Аҳмадзода мансабдорони бемасъулиятро аз кор гирифт

   Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 10 апрел сардори шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, декани риштаи ҳуқуқшиносии донишгоҳи сиёсат ва тиҷорат ва чанд мансабдори дигарро барои сафарбар накардани толибилмон ба маросими гусели навсарбозон барканор кард.

 Тибқи нақша, рӯзи шанбе бояд барои навсарбозон то вокзал коридори зинда ташкил мекарданд, вале ба сабаби боридани борон бисёриҳо наомаданд.Вайрон шудани барномаи маросими пуртантанаи гусели навсарбозон ба хидмати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд боиси аз мақом барканор шудани чандин мансабдор шуд.Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла сардори шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Илҳом Султонӣ ва декани риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии сиёсат ва тиҷорат ва чанд мансабдори дигарро аз мақомҳояшон барканор кард. Раиси вилоят ин мансабдоронро ба саҳлангорӣ ва хунукназарӣ нисбат ба вазифаи ба дӯши онҳо гузошташуда айбдор кард.Сабаби чунин муҷозоти шадиди мансабдорон маросими пуртантанаи гусели навсарбозон ба хидмати ҳарбӣ будааст. Ин маросим дар Хуҷанд рӯзи 7 апрел доир шуда буд.Рӯзи 7 апрел дар варзишгоҳи «20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд маросими гусели беш аз 1000 наваскар аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд доир шуд. Дар ин маросим раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода суханронӣ карда, ваъда дод, ки барои волидон тамоми шароитро фароҳам хоҳанд овард, то аз фарзандони худ дар қисмҳои низомӣ мунтазам аёдат карда, бо шароити хидмати онҳо бевосита шинос шаванд: «Имрўз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро пасисар мекунанд. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ омўхта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомўзанд. ” Бино ба гузориши хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар варзишгоҳ барои наваскарон як барномаи консертӣ низ ташкил карда, баъди он барояшон дар Қасри варзиши Хуҷанд дастурхони идона ҳам оростанд ва сипас наваскаронро ба қисмҳои ҳарбӣ гусел карданд.Тибқи барнома, мебоист дар роҳ то вокзал аз ҳисоби сафарбар кардани хонандагони мактабҳо ва донишҷӯён барои гусели наваскарон як коридори зинда бо гулу шиорҳо низ ташкил кунанд. Вале нимаи дуюми рӯзи шанбе, ки наваскарон роҳии вокзал шуданд, дар Хуҷанд борон борид ва бисёриҳо дар зери борон наистода, паҳну парешон шуданд.Дар натиҷаи ҳамин нуқтаи авҷи маросими гусели наваскарон – коридори зинда то вокзал, тавре ки мақомот дар нақша доштанд, анҷом нашуд ва ин сабаби муҷозоти шадиди мансабдорони масъули ташкили сафарбарии толибилмон гардид.Сафарбар кардани ҳазорон толибилм ба чорабиниҳои расмӣ дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Дар арафаи идҳои давлатӣ ваё сафарҳои кории президент ба ин ё он минтақа хонандагони мактабҳои миёнаву махсусу олӣ дар тӯли ҳафтаҳо аз таҳсил монда, машғули «маршировка” барои омодагӣ ба ҷашн ё пешвози раисиҷумҳур мешаванд.Мунтақидон мегӯянд, ба хотири як ҷашн ё пешвозгирии президент барои ҳафтаҳо аз дарс мондани толибилмон як анъанаи бозмонда аз даврони Шӯравист, ки дар даврони истиқлоли Тоҷикистон авҷи бамаротиб гирифтааст. Ба ақидаи онҳо, дар натиҷаи ин «маршировкаҳо” хонандагон наметавонанд барномаи таҳсилро пурра фаро бигиранд ва ин боиси пойин рафтани сатҳи саводу дониши насли нав мешавад.Хонандагони шаҳри Хуҷанд тоза дар рӯзҳои Наврӯз барои чандин рӯз аз дарс монданд, чунки машғули омодагӣ ба пешвозгирии президент Эмомалӣ Раҳмон буданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *