Аҳамияти топинамбур дар китоби нави олимони тоҷик

 

Олимони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Партоев Қ., Ясинов Ш.М., Сайдалиев Н.Х. ба муносибати 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби навро таҳти унвони «Аҳамияти топинамбур дар таъмини озӯқаворӣ ва сӯзишворӣ дар Тоҷикистон» ба табъ расониданд.

Китоб аз 167 саҳифа иборат буда, дар он маълумотҳои нави илмии олимони тоҷик оид ба аҳамияти зироати топинамбур, ки таи солҳои охир дар шароити Тоҷикистон гирд оварда шудаанд, дар 51 расм, 27 нақша ва 25 ҷадвал нишон дода шудааст.

Шервони Умриддин, сухангӯи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки китоби мазкур бори аввал бо забони давлатӣ  бо шеваи осону оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Муаллифони китоб оид ба растании нодиру серҳосил, ки нақши он дар таъмини озӯқаворӣ ва сӯзишворӣ дар Тоҷикистон дар оянда ниҳоят калон хоҳад гашт – топинамбур (ноки заминӣ – Helianthus tuberosus l.) маълумотҳои заруриро ба хонандагон пешкаш намудаанд. Дар китоб маълумотҳои зарурӣ доир ба таърихи пайдоиши зироати топинамбур, тавсифи морфологии он, омилҳои асосии сабзиши он, талаботи ин зироат ба нуриҳои маъданӣ ва органикӣ, инчунин роҳҳои ба даст овардани ҳосили баланд, коркард ва истифодабарии маҳсулот аз топинамбур, ҳамчун маводҳои озӯқаворӣ, сӯзишворӣ, хӯроки чорво, табобатӣ ва тозаи экологӣ тавсияҳои илмиро ба деҳқонон ва ин растании фоиданок пешкаш намудаанд.

Муаллифони китоб инчунин чандин намуди ѓизоҳо ва хӯрокиҳоро, ки аз топинамбур тайёр карда мешаванд, дар китоб нишон додаанд. Махсусан, маълумот дар китоб гирдовардашуда, ки доир ба табобати касалиҳои қанд, қалб, меъда ва дигар узвҳои инсон, бо истифодабарии лӯндаҳои ин растании табобатӣ нишон дода шудааст, хело муфид мебошанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *