Аҳолии Суғд зиёд мешаваду фавт кам
Мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилояти Суғд фавти сокинон кам шудааст.
Ҳокимбек Накҳатзода, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба Pressa.tj хабар дод, ки дар соли 2023 8 ҳазору 195 ҳолати фавти сокинон ба қайд гирифта шудаанд. Ин омор нисбат ба ҳамин давраи солке қабл 110 ҳолат кам мебошад.
Гуфта мешавад, аз шумораи умумии ҳолатҳои фавт дар миқёси вилоят 573 ҳолати фавти кӯдакони то синни 1 — сола низ ба қайд гирифта шудаанд. Ин рақам низ дар муқоиса ба ҳамин давраи соле пеш 1,6 фоиз кам аст.
Ҳоло шумораи умумии сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар умум 2 миллиону 902 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.
Аз ин 821,3 ҳазор нафар синну соли аз 14 то 30 – сола, яъне ҷавонон буда, 1 миллиону 706,4 нафар ашхоси қобили меҳнат мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ