Аҳмадзода ба аёдати собиқ сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов рафт

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Бӯстон ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқиловро аёдат намуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни суҳбат Раҷаббой Аҳмадзода аз саҳми шоиста ва назарраси Оқил Оқилов дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ёдовар шуда, зикр дошт, ки давлату Ҳукумати кишвар ҳамеша дар меҳвари фаъолияти худ ғамхориву пуштибонии пирони хирад, собиқадорону дигар қишри ҷомеаро қарор додааст.

Дар фарҷоми суҳбат ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ Оқил Оқилов изҳори сипоси худро ба Мақомоти вилояти Суғд баён намудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, раиси  вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят собиқадорони меҳнат, пирони хирад ва шахсони барӯмандро аёдат намуда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *