Аҳмадзода: Низоъ дар марз кори «баъзе гуруҳҳои ғаразнок» аст

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, муноқишаҳои ахир дар марз бо Қирғизистонро кори «гурӯҳҳои ғаразнок» номид, аммо кӣ будани онҳоро шарҳ надод ва гуфт, «Тоҷикистон ягон ваҷаб заминашро ба касе намедиҳад». Аҳмадзода дар ин бора рӯзи 1-уми август дар нишасти хабарӣ дар Хуҷанд ибрози назар кард.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, мақомот талош доранд, ки дӯстиро миёни халқҳои тоҷику қирғиз мустаҳкам кунанд, «вале баъзе аз «гуруҳҳои ғаразнок» мехоҳанд ин дӯстиро вайрон намоянд».

Дар муноқишаҳои ахири марзӣ, ки дар рӯзҳои 22 ва 23 июли соли равон дар минтақаи Ворух ва Бодканди Қирғизистон рух доданд, як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва чандин нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд. Дар пайи ин мулоқоти раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи баҳсӣ сурат гирифт ва ҷонибҳо идомаи талошҳо барои таъйин ва аломатгузории марз ва ором кардани сокинони деҳоти наздимарзиро дар мулоқоте дар Иссиқкӯл баррасӣ кардаанд.

Дар ҳоле ки натиҷаи музокироти ду ҷониб ҳанӯз ҳам номаълум аст, раиси вилояти Суғд, ҳаммарз бо вилояти Бодканди Қирғизистон, гуфт, “камбудҳое, ки ҳаст бартараф мешаванд.”

“Мо ҳар як ваҷаб заминро, ки имрӯз дар доираи қонун ба манфиати кулли Тоҷикистон аст, ҳифз мекунем. Гуруҳҳои ғаразҷӯе ҳастанд, ки мехоҳанд дӯстии моро вайрон кунанд. Ҳоло ҳам баъзе ҳодисаҳое шуда истодаанд, ҳамин сабаб шуда истодаанд”, — гуфт Аҳмадзода.

Раиси вилояти Суғд таъкид кард, ки бояд барои таҳкими дӯстӣ миёни сокинони минтақаҳои наздимарзӣ талош шавад. Ӯ аз ҷумла гуфт, ҷонибҳо 20 сокини деҳаҳои сарҳадии Исфараро ба Иссиқкӯли Қирғизистон ва гурӯҳи 20-нафарии бачаҳои қирғизро ба лагери “Шоҳин”- и вилояти Суғд барои фароғат ва тамошо фиристодаанд.

Раиси вилояти Суғд бо зикри он ки бо мардум бояд кор кард, вале гуфт, «Тоҷикистон ба ҳар амали ноҷо посух хоҳад дод».

“Мақсаду мароми мо дӯстӣ кардан аст, лекин агар сарҳадро вайрон кунад, агар имрӯз корҳои ноҷо нисбати ин давлат кунад, албатта ҷавобашро медиҳем. Камбудҳое, ки ҳаст ҳамааш баратраф мешавад. Дӯстие, ки бо Ҷумҳурии Узбекистон барқарор шуд, рӯзҳои наздик бо Қирғизистон барпо мешавад”, — таъкид кард Раҷабзода.

Муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон сари ҳар чанд вақт сар мезанад ва аз ҳарду ҷониб куштаву захмӣ ба ҷой мегузорад. Танҳо дар ду моҷарои ахир се шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз даҳ нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр дарозӣ дорад, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Борҳост, дар минтақаҳои баҳсталаб ва номуайян сокинон барои обу чарогоҳ, роҳу бозор ҷангу даъво ва хунрезӣ кардаанд.

Идомаи баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1989 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1924, соли таъсиси Тоҷикистону Қирғизистон, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди таъйин ва аломатгузории марзҳояшон дигар ягон километр пеш нарафтаанд.

Манобеи ба музокироти марзӣ наздик мегӯянд, Қирғизистон ба тақрибан 2,5 ҳазор гектар замин дар қаламрави Тоҷикистон даъво дорад. Тоҷикистон ба навбаи худ иддао дорад, ки дар натиҷаи иҷорадиҳии заминҳои кишту чарогоҳ, ки байни ҷумҳуриҳои “дӯст ва бародар”-и Шӯравӣ як амри роиҷ буд, имрӯз дастикам 143 000 гектар заминаш дар Қирғизистон мондааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *