Аҳмадзода сарбозону сокинони дар муноқишаи марзӣ ҷароҳатбардоштаро аёдат кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Исфара дар Беморхонаи марказии шаҳри Исфара аз ҳолу аҳволи захмиёни даргирии охир дар марз бохабар гардиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, ба ҷароҳатбардоштагон аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кумакҳои моливу пулӣ расонида шуд.

— Зимни суҳбат таъкид гардид, ки табибони варзида ва мутахассисони соҳаи тандурустии вилоят саломатии захмиёнро барқарор намуда истодаанд. Раванди табобат зери назорати роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор гирифта, дар асоси супориши Президенти мамлакат тамоми лавозимоти зарурӣ ва доруворӣ дастрас карда шудааст,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *