Ҳақ ба ҳақдор не, ба пулдор мерасад?

Чӣ маҷбур кардааст, ки 11 нафар марду зан дар чунин ҳавои гарм ба қавли мардуми таҳҷоӣ “хонахез” 250 километр роҳро тай карда, ба пойтахт омадаанд?

додхоҳии 11 нафар аз “Тоҷикистон”

…Он рӯз ҳавои Душанбе 43 дараҷа гарм буд. Онҳое, ки ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” омада буданд, аксаран занону мардони калонсол буданду  шояд чунин гармиро бори аввал медиданд. Охир онҳо дар кӯҳистон ба дунё омада, зиндагӣ мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ ҳарорат ба 40 дараҷаи болои  сифр  намерасад. Зеро зодгоҳашон  Артуч яке аз баландтарин деҳаҳо дар водии Зарафшон аст. Чӣ маҷбур кардааст, ки 11 нафар марду зан дар чунин ҳавои гарм  ба қавли мардуми таҳҷоӣ “хонахез” 250 километр роҳро тай карда, ба пойтахт омадаанд?

-Беадолатӣ ва бетаваҷҷуҳӣ нисбати фоҷиаи ба сари авлодони мо омада…,-мегӯяд арақи пешониашро бо  гӯшаи рӯймолаш  пок кардаистода Давлатмоҳ Юсупова,  ки гоҳ -гоҳе  ба ҳавосардкунаки болои сараш чашм дӯхта, барои чунин “меҳрубонӣ” гӯё ба ӯ миннатдорӣ мекард…

ЯК ҚАДАМ БА ҚАФО

Хонандагони ҳафтанома аз расонаҳои мо, аз ҷумла сомонаи “Оilа.tj”ва  ҳафтаномаи “Оила” оид ба фоҷиае,ки дар ҳамсоядеҳаи Артуч-Мадовра рух дода буд, огоҳӣ доранд.  Он ҷо сухан дар мавриди “худкуши”-и  арӯсе,ки ҳамагӣ шаш моҳ оиладорӣ кардааст, мерафт. Аммо гуфта мешуд, ақрабои Наргис Юлдошева-келинчаки фавтида ба ин хулоса розӣ нестанд ва даъвои онро доранд, ки Наргисро хушдоманаш Гулбарг ва хошҳарарӯсаш Сайёра аввал кушта,  баъд  ба дор овехтаанд. Ҳоло хушдомани Наргис дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, аммо Сайёра ба қавли аммаи Наргис дар озодӣ  “ҷавлон карда гаштааст”…

-Чӣ гуна беадолатӣ, дар ҳоле ки ҳанӯз тафтишот ба поён нарасидааст? мепурсем аз онҳо.

-Кадом тафтишот? Худамон ба чор тараф давидему яке аз гунаҳкоронро ба ҳабс гирифтанд. Аммо ин дарди бахайр, боз ин оилаи одамкушон хостанд духтари дуюмамонро ҳам кушанд…,-гуфт амаки Наргис- Ахмедов.Ин суханон сабабгори он шуданд, ки ба суҳбати эшон таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунем.

Давлатмоҳ, зани амаки Наргис, хушдомани Сайёра:

-Имрӯз мо бе ҳимоя мондаем ва аз ҳамин хотир, ин ҷо омадем. Сайёра (ҳамноми Сайёрае, ки ӯро низ ба куштори Наргис гунаҳкор мекунанд. А. А.)  келини ман ва апаи Наргис аст. Ӯро ҳам хостанд баъд аз хоҳараш кушанд.  Рӯзи ҳодиса ман дар дари бинои суди шаҳри Панҷакент будам, ки ба телефон хабар доданду гуфтанд, ки  келинатро заданду беҳуш кардаанд. Аз шаҳр то деҳаи мо 50 километр зиёдтар масофа аст. Зуд ба писарам занг зада, асли воқеаро пурсон шудам. Писарам Мирзоумед гуфт, ки  вақте ки  ба ҷои моҷаро расидам, Шералиева Насиба , духтари холаи хушдомани Наргис бо духтараш Гадоева гулӯи Сайёраро  фишор дода истода буд, вақте ман онҳоро ҷудо карданӣ шудам, ӯ бо чӯби дасташ  як таёқ ба сараш заду хун аз пешониаш ҷорӣ шуд…

Баъд аз ин гуфтаҳои писарам, ман ба беморхона омадам, ки Сайёраро ба он ҷо оварда буданд. Пас аз гузаронидани  сӯзандору ӯ ба ҳуш омад.

Вақти хархаша бо келинам Сайёра,  Муҳаммад, додари Гулбарг (хушдомани Наргис)  мегӯяд, ки “Ҳақ ба ҳақдор намерасад, ҳақ ба пулдор мерасад”.

Касе шоҳиди  латукӯби келинатон будааст?

-Тағояш, амакаш, писари худам ва духтари 7-солаи худаш, ки ҳамроҳаш будааст, шоҳид ҳастанд. Вақте духтараш ин манзараро мебинад, давида ба хона омада, хабар медиҳад, ки тезтар биёед, ки модарамро мекушанд. Баъдан, писари калонам, пеш аз ҳама, ба ҷои ҳодиса ҳозир шудааст, ки аллакай сари хоҳараш  хуншор буду ӯ беҳуш.

Модари Наргис:

-Рӯзи маъракаи чил духтарам Сайёра  язнаашро гусел карданӣ меравад. Дар ҳамин вақт онҳо аз заминашон, ки дар болои ҳавлии мо аст, бо хар алаф гирифта мефароянду  дар поён даҳон ба даҳон баландравӣ мекунанд. Насиба, духтари  холаи Сайёра дар кӯча духтарамро таъна дода мегӯяд, ки холаву ҷияни ман, яъне Сайёра ва Гулбарг, дар озодӣ мегарданду вой ҷони шумо, чизе аз дастатон намеояд.  Ба ин дилаш ором  нашуда, зери мушту лагад мегирад. Муддати ҳашт рӯз мешавад, ки духтарам  дар беморхона бистарӣ асту касе ба суроғамон намеояд. Наргисро куштанд, боз хостанд Сайёраро низ ба қатл расонанд…

Духтарам Наргис духтари беозор буд, аз зиндагӣ бохабар буд, худотарс буд. Рӯзи ҳодиса аз сӯзиши дил дар дастам санг гирифта шиштам, ки хушдоманаш барояд, як санг мезанам, вале ӯро пинҳон карданд.

ҚАДАМИ ДИГАР БА ҚАФО

29 –уми июн қабри Наргисро барои ташхиси дубора боз карданд. Бародари Наргис –Муҳаммаддод  мегӯяд: “Вақте аз қабр баровардем, ду духтур аз Душанбе иштирок карданд.  Гуфтанд, ки ҳатто ду дандонаш шикастагӣ  буд, қабурғааш низ шикаста буд. Лекин дар натиҷаи  ташхис ягонтои он сабт нагардид.  Апаи ман ҳеҷ гоҳ ба худкушӣ  даст намезад.  Вақте ба қабристон рафтем, ман, амакам, тағоям, ду духтур,  муфаттиш якҷоя будем. Пеш аз кандани қабр гуфтам, ки агар адолат бошаду аз рӯи виҷдон кор кунед, баъд иҷозат медиҳам, ки қабрро канед. Майлаш гуфтанд. Вақте маитро аз гӯр баровардем, тарафи ангушти чапаш сиёҳ гашта буд, гуфтам дидед, ҳа гуфтанд. Баъд дандонҳои шикастаашро пурсидам, гуфтам дидед, ҳа гуфтанд, лекин дар ташхиси судӣ-тиббие, ки дар Хуҷанд гузарониданд, ин набуд. Се қабурғаи чап низ шикастагӣ буд. Ҳамаашро диданд, дар назди мо тасдиқ карданд, вале дар натиҷаи ташхис оварда нашудааст”

Ёрмаҳмад, писарамаки Наргис:

-Мо дар кишваре зиндагӣ мекунем, ки қонун дорад. Бояд ҳар нафаре, ки гуноҳ мекунад, ҷазояшро бинад. Муддати  панҷоҳ рӯз аст, ки Наргисро куштанд. Ҳоло Сайёраи апаашро кӯфтанду нимкушта карданд. Аммо касе барои ин то ҳол ҷавоб нагуфтааст. Ба ин ҳодиса ҷиддӣ эътибор надода истодаанд. Бояд сохторҳо аз рӯи адолат, аз рӯи виҷдон амал кунанд. Назди қонун ҳама бояд баробар бошанд. Мақсади ташрифи мо ба  ин даргоҳ ҳамин аст. Мо пайвандони мақтул хуб тоқат кардем, гапи прокурорро гӯш кардем, гапи милисаю дигарашро гӯш кардем ва дар пеши худ мақсад гузоштем, ки дар ҷавоби ин ҳама бедодгариҳо ҷуз сабр дигар коре накунем. Имрӯз боз як нафари моро қариб кушта буданд ва боз бо забони ҳол мегӯянд, ки “Ҳақталошӣ накунед, ҳақ ба ҳақдор не, ҳақ ба пулдор мерасад…” ,  Мехоҳем ягон одами мефаҳмидагӣ, манзурам роҳбарон, сарварон, мақомоти давлатӣ фаҳманду ба қазияи мо расидагӣ кунанд, то боз ягон фоҷиаи навбатӣ рух надиҳад…

ЯК ҚАДАМ БА ПЕШ

Ин аст тафсилоти сафари дастаҷамъона ва ҳадафи гурӯҳе, ки аз Артучи Панҷакент  ба назди мо омад. Воқеан, магар мурдае, ки  худро овехтааст (бо қади 1 метру 70 сантиметра ба оғили баландиаш 1 метру 50 сантиметра), қабурғаҳояшро шикаста метавонад ё дандони худро  бо санг шикастааст? Чаро сохторҳое,ки ин ташхистро гузарониданд, ошкорро, дар назди хешу ақрабои марҳума ин чизро шарҳ намедиҳанд? Чаро  зиндагии сангини то замони марг ба сарбурдаи  ин арӯси шашмоҳаро дар оилаи ӯ мавриди таҳқиқ қарор намедиҳанд? Агар шарҳ дода метавонанд, пас чаро ин корро намекунанд, ки то дили ғамзадаи наздикони Наргис осуда гардаду онҳо дар ба дар дар ҷустуҷӯи адолат нагарданд? Ва дар охир, чаро моҷарои байни Сайёра ва холадухтари хушдомани ӯ тафтиш намешавад? Ё воқеан ба гуфти наздикони Гулбарг “Ҳақ ба ҳақдор нею ба пулдо мерасад?”. Барои рад намудани  ин иддаҳо ҳафтаномаи “Тоҷикистон” омода аст шарҳи масъулонро дар ин маврид ба нашр расонад.

А. АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *