Аҳмадзода соҳибкорони туркро ба Суғд даъват кард
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо як ҳайат аз рафти фаъолияти корхонаҳои саноатии Туркия шинос шудаанд.
Гуфта мешавад, ки дар доираи сафари худ ба Туркия ҳайати вилояти Суғд аз якчанд корхонаҳои саноатии шаҳри Қайсарӣ боздид намуда, бо фаъолияти онҳо шинос гардид.
“Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳамроҳонаш аз ҷумла бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли пойафзол шинос шуданд. Раиси вилоят аснои боздид таваҷҷуҳи соҳибкорони туркро ба соҳаи саноати вилояти Суғд ҷалб намуда, таъкид кард, ки захираву имкониятҳо барои коркарди пӯсту чарм ва ташкили корхонаи пойафзолбарорӣ дар вилояти Суғд мавҷуд аст. Ӯ аз таҷрибаи ҳамкории соҳибкорони тоҷик ва Федератсияи Россия ёдоварӣ кард, ки дар ҳамкорӣ дар шаҳри Исфара корхонаи пойафзолбарорӣ бунёд карда, маҳсулоти онро содирот намуда истодаанд”,- иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Раҷаббой Аҳмадзода аз соҳибкорони турк даъват кардаааст, ки бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварда, бо вазъи соҳа бевосита шинос гарданд. Зеро доираҳои тиҷоратии ду тараф бо ҷалби сармоя ва воридсозии технолгияи муосир метавонанд дар ин ҷода ба дастовардҳо ноил гарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ