Аҳмадзода дар Гулистон: Корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо раванди корҳои ободонию созандагӣ ва сохтмони иншооти гуногун шинос шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, ҷиҳати тақвияти корҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Гулистон имрӯзҳо таҷдиду азнавсозии Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Темурмалик ва сохтмони бинои маркази таҳсилоти иловагӣ, бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва кӯдакистони «Бобуна» ҷараён дорад.

— Раиси вилоят сохтмони иншооти зикршударо мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба роҳбарияти шаҳр дастур дод ва таъкид кард, ки дар шаҳр дар оянда низ иншооти муҳими иҷтимоӣ сохта мешаванд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *