А, Б, Т, талаба, пула те!

Мактабу маорифро сутуни миллату давлат маънидод мекунанд. Ба хотири он, ки сутуни миллат ҳамеша побарҷову мустаҳкам бошад, аз ин рӯ мебояд ба мактабу маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард.

Аз таҷрибаи кишварҳои ҷаҳонӣ он чиз бараъло намудор мегардад, ки ҳама гуна рушду пешрафт дар заминаи такя ба донишу маърифати баланд ба даст омадааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ низоми маорифро самти афзалиятнок эълон карда, ҷиҳати рушду инкишофи он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Пас, чаро дар баробари ин ҳама ғамхориҳои Сарвари давлат нисбат ба мактабу маориф, имрӯз сатҳи донишу хониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиву олӣ ҷавобгӯи талабот нест?

Агар қаблан омӯзгорон нимшӯхиву нимҷиддӣ мегуфтанд, ки “А, Б, Т — маориф пула те”, имрӯз формулаи мазкур дигаргун гаштааст: “А, Б, Т — талаба пула те!”. Чӣ ҷойи пинҳон кардан, ки имрӯз дар баъзе аз макотиби оливу муассисаҳои таълимӣ, бахусус пойтахт, толибилмон мушкилосонкуни омӯзгоронанд. Аз рӯзи аввали соли хониш, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ашёву таъмиру иҷрои дигар корҳо аз хонандагон пул талаб мекунанд. Ин сухану хулосаи ман нест, балки кулли волидайн хуб медонанд, ки бидуни маблағ хонанда дар мактаб ҳеҷ аст.

Ростӣ, ки дигаронро намедонам, аммо камина барои муаллими беҳтарину соҳибмаърифат чизеро дареғ намедорам. Бале, подоши ранҷу заҳматаш медиҳам, ба хотири он, ки фарзанду набераамро соҳибилму соҳибкасб гардонидааст. Омӯзгори соҳибдонишу кордону мунису ғамхори шогирдон, ба қавле хуни дил мехӯрад, то шогирдаш соҳибдониш гардад. Аммо ду-се нафар аз омӯзгороне, ки бо ҳар гуна амалҳои талбандагӣ миёни волидайну шогирдон ва ҳамкорон обрӯву ҳайсияти худро аз даст додаанд, дер намепоянд, гузашти вақт ва навоварӣ дар соҳаи таълиму тарбия эшонро водор мекунад, то тарки пеша намоянд. Аз будани чунин доғҳо, набуданашон беҳтар аст.

Маблағгузорӣ ба соҳаи маориф зиёд, аммо

Тавре аз омори расмӣ бармеояд, Ҳукумати кишвар ҳамасола маблағгузориро аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷиҳати рушди илму маориф афзоиш дода истодааст. Чунончи, соли 2022 ба соҳаи маориф 6 млрд 304 млн сомонӣ ҷудо гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 706 млн сомонӣ ё ин ки 11,3% зиёд буда, 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар соҳаи маориф 4 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 1 млрд сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар 31 соли соҳибистиқлолӣ, шумораи муассисаҳои таълимӣ аз 4310 адади соли 1991 имрӯз ба 4780 адад расидааст. Дар ин давра 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Зимнисуханронӣ дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки соли ҷорӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои барномаҳои давлатии соҳа, хусусан, дар самти таҳсилоти томактабӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз, инчунин рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, аввалин маротиба ба таври мутамарказ 32 млн сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Аммо дар посух ба чунин ғамхориҳои Пешвои миллат, маорифчиёни кишвар, бахусус масъулини Вазорати маориф ва илму устодону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, чӣ тадбиру чораҳои судманд андешидаанд ва хоҳанд андешид?

… Дониш ҷавобгӯи талабот нест

Агар вазъи соҳаи таълиму тарбияро дар кишвар бо як ҷумла ифода намоем, пас он номуътадил аст, ҷавобгӯи ғамхориҳои Сарвари давлат нест. Дар баробари сатҳи пасти маърифатнокӣ борҳо ниҳодҳои дахлдор таъкид кардаанд, ки дар соҳаи таълиму тарбия бештар фасоди молиявӣ ба назар мерасад. Ҳарчанд атрофи бебандубориҳои соҳаи таълим мегӯянду менависанд, аммо вазъ бадтар асту беҳтар не.

Дар муқоиса бо баъзе аз муассисаҳои таълимии замонавии пойтахт, мактабҳои деҳот, ки ҳарчанд фарсудаву шароити хуби таълим надоранд, аммо як низоми хосаеро соҳибанд. Аввалтар аз ҳама, хонандагон нисбат ба устодон як эҳтироми хосае доранд. Маҳз дар заминаи эҳтироми ҳамдигар, сатҳи таълим низ хуб ба роҳ монда шудааст. Чизи дигар он аст, ки омӯзгорони макотиби деҳот аз хонандагон пул талаб намекунанд. Ва чизи аз ҳама муҳим: аксар аз муаллимон насли калонсолу соҳибдонишу соҳибмаърифатанд ва метавон гуфт, як мактаби бузурги зиндагианд.

Теъоди аъзами волидайни хонандагон дар пойтахт аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки бо фаро расидани соли нави хониш мушкилоти онҳо даҳчанд афзун мегардад. Аксари онҳо бар ин назаранд, ки пулталабнамоии теъдоде аз омӯзгорон гӯё ба ҳукми анъана даромадааст. Аксар аз пешниҳоди “чек”-и харидории либоси мактабӣ аз ҷойи муқарраршуда (!!!) нороҳатанд. Дар посух ба волидайн, сарварони макотиб бо як тундгӯӣ изҳор медоранд, ки “Амр аз болост”! “Боло”, яъне Вазорати маориф ва илм?! Чунин “амрпароканиҳо” амсоли секунҷаи тезкунҷаест, ки ҳар сӯе тоб нахӯрад, ба тану бадани омӯзгорону хонандагону волидайни онҳо бармехӯрад: Вазорати маориф ва илм аз сарварони муассисаҳои таълимӣ талаб мекунад, директорон бошанд, аз омӯзгорон ва омӯзгорон аз хонандагону волидайни онҳо. Аммо дар посух ба чунин амрҳои шифоҳии манфиатовар барои теъдоде, масъулини даргоҳи илму таълим чунин ибрози назар мекунанд: “Ҳама гуна маблағталабнамоии омӯзгорону “чек”-ҷоринамоиҳо ғайриқонунист”. Ана, ёбу гир!

Маблағгузории сарикасӣ

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2010 дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (ба ғайр аз мактабҳои махсус ва мактаб-интернатҳо) бо усули маблағгузории сарикасӣ роҳандозӣ гаштааст. Дар шарҳи ислоҳоти мазкур гуфта мешавад, ки “Ҳадафи асосӣ — таъмин намудани тақсимоти боадолатона ва шаффофи маблағҳои буҷети давлатӣ дар байни муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани  самаранокии истифодаи онҳо мебошад. Яъне, агар қаблан маблағгузории муассисаҳои таълимии умумию асосӣ ва ибтидоӣ бо усули мутамарказ, яъне тавассути шуъбаҳои маориф сурат мегирифт, акнун дар пайи ислоҳоти воридгашта муассисаҳои таълимӣ пурра мустақилияти молиявиро соҳиб гаштанд”.

Агар масъаларо рӯшантар шарҳу тавзеҳ диҳем, муассисаҳои таълимӣ соҳиби муҳосибони худ мебошанд, ки ҳисобу китоби маблағҳои дар асоси сметаи ягонаи даромад ва хароҷотро, ки мутобиқи гуруҳбандии буҷетӣ тартиб дода шудаву шуъбаи маориф онро тасдиқ  кардааст, дар мувофиқа бо раёсати молияи шаҳру навоҳӣ пешниҳоди хазинадорӣ мегардонанд. Дар маҷмуъ, муассисаҳои таълимӣ соҳиби буҷети алоҳидаанд, ки тамоми сарфу хароҷоти мактаб бар дӯши онҳост. Тибқи “Дастурамал оид ба маблағгузории сарикасӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ”, сарварони макотиб муваззафанд, то ҳар семоҳа на дертар аз санаи 15-ум ба Ассотсиатсияи волидайн ва омӯзгорон оид ба иҷрои буҷет ҳисобот пешниҳод намоянд. Магар касе чунин ҳисоботро аз забони сарвари мактабе шунидааст? Асло не!

Афсӯс, ки волидайн бо чунин ислоҳоти ҷоригашта хуб ошно нестанд, бинобар ин ҳам, дар мавриди пули таъмири мактабу ашёпулӣ хомӯшона, бо ду дасти адаб талаботи мактабдоронро қонеъ месозанд.

Норасоии омӯзгорон

Сарвари давлат зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки имрӯз дар муассисаҳои таълимии кишвар норасоии омӯзгорон 3406 нафарро ташкил медиҳад.

Воқеан ҳам, норасоии кадрҳои педагогӣ мушкили рақами 1 гаштааст, ки касе имкону тавони садди роҳи он гаштанро надорад. Бинобар музди меҳнати паст ва дарсҳои кам, омӯзгорон водор мешаванд тарки пеша карда, муҳоҷирати меҳнатӣ ихтиёр намоянд. Ҳарчанд ҳамасола қариб то 16 ҳазор нафар ихтисоси омӯзгориро аз худ мекунанд, аммо бо ҳар васила дипломи хатм ба даст гирифта, пешаи дигарро интихоб мекунанд. Ҳатто теъдоде муаллим буданро барои худ ор медонанд.

Сарвари давлат пайваста аз масъулин талаб мекунанд, то шароити хубтару беҳтарро барои пешбурди рӯзгору маишати омӯзгорони ҷавон роҳандозӣ карда, онҳоро дилгарми касби худ гардонанд. Аммо афсӯс, ки рӯзҳову моҳҳои аввал чунин ғамхориҳо дар ҳақи кадрҳои ҷавони педагогӣ амалӣ мешаваду баъдан муаллими ҷавон мубаддал ба асбоби аёнӣ мегардад.

Дастандаркорони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз мақсади асосӣ ва дарозмуҳлати Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 хуб огаҳанд, ки он “ҷиҳати бунёди низоми самараноки маориф роҳандозӣ гашта, имконияти фарогир ва баробарро барои инкишофи қобилият, рушди зеҳнӣ, таъмини шуғл ва беҳтар намудани некӯаҳволии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё хоҳад сохт”. Аммо чаро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани муқаррароти Стратегияи мазкур иқдому пешдастие нишон намедиҳанд? Ё вазири тозатаъйини Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро, ки аксар мегӯянд навовар асту кордону уҳдабаро, ба соҳаи таълиму тарбия ислоҳот ворид месозад?

Мо ҳам ҷонибдори ислоҳот!

Муҳиддин ИДИЗОДА, махсус барои “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *