Аҳмадзода роҳи марз бо Ӯзбекистонро мумфарш мекунад
Роҳи Сарбанд – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба масофаи 2,6 километр мумфарш карда мешавад ва фармоишгари корҳо Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд мебошад.
Бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен мумфаршкунии роҳи Сарбанд-сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз шуд.
Тавре дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд хабар медиҳад, раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон иброз дошт, ки роҳи мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 – солагии Истиқлоли Тоҷикистон мумфарш карда мешавад.
Ҳамчунин, Аҳмадзода аз раванди корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки соли равон бо дастгирии мақомоти вилоят дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо беш аз 100 километр роҳҳои мошингард мумфарш хоҳад шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки роҳи Сарбанд – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба масофаи 2,6 километр мумфарш карда мешавад ва фармоишгари корҳо Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ