Ҷаҳиши қурби доллар ва нигаронии мизоҷон
Шурӯъ аз ибтидои моҳи март қурби доллар нистбат ба сомонӣ ба таври бесобиқа рӯ ба болоравӣ дорад.
Имрӯз, 20 март Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии асъори хориҷиро чунин муайян кардааст: 1 доллар = 8.1361 сомонӣ, 1 евро = 8.7422 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1384 сомонӣ.
Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзӣ барои 1 доллар аз 8.2000 то 8.2300 сомонӣ, 1 евро аз 8.7400 то 8.9000 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1414 мебошад. Аммо бо ин нархи расмии Бонки миллӣ мизоҷон, аз ҷумла тоҷирон дар филиалҳои бонкҳои кишвар имкони хариди долларро надоранд. Ҷавоби саррофон як аст: «доллар надорем!».
Ҳарчанд масъулини Бонки миллии Тоҷикистон вуҷуди бозори ғайрирасмӣ ё сиёҳро дар як соли охир дар кишвар рад мекунанд. Аммо соҳибкорон мегӯянд, ки ин бозор побарҷост ва қурби доллар дар ин бозори пинҳонӣ аз қурби расмӣ то 30-40 сомонӣ гаронтар аст. Дар Бонки миллии Тоҷикистон сабабҳои болоравии қурби доллар ва камчин шудани ин асъори хориҷиро ба “номутаносибии тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон” вобаста дониста гуфтанд, ки дарозмуддат нест. Дар охири моҳи феврали соли равон Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки болоравии нархи доллар дар бозорҳои кишвар муваққатист ва дар моҳҳои оянда вазъ ба эътидол хоҳад омад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ