Ҳаққи дахлнопазирии перзидентҳои пешинро бекор кардан мехоҳанд
Ҳуқуқшинос ва фаъоли маданӣ Нурбек Токтакунов аз Палатаи конститутсионии Қирғизистон хостааст, президентҳои пешини ин кишварро аз ҳаққи дахлнопазирӣ маҳрум кунад. Ба гуфтаи ӯ, банди қонун «Дар бораи кафолати фаъолияти президенти Қирғизистон», ки ба президентҳои пешин ҳаққи дахлнопазирӣ медиҳад, зиддиконститутсионист.
Токтакунов дар Фейсбук навиштааст, банди мазкур президенти пешини Қирғизистонро аз ҷавобгарӣ барои амалҳое, ки дар давраи президентияш анҷом додааст ва ё ҳоло анҷом медиҳад, озод хоҳад кард ва ин ба гуфтаи ӯ, хеле хатарнок аст.
«Ин гуна дахлнопазирӣ нирӯи президенти пешинро дар баробари рақибони сиёсияш дучанд хоҳад кард. Рақибонашро мешавад, пушти панҷара кард, вале ӯро не. Ҳатто президенти кунуниро бо изҳори нобоварӣ метавон ба ҷавобгарӣ кашид, вале ба президенти пешин ҳатто наметавон даст расонд. Бинобар ин, ман аз додгоҳ дархост кардам, ки онро бекор кунад», — афзуд Токтакунов.
Бар пояи банди 12-и қонун «Дар бораи кафолати фаъолияти президенти Қирғизистон», президентҳои пешини ин кишвар аз ҳаққи дахлнопазирӣ бархурдоранд. Онҳо барои амалҳояшон бозпурсӣ, боздошт, ҳабс ё ба ҷавобгарии ҷиноӣ ва маъмурӣ кашида нахоҳанд шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ