Аҳмадшоҳи Масъуд ва сулҳи тоҷикон. Бардошт аз суҳбат бо генерал-лейтенант Саиданвар Камолов
Шоми 12-уми сентбри соли равон дар Сафоратхонаи Афғонистон дар Тоҷикистон ёдбуди шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд баргузор шуд. Дар ин маросим, ки бо ширкати бародари Қаҳрамони миллӣ — Аҳмад Валӣ Масъуд, шоирон ва шахсиятҳои саршиноси ду кишвар баргузор гардид, ёде аз корномаҳои Шери Панҷшер карданд ва дар васфи ӯ шеърҳо хонданд…
Бо хаёли ин маҳфил субҳи рӯзи дигар “Тақвими “Тоҷикистон”-ро варақ задаму назарам ба ин навишта афтод: 16-уми сентябри соли 1950 рӯзи таваллуди генерал-лейтенант Саиданвар Камолов. Инро хондаму зиндаёд Саиданвар Камоловро ба хотир овардам. Махсусан, суҳбатҳоямонро дар мавриди Шери Панҷшер — Аҳмадшоҳи Масъуд.
Боре аз Саиданвар Қосимович пурсидам:
— Нақши Аҳмадшоҳи Масъудро дар сулҳи Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Посухи генерал чунин буд:
“Аҳмадшоҳи Масъуд барои сулҳи Тоҷикистон нақши хеле ва хеле калон дорад. Агар ӯ дар ҳамон шабу рӯзи ҳассос тарафи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати қонуниро намегирифту аз мухолифин пуштибонӣ мекард, ҷанги Тоҷикистон то имрӯз идома меёфт, мисли он ки ҷанг дар Афғонистон.
Соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон ба Кобул парвоз кард. Дар ин сафар аввалин вохӯрии сарвари давлати тоҷикон бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд сурат гирифт. Ҳангоми мулоқот сухан аз бозгардонии муҳоҷирони тоҷик ба Ватан мерафт. Аҳмадшоҳ дар рафти вохӯрӣ гуфт: «Ҳама имконот ва ғайриимконотро барои бастани сулҳ истифода баред, вагарна ҷанги партизании тӯлонии шаҳрвандӣ шуморо интизор аст». Ва дар ҳамин сафар дар паҳлуи ҳукумати қонунӣ ва сарвари қонунии Тоҷикистон буданашро эълон намуд.
Дар ҳамин сафар ӯ дар баробари чанд тавофуқ як хоҳиши Эмомалӣ Раҳмонро низ ба ҷо овард. Мусоидат намуд, ки 4 хизматчии ҳарбии хизмати ҳатмӣ ва 1 нафар капитани сарҳади Русия, ки асири қумондонҳои саҳроии музофоти Бадахшони Давлати Исломии Афғонистон буданд, ба Кобул оварда шаванд. Эмомалӣ Раҳмон зимни бозгашт онҳоро ҳамроҳи худ гирифт ва нақл мекунанд, ки замоне самолёт аз дарёи Панҷ мегузашт капитани рус аз шодӣ гиря кард. Бо ин амали хеш Аҳмадшоҳи Масъуд нишон дод, ки Сарвари тоҷикон барои ӯ қадру қиммат дорад.
Ҳукумати Тоҷикистон низ бо мақсади таъсир расонидан ба роҳбарони мухолифини тоҷик аз роҳбарияти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла, Аҳмадшоҳи Масъуд, Бурҳониддин Рабонӣ, Абдурашид Дӯстум ва дигарон дақиқназарона истифода бурд. Ҳамин иртибот буд, ки моҳи декабри соли 1996 мулоқоти ҷониби ҳукумат ва мухолифин дар Хостдеҳ бо иштироки роҳбарони Афғонистон ва миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид самаранок баргузор шуд.
Мо, ки қаблан кадрҳои шӯравӣ будем, дар симои Аҳмадшоҳи Масъуд душманро медидем. Вале вақте ман вазири амният будам, соли 1995, моҳи сентябр, зарурат ба миён омад, ки бо ӯ вохӯрам.
Ҳамон вақт бо чархбол ба Фархор омад. Суҳбати мо хеле самимӣ доир шуд. Ӯ пайваста мегуфт: «Талош кунед, ки сулҳ шавад».
«Ман, пеш аз он ки Кобулро тарк кунам, як пулро бо 18 кило маводи мунфаҷира тарконда будам. Ҳоло барои барқарор кардани ин пул милионҳо лозим аст, ки ман надорам. Ин аст оқибати ҷанг. Сулҳ кунед»,- пайваста таъкид мекард Аҳмадшоҳи Масъуд.
Ҳамчунин, як мушоҳидаи ӯ, ки бароям нақл кард, ҳеҷ аз ёдам намеравад. Аҳмадшоҳ гуфт, ки яке аз мухолифони давлати Тоҷикистон аз ӯ пурсидааст, ки «Аҳмадшоҳ, ту барои чӣ меҷангӣ?». «Барои миллат»,- посух медиҳад Масъуд. Сипас, Аҳмадшоҳ аз тоҷик суол мекунад: «Ту барои чӣ меҷангӣ?». «Барои мазҳаб»,- мегӯяд тоҷик. «Ислом асрҳои аср вуҷуд доштааст ва ниёзе нест, ки ту барои ислом биҷангӣ. Ислом ниёзе ба ҷанги ту надорад»,- мегӯяд Аҳмадшоҳи Масъуд ба мухолифи тоҷик…”.
Воқеан, генерал-лейтенант Саиданвар Камолов Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддини Раббониро бисёр қадршиносӣ мекард ва дар суҳбатҳо пайваста аз эшон ба хубӣ ёдоварӣ менамуд. Ҳатто боре зимни суҳбат гуфта буд: “Дар Душанбе бояд хиёбоне номи Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддини Раббониро дошта бошад”. Ин пешниҳоди Саиданвар Қосимович ҳоло бештар аҳамият пайдо кардааст ва масъулини мо бояд атрофи ин масъала ҷиддӣ андеша кунанд.
Ин суҳбатро менависаму генерал-лейтенант Саиданвар Камоловро ёд мекунам, ки моҳи майи соли 2020 дар айни авҷи пандемияи COVID-19 аз олам даргузашт. Ӯ шахсияти фозил, фарзанди асили миллати тоҷик буд. Баъди хатми факултети ҳуқуқшиносии ДМТ соли 1975 фаъолияти худро дар низоми амнияти кишвар оғоз карда, дар охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми асри гузашта ба ҳайси сардори Раёсати тафтишоти КГБ-и Тоҷикистони Шӯравӣ кор кардааст. Соли 1994 муовини вазири амният ва моҳи августи соли 1995 вазири амният таъин шуд. Соли 1997 корро ба ҳайси раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадоти ҷумҳурӣ оғоз карда, соли 2002 бознишаста шуд. Вале Саиданвар Камолов то нафасҳои охирин дар фикри ободии Ватан буд. Пайваста дар суҳбатҳояш талқин мекард, ки мардуми кишвар ба қадри сулҳу осоиш бирасанд ва якпорчагии Тоҷикистонро муқаддас шуморанд. Ин ҳарфҳоро Саиданвар Қосимович ҳавоӣ намегуфт, балки суханаш аз қалбаш буд. “Рӯзҳои сахти солҳои 90-умро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Тоҷик ба муқобили тоҷик оташ кушод, хуни якдигарро рехт… Шукр, ки ба сулҳу осоиш расидем”,- мегуфт пайваста. Орзуи ормонҳои ӯ, сарнавишти Тоҷикистон дар солҳои 70, 80, 90-и асри гузашта ва ду даҳаи қарни нав дар китобҳояш «Дар ҳифзи марзу буми кишвар», «Граница», «Сангар», «Противостояние», «Тайна Пещеры Дракона», «Бозгашт», «Ситораи умед», «Гиреҳ дар гулӯ» дар қолаби публитсистиву бадеӣ инъикос шудаанд.
… Ин хотирот дар рӯзҳои зодрӯзи зиндаёд Саиданвар Камолов ва айёми қатли Аҳмадшоҳи Масъуд дар зеҳнам пайдо шуд.
Ёди ҳар ду ба хайр!
Одил НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ