Аҳолии Тоҷикистон, минус 2000?

Имрӯз дар толори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти нимсолаи анъанавӣ барои рузноманигорон баргузор гардид ,ки дар он Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён аз фаъолияти ин сохтор ҳисоботи кӯтоҳ дод.Ӯ гуфт,ки дар ин муддат дар кишвар 43 ҳазору 693 нафар фавтиданд,ки назар ба соли гузашта қариб 8 ҳазор бештар аст, сатҳи таваллуд бошад, нисбат ба соли гузашта тақрибан 6 ҳазор нафар бештар гардидааст (239 946, соли гузашта 233 323 ҳазор нафар). Аз чунин арқом пас аз ҳисобҳо ба хулосае омадан мумкин аст,ки дар маҷмӯъ аҳолии кишвар тақрибан 2000 нафар кам шудааст. Иттилоъ дода шуд,ки дар давоми як сол агар 67 104 никоҳ шуда бошад, 10 536 никоҳи дигар бекор гардидаааст. Вобаста ба ҳамин масъала, дар нишаст ба саволи хабарнигори pressa.tj оид ба он,ки дар кадом минтақаи кишвар бештар барҳамхурии никоҳ ба чашм мерасад, маълум гардид,ки чунин падида бештар дар вилояти Суғд паҳн шуда будааст. Дар нишаст вазир ва муовинони ӯ ба саволҳои дигари хабарнигорон ҷавоб гуфтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *