Аҳмадзода: Парлумони нав 8 гектар мешавад
Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон мегӯяд, ки масоҳати бинои нави парлумон дар пойтахт беш аз 8 га хоҳад буд.
Ҷамшед Аҳмадзода, дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ин бино дар ҷойи бинои ҳозираи он ва то Вазорати кишоварзӣ бунёд хоҳад шуд.
Моҳи майи соли 2016 Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх, раиси Маҷлиси Шӯрои шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар мулоқот бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, омодагии кишварашро барои маблағгузории бунёди маҷмааи парлумонӣ баён дошта буд.
Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ мегӯяд, тибқи нақша дар ҷойи театри Маяковский, бинои Ҳукумати шаҳри Душанбе қомат хоҳад афрохт: “Аз назди бинои нави парлумон то театри Лоҳутӣ гулгашту фаввораҳо бунёд мешавад” гуфт Аҳмадзода.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ