Аҳмадзода кормандони милитсияро бо идашон табрик кард

9 ноябри соли 2020 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят ба муносибати Рӯзи милитсия ҷамъомади тантанавӣ доир шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Раиси вилоят ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилии вилоятро ба Рӯзи кормандони милитсия табрик гуфта, ба онҳо тансиҳативу хонаободӣ, саодату сарбаландӣ ва дар иҷрои рисолати бошарафу пурифтихор барору комёбиҳо орзу кард.
Таъкид карда шуд, ки дар ҳамаи давру замон пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад, ки иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ, вогузор гардидааст.

Кормандони милитсия дар даврони истиқлолият аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ вазифаҳои ба уҳдаашон гузоштаро бошарафона иҷро карданд ва якҷо бо ҷузъу томҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд.

-Дар ин роҳ садҳо нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷонашонро қурбон карданд ва мардуми сипосгузори Тоҷикистон хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорад.

Раиси вилоят афзуд, ки маҳз бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан даҳҳо гурўҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин садҳо нафар ҷинояткорони хавфнок боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Метавон садҳо нафар кормандони ба касби хеш содиқро ёдовар шуд, ки ба хотири таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар ҷони худро нисор кардаанд.

-Ҳамасола таҷлил гардидани Рўзи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин ниҳоди муҳимми давлатӣ буда, ҳар яки шуморо водор месозад, ки барои таъмини иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва содиқ будан ба савганди худ масъулияти дучанд эҳсос намоед,- илова намуд Раиси вилоят.

Бояд таъкид кард, ки муборизаи беамон алайҳи ҳама гуна ҷинояткорӣ, зуҳуроти номатлуби ҳаёти ҷомеа, ҳифзи моликияти шахсӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ, экстремизм ва терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, риояи тартибот ва таъмини волоияти қонун вазифаи асосии милитсия ба ҳисоб меравад.
Сипас, ба як қатор кормандони мақомоти милитсия Сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тақдим гардида, барои иштирокчиён барномаи рангини консертӣ намоиш дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *