Аҳмад ал Баис: Кумаки Арабстони Саудӣ сиёсӣ нест

Намояндаи Маркази Шоҳ Салмон аз Арабистони Саудӣ гуфт, ки кумакҳои ин кишвар ба Тоҷикистон аз ангезаҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ орӣ аст ва «сирф хусусияти башарӣ дорад».

Намояндаи Арабистони Саудӣ ин ҳарфҳоро рӯзи 27-уми декабр ҳангоми имзои созиш дар бораи кумакҳои нав ба наҷотдиҳандагони тоҷик дар Душанбе ба забон овард. Ин кумакҳо аз булдозеру экскаватор, автотрейлери пурқудрат, мошини навъи «Пикап» иборат буд, арзиши умумиаш 500 ҳазор доллар арзёбӣ мешавад.

Аҳмад ал-Баис, намояндаи Маркази Шоҳ Салмон, дар маросими тақдими кумакҳо гуфт, ки маркази онҳо бо кишварҳои, ба қавли ӯ, дӯсте чун Тоҷикистон, «ҳамкории беғараз» ба роҳ мондааст. Ӯ гуфт, «марказ ба тамоми кишварҳои дӯсту бародар, ки дар ҷаҳон ҳастанд, ёрӣ мекунад. Бояд бигӯям, ки ҳеҷ ангезаи сиёсӣ надорад, мустақил аст, дар байни ҳеҷ дин ва давлату шаҳрванд фарқ намегузорад ва бетараф аст”.Ба таъкиди Ал-Баис, Маркази Шоҳ Салмон ба унвони як муассисаи хайрия соли 2015 таъсис шуда, ба 44 кишвари ҷаҳон 84 миллиард доллар ёрии бебозгашт ироа мекунад.Сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе Муҳаммад Абдулазиз Ал-Бодӣ низ изҳор дошт, ки ёрии кишвараш танҳо бо дарназардошти ниёзи сокинони кишварҳои мухталиф ироа шуда, ҳадафҳои башардӯстонаро дунбол мекунад. «Кумакҳо бо дастури подшоҳи Арабистони Саудӣ ва валиаҳд сурат мегирад. Кумакҳо ба Тоҷикистон беғаразона тақдим мешавад», — афзуд ӯ.Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, мегӯяд, ин кумакҳо пас аз тармафароии соли 2016-ум сурат мегирад, ки 28 кушта бар ҷо гузошт ва раҳбари Маркази Шоҳ Салмон бахше аз он вазъиятро бо чашми худ дидааст. Назарзода гуфт, он шабу рӯз раҳбари Маркази Шоҳ Салмон дар Душанбе буд ва онҳо якҷо ба дараи Варзоб рафтаанд.Ӯ гуфт, «дар километри 47-ум тарма роҳро баста буд. Баландии тарма беш аз 30 метр буд. Ҳамроҳи раҳбари созмон болои тарма баромадем ва худаш бо вазъи ногувор ошно шуд. Ба ман гуфт, ки чӣ кумак мехоҳед. Ман барояш чанд мушкилро гуфтам ва аз он замон ҳамкории мо оғоз ёфт.»Назарзода афзуд, ба шарикони араби худ пешниҳод кардааст, ки нахуст барои наҷотдиҳандагони тоҷик як маркази омӯзишӣ ва тамринӣ созанд. «Соли 2017 чунин марказ бо арзиши 1 миллион доллар сохта ва ба истифода дода шуд», — гуфт ӯ.Дар идомаи суҳбат Рустам Назарзода гуфт, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамчунин аз Маркази шоҳ Салмон дархости сармоягузории чаҳор тарҳи дигареро кардааст. Аз ҷумла, ин кумита мехоҳад бо сармоягузории Арабистони Саудӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон маркази наҷотдиҳӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъсис диҳад. Ҳамчунин бо ҷониби Арабистони Саудӣ музокирот барои таъсиси нахустин маркази омодасозии ғаввосон дар Осиёи Марказӣ ҷараён дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *