Аҳмадшоҳи Масъуд: ШИНОСНОМАИ МУҚОВИМАТ ВА ҶАВОНМАРДӢ
Дар рӯзи дувуми конфронси байналмилалии Масъудшиносӣ дар Кобул фаронсавидухтари журналист Франсуа дар бораи Масъуд сухан мегуфту мегирист. Мегуфт, ки солҳои зиёд Аҳмадшохи Масъудро мешинохт, дар сангарҳои доғи ҷабҳаҳо аз дунболаш давидаву муборизаҳояшро бо чашми сар дидааст.
– Ба назари ман, – мегуфт Франсуа, – дар ин садсолаҳо дар ин хок марди дигаре мисли Аҳмадшоҳ намеояд.
Марқади ин сипаҳсолори номдори ҷаҳон дар як километрии деҳкадаи Ҷангалак – зодгоҳи Масъуд дар баландие бар фарози дараи Панҷшер, ки номаш барои чун мане мазҳари муборизаи миллӣ ва қаҳрамонист, қад афрохтааст. Ҳар бор ки ин ёдгори бузургро зиёрат мекунам, ба назарам чунин мерасад, ки соҳибаш чун уқобе баланпарвоз аз ин баландӣ ба дуриҳо, ба ҳамвориҳои Хуросони Бузург менигарад ва бо вусъати нигоҳаш вуруди лошахоронро ба ин хиттаи беназири фарҳангу торихи ҷаҳон ҷилавгирӣ мекунад.
Дар рӯзи нахустини солгарди ёдбуди Аҳмадшоҳи Масъуд аз гӯшаву канори ҷаҳон ба ин зиёратгоҳ одамони зиёде омада буданд ва дар миёни онҳо хабарнигорони сершумор ба назар мерасиданд. Ман ба худ далели ширкати сернуфуси ин қишри ҷомеаи башариро дар ин маросим чунин хулоса кардам, ки ин қишр ба сабаби махсусиятҳои пешаи худ кору пайкори чунин шахсиятҳои бузургро бештар медонанд ва аз сӯйи дигар, ба далели бардоштҳои худ аз рафтору кирдори мардони номвар дар симои онҳо идеоли худро мебинанд. Табиист, ки Аҳмадшоҳи Масъуд чунин як абармарде барои бештар ин хабарнигорон ва на танҳо онҳо буд, ҳатто маросими ёдбудашро низ қаҳрамонӣ медонанд.
Марқади пурнури Аҳмадшоҳи Масъуд он қадар серодам буд, ки зиёрати он барои ташнагони рӯҳи пурфутӯҳи ин қаҳрамони ҷаҳон мушкил муяссар мешуд. Маро низ бахт омад кард, ки санги сари гӯрашро бибӯсам ва ин шоҳбайти лавҳи мазорашро ба хотир биспорам:
Эй хоки тира, дилбари маро азиз дор,
Ин нури чашми мост, ки дар бар гирифтаӣ.
Ба паҳлу нигоҳ кардам, боз ҳамон Франсу бо чашмони пуроб меистод ва аз ман хоҳиш кард, ки порашеъри санги ёдбудро барояш тарҷума кунам. Ва таваҷҷуҳи маро симои ҳаяҷонзадаи пирамарди итолиёвӣ, ки мегуфт, ки 22 сол боз бо Аҳмадшоҳи Масъуд ошноӣ дошт ва дар бораи корномаи ӯ чанд китоб ба нашр расондааст, ҷалб кард. Ин марди солор аз шиддати муҳаббату ҳаяҷони қалбӣ дар сари гӯри сипаҳсолор ашк мерехт ва мегуфт: «Масъуд инсони ҳадафманд бо ормонҳои баланд буд…».
Он рӯз дараи Панҷшер бо ҳама фарозу шаҳомати худ як мотамсарои бузургро мемонд, ки ба қавле одамон, аз панҷ қораи ҷаҳон дар сӯги Масъуд ашк мерехтанд.
Аҳмадшоҳи Масъуд қаҳрамони ду таҳаввулоти бузург дар торихи муосири Афғонистон ва ҷаҳон аст ва барҳақ дар корномаи торихи башар зиндагӣ ва муборизаи пайгиронаи ӯ пешгоми ин ду таҳаввулот шинохта шудааст: яке шикасти таҷовузи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон ва дигаре ҳам шикасте дар низоми нангини «Толибон». Пирӯзии Аҳмадшоҳи Масъуд дар ин ҷабҳа пирӯзии хун ба шамшер аст ва номаш азаматест барои муборизони ҷаҳон.
Шуҷоату далерии Масъуд ба ҳадест, ки қаҳрамониву далерии ӯро душманонаш ҳам эътироф кардаанд. Вай бо истифода аз барномаҳои дақиқи иструтежик дар солҳои муқовимат ба неруи ишғолгари Иттиҳоди Шӯравӣ тавонист даҳ ҳамлаи бузурги ин лашкари машҳури ҷаҳонро ба шикаст мувоҷеҳ кунад. Раҳбарони вақти Иттиҳоди Шӯравӣ борҳо гуфта буданд, ки Масъуд бодирояттар ва оқилонатар аз фармондеҳони лашкари 40-уми Иттиҳоди Шӯравӣ амал мекунад. Генерал Борис Громов – фармондеҳи ин лашкар дар Афғонистон, агарчи ба ин гуфтаи раҳбарони кишвараш тан дарнамедиҳад, вале дар китоби худ «Артиши сурх дар Афғонистон» ба шикастҳои лашкараш дар баробари неруҳои таҳти раҳбарии Масъуд эътироф кардааст.
Муҷоҳиддин ва муборизини ҳамсангараш Масъудро «Устураи ҷиҳод ва муқовимат» мехонанд. Дар рӯзҳои мушкилтарин барои озодихоҳони Афғонистон ҳамаи гурӯҳҳои мубориз амалан кишварашонро тарк карда буданд. Танҳо Аҳмадшоҳ буд, ки дар тӯли 23 сол аз кишвараш берун нарафт ва кӯҳҳои Панҷшерро сипари муборизаи худ қарор дод. Фармондеҳони аршади Иттиҳоди Шӯравии собиқ ҳар бор, ки ба қасди нобудии Аҳмадшоҳ ва муборизинаш дар дараи Панҷшер амалиёти низомӣ анҷом медоданд, фаврӣ эълом мекарданд, ки «Масъуд ва дору дастааш дар дараи Панҷшер несту нобуд карда шуд».
Вале рӯзи дигар аз тангноҳои дараи Панҷшер боз ҳам садои гирои Аҳмадшоҳ ба сӯи ҳамвориҳои Хуросон баланд мешуд ва ба дили душманонаш тарсу ба дили дӯстдоронаш хушҳолӣ мебахшид. Ҳамон солҳо дар як ширкати интиқоли газ дар ҳайати мутахассисони Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Шибирғони ин кишвар кор мекардам. Пас аз анҷоми ҳар амалиёти ҷангӣ, ки Шӯравӣ аз “несту нобуд шудани Аҳмадшоҳ ва дору дастааш” ба ҷаҳон хабар пахш мекард, ронандаи мо, ки як ҷавони панҷшерӣ буд, ҳар бор ба таври ноаён ба ман мегуфт: «Садои ҳамномат субҳи имрӯз боз аз родюи Панҷшер баланд шуд».
Дар конфаронси байналмилалии «Масъудшиносӣ» журналистон ва муҳаққиқони зиндагӣ ва муборизаи ин марди шуҷоъ аз хислатҳои ҳамида ва умдаи ӯ ёд мекарданд. Ин ки ӯ волаи ашъори шаккарини Ҳофиз будааст ва чакомаҳои Мавлавию Бедилро бомаҳорат ба риштаи тафсир мекашидааст, барои бисёриҳо равшан аст. Вале қиссаи «Шаби шеър»-ро, ки як шаб пеш аз маргаш барпо кардааст ва то дами субҳ аз шеъру шоирӣ ҳарф задааст, на ҳама медонанад. Пораҳои ин базми бонамакро дар филме дидам, вале тафсилоти он базми зеборо аз Масъуд Халилӣ – фарзанди шоири фарзона Халилуллоҳи Халилӣ шунидам. Халилӣ гуфт, ки Масъуд аз вазъи имрӯзи шеъру адаби форсӣ огоҳӣ дошт ва дар суҳбати оншаба аз шоирони он сӯи Ому Мӯъмин Қаноат, Лоиқ, Гулрухсор ва Бозор Собир, ки дар адабиёти имрӯзи форсӣ тозакориҳое доранд, ёдовар шуд.
Башардӯстӣ ва эътимод дар нисбати дигарон аз хасоили дигари умдаи Аҳмадшоҳ буд. Ӯ ҳаросе аз марг надошт. Шахсонеро, ки ба диданаш меомаданд, дар ҳар ҷое бидуни бозҷӯӣ ва бозпурсӣ ба ҳузур мепазируфт. Бовараш ба дигарон ба ҳадде буд, ки ҳатто ба душманони деринааш ҳам эътимод мекард. Ва ҳамин наҷобаташ боиси хунолуд гардидани кафанаш шуд.
Ҳангоме ки ба Масъуд унвони “Қаҳрамони Афғонистон” доданд, хеле аз фарҳангиёни тоҷик низ бо ҳамин даъво садо баланд карда буданд, ки Ҳукумати кишвари мо ба ӯ унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” бидиҳад. Ман низ дар рӯзномаҳо даъво ва пешниҳоди худро ба чоп расонда будам. Чун Аҳмадшоҳи Масъуд барои пуштибонӣ аз ҳаққу ҳуқуқи мардуме мубориза кардааст, ки имрӯз Афғонистон ном дорад. Вале ин кишвар сарзамини таърихии миллати тоҷик аст ва имрӯз ҳам бештари аҳолии Афғонистонро мардуми тоҷик ташкил медиҳад. Ӯ қаҳрамони бузурги миллати тоҷик, намояндаи миллати мост. Ҳар миллат ҳақ дорад, ки бо фарзандони худаш, дар ҳар куҷои дунё ҳастанд, ифтихор кунад. Зеро онҳо намояндаи ин миллат ҳастанд ва ба забони модариву фарҳанги миллати худ зиндагӣ мекунанд.
Дар давраи муқовимати ҷабҳаи Масъуд бо неруҳои бегона ва «Толибон» Тоҷикистон ягона давлате буд, ки дар мушкилтарин замони муборизаи “Ҷабҳаи шимол” таҳти роҳбарии Масъуд якрангу якрӯ ин иттиҳодро пуштибонӣ кардааст. Барои ман ин хидмати бузургу таърихии давлати Тоҷикистон аст. Аммо бо дарназардошти рисолати миллат, ҷойгоҳи Масъуд ҳанӯз дар кишвари мо на бар он пояест, ки бояд бошад. Аз ин нигоҳ давлати мо дар ин қарина камзарфиятӣ нишон додааст. Яъне меарзад, ки ба Аҳмадшоҳи Масъуд унвони Қаҳрамони миллии Тоҷикистон дода шавад. Зеро ӯ номи тоҷику Тоҷикистонро дар дунё муаррифӣ ва маъруф кардааст.
Дар Фаронса дар бораи Масъуд даҳҳо китобу рисола, филму барномаи телевизионӣ таҳия шудааст. Дар тамоми навишатҳои дунё, ки аз Аҳмадшоҳи Масъуд ба унвони сипаҳсолори муваффақи ҷаҳон ном мебаранд, ӯро фарзанди миллати тоҷик менависанд. Дуруст аст, зеро ӯ барои ҷойгоҳ ва эътибори миллати тоҷик дар Афғонистон мубориза бурдааст, ки ин барои худи ӯ ҳам ифтихори ҷаҳонӣ бахшидааст ва инро мо набояд фаромӯш кунем. Аз ҳамин хотир ман гуфтаниам, ки камтар аз интизорот камтар аз имкониятҳое, ки давлату миллати Тоҷикистон дорад, ба Аҳмадшоҳи Масъуд ҷойгоҳ додааст ва ё арҷгузорӣ кардааст. Бояд бештар аз ин бошад. Масалан, бузургтарин коре, ки имрӯз Тоҷикистон бояд барои Аҳмадшоҳи Масъуд анҷом бидиҳад, ин аст ки ба ӯ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон бидиҳад. Чунки хидматҳое, ки ӯ барои миллати тоҷик кардааст, хеле бузурганд. Танҳо ҳамин, ки ӯ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ чун бузургтарин сарлашкари қарни ХХ шинохта шудааст, барои мо — тоҷикон ифтихори бузург аст.
Пас аз солҳо корвони сабзи достони ин номвари Хуросон шаҳр ба шаҳру манзил ба манзил меравад. Ному шуҳрати Аҳмадшоҳи Масъуд дар назди мардуми озодидӯсту ҳақталош ба вусъати як баҳри бекарон аст, ишқу муҳаббати ӯ дар қалби фарзандони баномуси ҷаҳон ҷовидонӣ ҷой гирифт ва идома хоҳад дошт.
Номи Аҳмадшоҳи Масъуд шиносномаи муқовимат, ҷавонмардӣ ва ватандӯстист.
Аҳмадшоҳ Комилзода,
журналист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ