Ҳаҷми нафақа дар Тоҷикистон сирри махфӣ шуд

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон дигар андозаи   нафақаи шаҳрвандонро  ошкор нахоҳад кард.

Бар асоси қонунҳои нав дар Тоҷикистон дигар ҳадди ниҳоии нафақа вуҷуд надорад ва ҳар қадаре музди корманд зиёд бошад, ҳамон андоза ҳаҷми нафақа бештар хоҳад шуд.

​Назокат Одиназода, муовини раиси Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, рӯзи 2-юми феврал дар Душанбе гуфт, асноди нафақаи ҳар шаҳрванд ба худи ӯ тааллуқ дорад ва набояд дар хабарҳо нашр шавад.

Ӯ гуфт, “доим ба мо савол медиҳед, ки нафақаи кӣ аз ҳама баланд аст? Дигар ба Шумо ин хел маълумотро намедиҳем, агарчӣ ба таври хаттӣ ҳам муроҷиат кунед. Ба ҷуз аз мақомоти қудратӣ касе дигар ҳақ надорад, бо асноди нафақаи шаҳрванд шинос шавад. Ҳама гуна нафақаҳо агарчӣ баланд ҳам бошад, дар асоси фаъолияти одамон ва дар асоси қонун таъйин карда мешавад. Дар Тоҷикистон ягона мақомоте, ки нафақаро таъйин мекунад ин Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аст”.

Одиназода дар идома гуфт, бар асоси қонунҳои нав дар Тоҷикистон дигар ҳадди ниҳоии нафақа вуҷуд надорад ва ҳар қадаре музди корманд зиёд бошад, ҳамон андоза ҳаҷми нафақа бештар хоҳад шуд.Се сол қабл нафақаи “осмонӣ”-и чанде аз мансабдорону соҳибкорон расонаӣ шуда, баҳсеро ба по кард. Дар миёни онҳо Наталя Назаршоева, раиси собиқи Шӯрои мудирони «Тоҷиксодиротбонк» бо 17 000 сомонӣ нафақа ва Амонуллои Ҳукуматулло, раиси собиқи Роҳи оҳан бо 8 ҳазору 400 сомонӣ нафақа қарор доштанд.  Баъд аз ин, санҷиши афроде ки нафақаи маъюбӣ мегирифтанд ва ҳамзамон дар идораҳои давлатӣ кор мекарданд, шуруъ шуд. Даҳҳо нафар маҷбур шуданд, ё ба корашон дар ниҳодҳо идома диҳанд ё танҳо бо нафақаи маъюбӣ қаноат бикунанд.Айни замон андозаи нафақаи миёна дар Тоҷикистон 271 сомонӣ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *