Аҳолии Тоҷикистон аз 10 миллион гузашт
То 1-уми июли соли равон теъдоди аҳолии Тоҷикистон бо назардошти сабти таваллудшудагон, фавтидагон ва муҳоҷират 10 млн 163,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, ин теъдод ба андозаи 1,9% ё худ 195 ҳазор нафар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.
Теъдоди аҳолӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон то оғози нимсолаи аввали соли равон чунин аст:
— вилояти Хатлон — 3 млн 649,3 ҳазор нафар;
— вилояти Суғд — 2 млн 889,4 ҳазор нафар;
— ноҳияҳои тобеи марказ — 2 млн 163,6 ҳазор нафар;
— шаҳри Душанбе — 1 млн 228,4 ҳазор нафар;
— ВМКБ — 232,7 ҳазор нафар.
Вазни қиёсии пойтахт дар шумори умумии аҳолии кишвар то 1-уми июли соли 2023 аз 9,3% то 12,1% афзуда, ҳиссаи ҳамаи чор минтақа, баръакс, коҳиш ёфт. Афзоиши миёнаи солонаи аҳолӣ дар Тоҷикистон тайи даҳсолаи ахир ҳудуди 2,4%-ро ташкил дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки аҳолии сайёра дар ҳамин давра ба ҳисоби миёна дар маҷмуъ 1,5% зиёд шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ