Аҳмадзода дарахтонро бо дуд муҳофизат мекунад
Ҷараёни дудмонии дарахтон дар боғҳои Ҷамоати деҳоти Исмоил ва “Боғи миллии Ваҳдат” –ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раҷаббой Аҳмадзода шахсан назорат кардааст.
Дар пайи сардиву барфрезӣ дар вилояти Суғд, бо дастури Раҷаббой Аҳмадзода барои пешгирии таъсири ҳавои сард ба дарахтони мевадиҳанда гуруҳи корӣ таъсис ёфт
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раҳбари вилоят, ҳоло бо ширкати ин гуруҳи корӣ барои наҷоти дарахтони ғарқи гул дар боғоти навоҳӣ корҳои биокимиёвӣ ва дудмонӣ анҷом дода шуда истодааст.
Ҷараёни дудмонии дарахтон дар боғҳои Ҷамоати деҳоти Исмоил ва “Боғи миллии Ваҳдат” –ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раҷаббой Аҳмадзода шахсан назорат кардааст.
“Тавре мушоҳида гардид, бо тавсияи мутахассисон ҷиҳати пешгирии таъсири сардӣ дар боғот корҳои дудмонӣ ба роҳ монда шуда, барои эмин нигоҳ доштани дарахтон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гашта истодааст”,-афзудааст манбаъ.
Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати андешидани тадбирҳои фаврӣ баҳри пешгирӣ аз хисорот супоришҳо дода, таъкид кард, ки дар ин шабу рӯз бояд кишоварзон дар ҳамкорӣ бо олимону коршиносон дар боғот дудмониро ба роҳ монанд.
Гармиҳои аввалҳои моҳи феврал боиси бедор шудани табиат ва муғчабандии дарахтон дар минтақаҳои нисбатан гармтари вилоят, аз ҷумла Ашт, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулову Спитамен гардид.
Аммо дар чанд рӯзи охир ҳарорати ҳаво дубора паст шуд ва эҳтимоли зиён дидани дарахтони мевадиҳанда ба вуҷуд омад.
Вилояти Суғди Тоҷикистон аз минтақаҳои асосии кишвар аст, ки меваҷот истеҳсол ва ба хориҷ содир мекунад. Соли гузашта низ дар пайи сардиву боришоти бемаҳал қисме аз ҳосилро сармо зада буд.
“Спутник”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ