Ҷаҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон
Қурби рубли русӣ дар бозори нақди Тоҷикистон боло рафта, 23 октябр дар муассисаҳои молиявии кишвар арзиши он аз 0.1520 то 0.1540 сомонӣ расидааст.
Ин баҳои рубли русӣ, ки аксари муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Русия бо ин пул маош гирифта ва ба хонаводаи худ мефиристанд, баландтарин нишондод тайи моҳҳои охир маҳсуб мешавад.
Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии кишвар аз 9.6938 то 9.7000 сомонӣ, 1 евро аз 10.7902 то 10.8500 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1520 то 0.1540 сомониро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ