Ҳаҷми интиқоли пулии ЮНИСТРИМ дар моҳи октябр 2,5 баробар афзуд
Интиқолҳои пулии якасъора бозорро бо баровардани интиқолҳои классикии ивазкунии баъдинаи асъор босуръат забт карда истодаанд.
Ҳаҷми FX интиқолҳои ЮНИСТРИМ дар моҳи октябри соли 2018 ба 147% нисбат ба моҳҳои тобистон (июн-август), ки одатан аз рӯи ҳаҷми интиқоли маблағ зиёдтарин мебошанд, афзуд.
Миқдори транзаксияҳо қариб се баробар аз ҳисоби батадриҷи стратегияи ҶС БТ «ЮНИСТРИМ» вобаста ба пешниҳодкунии хизматрасонии ягона — интиқолҳои якасъора ба кишварҳои ИДМ ва хориҷи дур афзуд.
Интиқол бо конверсия нисбати ба интиқоли классикӣ чӣ нафъ дорад?
Интиқоли якасъора — ин интиқоли воситаҳои пулӣ, ки ҳангоми фиристодани он асъори додан аз асъори фиристодан фарқ мекунад (конвертатстия аз рӯи қурби Системаи ЮНИСТРИМ амалӣ карда мешавад).
«Бояд қайд кард, ки бо истифода аз интиқоли якасъораи ЮНИСТРИМ, шумо натанҳо вақти ба иҷрои пайдарпайи ду амалиёт аз рӯи ивази асъор оптимизатсия накарда, воситаҳои пулиро бо иҷрокунии конвертатсия аз рӯи қурби ба максималӣ муфид сарфа мекунед, ҳамчунин хатарҳои потенсиалии бо амалиётҳои дилхоҳи пулӣ вобастаро кам мекунед, — мегӯяд раиси идораи ЮНИСТРИМ Кирилл Палчун. — Фиристодан ва гирифтани интиқол ба мизоҷ дар беш аз 20 асъор — аз драми арманӣ то песои филиппинӣ, дар вобастагӣ аз кишвари додан дастрас аст».
ҶС БТ «ЮНИСТРИМ» коркарди системаҳои ТИ-ро ба амал баровард ва таъминоти барномавиро дар ҳамаи 220 нуқтаи хизматрасонии шабака нав кард. Бо хизматрасонии интиқол бо конверсияи шумо ҳамчунин дар шабакаи бонк-ҳамкорон («Россельхозбанк», «Промсвязьбанк», «Банк Авангард» ва дигарон), идораҳои ритейли мобилии ширкатҳои «Связной», «Теле-2», «МегаФон» истифода бурда метавонед. Ин, ҷамъулҷамъ, дар тамоми Русия миқдори нуқтаҳои хизматрасонии мизоҷонро то 10 000 зиёд мекунад. Амалӣ намудани интиқолҳои пулӣ дар он-лайн ҳам тавассути сомонаи https://unistream.ru, ҳам тавассути барномаи мобилӣ дастрас аст.
Даромади бонк танҳо дар моҳи октябр аз рӯи интиқолҳои якасъора 68% зиёд шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ