Аҳмадзода: Қалъаи Хуҷанд ва Шайх Муслиҳиддин ба ЮНЕСКО пешниҳод шудаанд

Дар нимсолаи якуми соли 2022 барои инкишофи соҳаи иҷтимоӣ сармоягузорӣ ба маблағи 438164,5 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст, ки 56,4 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории вилояти Суғдро ташкил медиҳад.

Дар ин марҳила дар вилояти Суғд 243971 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд. Биноҳои истиқоматиро асосан бахши ғайридавлатӣ ва ҳиссаи бештари онҳоро аҳолии вилоят месозанд.

Дар вилояти Суғд маконҳои таърихӣ ва сайёҳӣ зиёд буда, садҳо сайёҳон аз он дидан мекунанд. Ин аст, ки ду макони таърихии шаҳри Хуҷанд — Қалъаи Хуҷанд ва Шайх Муслиҳҳиддин ба ЮНЕСКО пешниҳод шудаанд.

45 нафар мутахассисони ҷавони соҳаҳои гуногун, маорифу тандурустӣ дар вилоят бо хонаҳои истиқоматӣ тамсин гардидаанд.

Тибқи маълумоти расми вилояти Суғд, дар ин марҳила гардиши савдои хориҷии вилоят 1416,8 млн долларро ташкил намудааст. Таносуби содирот дар ин марҳила нисбати гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 36,7 фоиз ва воридот бошад, 63,3 фоизро ташкил медиҳад. Умуман, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар ин марҳила бо мамлакатҳои ИДМ 228,5 млн доллар зиёд шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки дар соҳаи саноат 758 корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки аз он 37 корхона хусусияти хизматрасонии саноатӣ доранд. Раиси вилоят афзуд, ки бо ташкили корхонаҳои саноатӣ дар вилоят иқтидори маҳсулот зиёд шуда, ба ҷойи воридот маҳсулотро аз вилоят ба дигар давлатҳо содирот мекунанд. То ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар нақша аст, ки даҳҳо корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода шаванд.

Раиси вилоят афзуд, ки бояд ҳар сокини вилоят маҳсулоти 2-солаи ниёзи аввалро захира кунад.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни нишаст иброз дошт, ки дар давлатҳои ҷаҳон рӯз аз рӯз нархи маҳсулоти озуқаворӣ зиёд мегардад, вале Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мекӯшад, ки дар бозорҳои вилоят нархҳои маҳсулотро нисбатан арзонтар ба аҳолӣ пешниҳод кунад.

Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ дар миқёси вилоят 75 корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ба фаъолият пардохта, 2239 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Яке аз корхонаҳои бузурге, ки дар 6 моҳи аввали сол дар вилоят ба истифода дода шуд, ин корхонаи пойафзолбарорӣ дар шаҳри Исфара мебошад, ки бо сармоягузории соҳибкорони рус ба истифода дода шудааст. 80 фоизи маҳсулоти содиротии ин корхонаро ба Русия содирот мекунанд.

Ҳоло реҷаи ниқобӣ дар вилоят бардошта шуда, масъулони назорати эпидемиологии вилоят дар тамоми нуқтаҳои тиббӣ ва эпидемиологии вилоят чораҳои заруриро андешидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *