.
Дар Тоҷикистон Аҳмадшоҳи Масъуд махсусан миёни насли бузургтар, насле, ки дар замони корнамоиҳои Масъуд зиндагӣ кардаанд, нуфузу эҳтироми зиёде дорад. Аксҳои овезони сипаҳсолор Масъуд, дар ҷойи кору манзилҳо, далели ин гуфтаҳост. Ин фармондеҳи шинохта дар миёни насли нави Тоҷикистон ҳам аз обрӯи хос бархӯрдор аст ва ҷавононе ки бештар аз худшиносии миллӣ ҳарф мезананад, аз ӯ ба унвони идеали худ ёд меоранд.
Ин аст, ки дар солҳои қабл як гурӯҳ аз ҷавонон ва низ фарҳангиёни кишвар аз мақомот хоста буданд, ки яке аз кӯчаҳои Душанбе ба номи Аҳмадшоҳ Масъуд гузошта шавад.
Аҳмадшоҳ Масъуд дар солҳои муқовимат алайҳи Толибон дар шаҳри Душанбе манзил дошт ва гоҳ-гоҳе бо хонаводааш дар он зиндагӣ мекард.
Дар гузашта ин пешниҳод садо дода буд, ки ин манзил ба хона-музейи ӯ табдил дода шавад. Пешниҳоде, ки бо сабабҳои номаълум ҳанӯз ҷомаи амал напӯшидааст.
Аҳмадшоҳ Масъуд ҳудуди 20 соли пеш аз ҷониби ду арабтабор дар Хоҷа Баҳовуддини вилояти Тахор ба шаҳодат расид. Ӯ дар деҳаи Баҳораки дараи Панҷшер, дар оилаи сарҳанг ба дунё омад, вале дар Кобул бузург шудааст.
«Озодӣ»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *