Аҳмадзода: Дар “Роғун” садама рух надодааст

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфт, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи “Роғун” садамае рух надода ва чархаи аввали неругоҳ ба далели мушкилоти фаннӣ истод.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфт, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи “Роғун” садамае рух надода ва чархаи аввали неругоҳ ба далели мушкилоти фаннӣ истод.

Агрегати якуми неругоҳи “Роғун” моҳи ноябри соли гузашта фаъол шуд, вале баъди чанде аз фаъолият бозмонд. Ба дунболи он сару садоҳое пайдо шуданд, ки гӯё дар агрегати якум садама рух додааст.

Гуфта мешуд, ки ба ҳамин далел чархаи дувуми он, ки қарор буд  дар остонаи ҷашни Наврӯз мавриди истифода қарор дода шавад, ба таъхир афттодааст.

Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон рӯзи 19 июл дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, мушкили фаннӣ дар полишгоҳ ё филтри неругоҳ пайдо шуда ва дар зудтарин фурсат ин вазъ ислоҳ гардид.

Вай таъкид кард, ҳоло бунёди садди асосии неругоҳ шурӯъ шуда ва ҳамакнун чунин мушкиле пеш нахоҳад омад.

Садди нерӯгоҳи Роғун бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон мешавад. Нерӯгоҳи Роғун шаш турбинаи 600 мегаватӣ хоҳад дошт ва бо тавоноии 3600 мегават қудратмандтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. То ҳол садди обанбор то 70 метр расидааст.

«Роғун» яке аз бузургтарин тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад ва барои бунёди он 14 ҳазор коргар ва мутахассис фаъолият доранд, ки дар миёни онҳо мутахассисон аз Эрон, Чин, Италия ва Русия низ ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *