Ҳаҷи порахӯр, майзада қабул мешавад?
Ҳамасола дар қатори дигар мусалмонони ҷаҳон ҳазорон нафар сокинони Тоҷикистони азизи мо низ ба зиёрати Каъба мераванд. Албатта тавофи хонаи Худо орзуи ҳар як бандаи муъмин аст, вале барои ба ин ҷойи муқаддас қадам ниҳодан, инсон бояд қаблан худро омода сохта, аз шартҳои ҳаҷ кардану ҳоҷӣ шудан огоҳӣ пайдо намояд.
Барои ба ин ва дигар саволҳои марбут ба ҳаҷ ҷавоб гирифтан, мо бо яке аз донандагони нозукиҳои дини мубини ислом, устоди Донишгоҳи исломии Тоҷикистон Ҷамолиддин Хомӯшӣ ҳамсуҳбат гаштем.
-Ба номи Худованди меҳрубон ва бахшоянда! Сароғоз мегуфтед, ки Каъба аз ҷониби кӣ бино ёфтааст ва чаро онро «Хонаи Худо» мегӯянд?
-Ҳанӯз дар замони Одам (а) бинои хонаи Каъба вуҷуд дошт, аммо баъдтар ҳазрати Иброҳим (а) бо ёрии писарашон онро сохт. Дар ин бора чандин қиссаҳои қуръонӣ вуҷуд доранд. Дар китоби “Ҳаҷ”-и Абдурашиди Боқизода низ омадааст, ки гузошта шудани бинои аввалин хонаи тавҳид ва нахустин пойдевори ибодатгоҳи илоҳӣ барои мардум бо дасти бузургтарин мунодии тавҳид ва паёмбари соҳибъазм, ҳазрати Иброҳим (ъ) аз тақозои ҳикмати расо ва хости Худованд буд. Ин буд, ки ҳазрати Иброҳим (ъ)-ро бо бахше аз хонаводааш, яъне ҳамсараш Ҳоҷар ва фарзанди дӯстдоштааш Исмоил ба он водии мақсуд равона сохт. Иброҳим (ъ) аз Фаластин ба сарзамини беобу гиёҳи Макка омад ва ҳамсару фарзандашро дар канори ҳарами Худо гузошт.
Дар мавриди ин кӯчиши нимае аз хонаводаи Иброҳим (ъ) ба Каъба ва ба дасти Иброҳим (ъ) ва Исмоил (ъ) поярезӣ шудани ҳаҷҷи иброҳимӣ дар ду манбаъ ишора шудааст. Аз ҷумла дар ояти 37-уми Қуръон аз забони худи Иброҳим (ъ) сукунат додани ниме аз хонаводаашро дар биёбони беобу гиёҳи Макка чунин баён мекунад: «Парвардигоро! Ман яке аз фарзандонамро дар ин сарзамини хушк ва беҳосил дар канори хонае, ки ҳарами Ту аст, сукунат додам, то намозро барпо доранд. Пас дилҳои тоифае аз мардумони (гирду атроф)-ро ба сӯи онҳо моил гардон ва аз меваҳои (гуногун) онҳоро рӯзӣ бидеҳ, бошад, ки шукри Туро ба ҷой оваранд».
Дар каъба инсон фақат ибодат карда бо Худованд роз мегӯяд, аз ҳамин хотир онро “Хонаи худо” мегӯянд.
-Баъзеҳо зиёрати Ҳаҷ карданро ибодат меноманд. Ин гап то куҷо асос дорад?
—Ибодатҳои дини мусалмонӣ се навъ мешаванд: баданӣ, молӣ ва баданию молӣ мешаванд. Ҳаҷ аз ҷумлаи ибодатҳои баданию молӣ аст.
—Маънои калимаи ҳаҷ чист?
-Ҳаҷ дар луғат ба маънои қасд кардан, оҳанги коре намудан омадааст. Дар истилоҳи шариати ислом ҳаҷ иборат аст аз қасд ва ҳаракат кардани мусалмони тавонманд ба сӯи хонаи Худо дар вақти муайян барои анҷом додани амалҳои махсус.
-Ҳаҷи умра аз ҳаҷи фарзӣ чӣ фарқ дорад?
— Ҳаҷ ду нав мешавад: акбар ва асғар. Ҳаҷи акбар- ҳаҷи фарзӣ аст, ҳаҷи асғар бошад, ҳаҷи умра. Тавре ки пештар ишора кардем, ҳаҷи фарзӣ вақтҳои махсус дорад. Ба ҳаҷи фарзӣ, ки онро ҳаҷҷи акбар ҳам мегӯянд, танҳо дар моҳҳои Шаввол, Зулқаъда ва Зулҳиҷҷа рафтан мумкин аст. Муҳлати Ҳаҷи Акбар ҳамагӣ 70 мебошад. Ҳаҷҷи умра маънои тамоми умрро дорад ва фарди мусалмон кадом вақте ки хоҳад, метавонад онро ба ҷо биёрад.
—Аслан, ҳаҷ кардан фарз аст ё суннат? Инсон чанд маротиба бояд хонаи Худоро зиёрат намояд?
-Барои шахси мусалмон ҳаҷ дар тамоми умраш як маротиба фарз аст.
—Ҳар кас метавонад ба зиёрати каъба равад ё ҳаҷ кардан шартҳои худро дорад?
-Тавофи Каъба агарчи фарз аст, вале на ҳар шахс қудрати ҳаҷ кардану ҳоҷӣ шуданро дорад, чунки ҳаҷ шарт ва талаботҳои хоси худро дорад. Касе, ки азми ба зиёрати хонаи Худо рафтан мекунад, бояд шахси озод, оқил, болиғ, тандуруст ва доро бошад.
—Магар одами бечораву камбағал ба зиёрат кардани хонаи Худо ҳақ надорад?
—Мақсад аз доро гуфтан он аст, ки шахси ҳаҷкунанда тавони пардохти хароҷоти сафарро дошта бошад ва то баргаштанаш аҳли хонаводааш бе ризқу рӯзӣ ва гурусна намонанд. Одаме, ки нияти ба зиёрати каъба рафтан дорад, бояд дар баробари маблағи сафар хӯрду хӯроки аҳлу аёли худ, яъне зану фарзандонашро захира намояд, ки то баргаштани ӯ азоб накашанд. Бубинед, Худованд то куҷо меҳрубон аст, ки ғами аҳли хонаводаи моро бештар аз худи мо мехӯрад!
—Фарз кардем, ки шахс қудрати молӣ дорад ва ба зиёрати Қаъба рафт. Дар он ҷо бояд кадом шартҳоро риоя намояд?
-Ҳаҷ дорои се фарз мебошад: иҳром бастан, куҳи Арафа ва тавоф-зиёрати Каъба.
Иҳром бастан, ки дар намоз онро таҳрима мегӯянд, ҳамаи амалҳои ғайри ҳаҷиро барои шахси ҳаҷкунанда ҳаром мегардонад. Мардҳо ду порчаи сафедро бар худ мепечонанд, вале занҳо бо либоси маъмулии худ ҳаҷро анҷом медиҳад. Онҳо либоси хоса ё ранги хоса надоранд.
Дуюм: Куҳи Арафа
Ба куҳи арафа рафтан, вуқуф кардан ва истодан аз ҷумлаи фарзҳои ҳаҷ мебошад.
Сеюм: Тавоф-зиёрат
Худи тавоф печ хӯрдан, гардиш кардан дар атрофи хона аст, илова бар ин, мавзеъҳое ҳастанд, ки инсон бояд аз он мавзеъҳо барои анҷом додани ҳаҷ иҳром бубандад. Аз он ҷойҳо бояд бе эҳром нагузаранд.
-Кас надониста аз он мавзеъҳо бе иҳром гузарад-чӣ?
-Ин ҷиноят ҳисоб мешавад ва чунин ҷиноятҳо ҷаримаҳои хоси худро доранд.
-Он мавзеъҳоро номбар карда метавонед, то касоне, ки нияти ҳаҷ кардан доранд, пешакӣ огоҳ бошанд?
-Якум мавзеъҳое, ки иҳром мебанданд, зулул Ҳурайфа ном дорад. Дуюмаш Зутулиқ, сеюм Ҷоҳфа, чорум Қаранг, панҷум Аламлам аст. Дар шароити феълӣ ҳамаи ин мавзуъҳо бо нишонаҳои махсус ишора шудаанд. Албатта номи бархе аз он мавзуъҳо тағйир ёфтааст, аммо аз рӯйи ишораҳо мавзеи иҳромӣ буданашонро фаҳмидан мумкин аст. Ҳар шахсе, ки ният ҳаҷ дорад, хоҳ ҳаҷи умра бошад ва хоҳ фарзӣ бояд аз ин мавзеъҳо бо иҳром гузар намояд. Шахсе, ки нияти ҳаҷ кардан дорад, ҳатто метавонад аз майдони ҳавоӣ иҳром баста парвоз кунад.
—Барои ба зиёрати хонаи Худо рафтан албатта шахс бояд худро пешакӣ тайёр намояд. Дар боби омодагӣ ба сафари ҳаҷ чанд сухан мегуфтед?
—Бузурге хуб фармудааст, ки:
Худро пок созу баъд аз он ҷониби Макка қадам неҳ,
Лоиқи даргоҳи ҳақ шав, баъд аз он по бар ҳарам неҳ
Пеш аз он ки инсон нияти ҳаҷ мекунад, бояд худро аз тамоми олудагиҳо пок бисозад. Одами нияти ҳаҷ дошта бояд бештар бо ибодат машғул шуда аз Худованд талаб намояд, ки сафари ӯро бехабар гузаронад ва роҳашро ба сӯйи даргоҳи худ кушода созад. Мабодо шахси нияти ҳаҷ дошта бо касе ногап ё қаҳрӣ бошад, ҳатман бояд бахшиш пурсида бо он шахс оштӣ кунад. Байни ӯ ва пайвандонаш, агар қаблан ягон гапу кори ноҷо гузашта бошад, пиҳилӣ бихоҳад, зеро ҳақ кас намедонад, ки Худованд ба ӯ чӣ қадар умр дорад ва паймонаи зиндагиаш дар куҷо поён меёбад…
(Давом дорад)
Р/S. Дар шумораи навбтии ҳафтаномаи «Оила» идомаи суҳбат ба табъ расид. Шумо метавонем, аз нуқтаҳои рӯзномафурӯшӣ дастрас намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ