Аҳмадзода дар «Панҷшанбе» арзонӣ кард

Раиси нави вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадозода, ки рӯзи 13 январ ба ин мақом таъйин шуд, рӯзи 14 январ зимни боздид аз бозори «Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд хостори пойин бурдани нархи гӯшт шуд. Гуфта мешавад, қассобон ӯҳдадор шудаанд, ки нархи як кило гӯшти говро аз 33 сомонӣ ва як кило гӯшти гӯсфандро аз 36 сомонӣ боло нафурӯшанд. То имрӯз нархи гӯшти гов дар «Панҷшанбе” 35 ва гӯшти гӯсфанд 38 сомонӣ будааст.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 14 январ аз бозори «Панҷшанбе” боздид кард. Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд гуфт, ин боздид ба манзури иҷрои супоришҳои раисиҷумҳур ҷиҳати андешидани чораҳои таъхирнопазир барои такмили низоми идораи санитариву байторӣ ва пешгирӣ аз воридот ва фурӯши маҳсулоти пастсифат дар бозорҳо сурат гирифтааст.

Раҷаббой Аҳмадзода нахуст ба симои зоҳирӣ ва ҳолати кунунии бозори «Панҷшанбе”, ки нафақат як маркази бузурги савдо, балки як макони таърихии шаҳри Хуҷанд ҳам ҳаст, таваҷҷӯҳ зоҳир карда, гуфт, «намои имрӯзаи бозор воқеан ҳам ба таъмиру навсозӣ ниёз дорад.” Раиси нави вилоят ба роҳбарони шаҳри Хуҷанд ва масъулони бозор супориш дод, то «тибқи лоиҳаи мукамммали меъморӣ таъмиру рангубори пештоқ, айвонҳо, сақфу роҳравҳо ва атрофи бозорро то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба роҳ монанд.”

Ҳамин тавр, Аҳмадзода ба мақомот ҷиҳати беҳбуди ҳолати санитариву бехатарии зидди сӯхтори бозор, назорати сифати маҳсулот, бахусус хӯрокворӣ ва маҳсулоти гӯштӣ дастур дода, хост, то барои фурӯшандаҳои бозори «Панҷшанбе” либоси ягона ташкил кунанд.

Мавзӯи дигари матрӯҳа дар ҷараёни боздиди раиси нави вилоят аз бозори «Панҷшанбе” масъалаи нарху навои маҳсулот буд. Аҳмадзода ба сурати умум аз фаровонии маҳсулот дар бозор иҳзҳори қаноатмандӣ, вале аз баланд будани нархи гӯшт дар 20 дӯкони гӯштфурӯшии бозори «Панҷшанбе” изҳори нигаронӣ кардааст.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар гузоришаш мегӯяд: «Рӯзи боздид як килограмм гӯшти гов дар бозори Панҷшанбе 35 сомонӣ ва гӯшти гӯсфанд 38 сомонӣ фурӯхта мешуд. Бо тавсия ва дастури роҳбари вилоят раёсати бозор ва қассобон тасмим гирифтанд, ки дар андаке паст кардани нархи он мусоидат намоянд. Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва раёсати бозор супориш гирифтанд, ки ҷиҳати паст намудани нарх соҳибкоронро дастгирӣ намоянд. Ҳамин тавр, худи ҳамин рӯз нархномаи нави гӯшт дар бозор муқаррар гардида, қассобон уҳдадор шуданд, ки як килограмм гӯшти говро бо нархи 33 сомонӣ ва гӯшти гӯсфандро 36 сомонӣ ба харидорон пешниҳод кунанд. Санҷиши гуруҳи эҷодӣ нишон дод, ки пас аз тавсияи роҳбари вилоят нархномаҳои гӯшт дар пештоқи дӯконҳои бозор ба таври мусбат дигар шудааст.

Ҳамин тавр, Раҷаббой Аҳмадзода бо нархи маҳсулоти дигар дар ин бозор низ шинос шудааст. Аз ҷумла як кило мавиз дар ин ҷо 15 сомонӣ, биринҷ 5,5-6 сомонӣ, мош 10-12 сомонӣ , нахӯт 18-20 сомонӣ, турбу шалғам 1 сомонӣ, пиёз аз 2 то 3,5 сомонӣ, сабзӣ аз 80 дирам то 1,5 сомонӣ, картошка 3-3,5 сомонӣ ва помидор 13-15 сомонӣ арзиш доштаанд.

Аҳмадзода ҳамчунин аз бозори «Афросиёб” ва маркази савдои «Баҳор” низ боздид карда, хостори афзоиши фурӯши маҳсулоти дасти косибон, аз ҷумла кулолон шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода, ки то кунун раиси Кумитаи замин буд, рӯзи 13 январ дар мақоми раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро иваз кард. Қодирӣ, ки ба синни 65 расидааст ва 4 сол боз бар вилояти Суғд раҳбарӣ мекард, бо сабаби ба нафақа баромадан аз ин мақом рафт.

РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА кист?

Аҳмадзода Раҷаббой 16 сентябри соли 1971 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ.

Соли 1993 Институти химия- технологияи Ҷумҳурии Қазоқистонро бо ихтисоси «Муҳандис-химик-технолог» ва соли 2010 Академияи хизматчиёни давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси «Иқтисодчӣ» хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро аз соли 1993 ба ҳайси муҳандис-технологи заводи «Лаъл»-и шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, солҳои 1994-2016 дар вазифаҳои муовини сардори заводи «Сангбурӣ», сардори идораи робитаҳои иқтисодии берунӣ, муовини директори генералӣ ва директори генералии ҶС «Ленинободпромстройматериал»-и Хуҷанд, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, директори генералии КВД «Садаф»-и шаҳри Хуҷанд, раиси шаҳри Қайроққум ва раиси шаҳри Хуҷанд кор кардааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2016 раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо медали ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *