Ҳақназар Ғоиб: «Маро ба Душанбе даъват карданд, аммо нарафтам”

Ба табрики 75-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, устод Ҳақназар Ғоиб ба деҳаи Офтоблиқои шаҳри Кӯлоб рафтаму ба «хонаи устод Лоиқ» афтидам. Жола Бадеъи Исфаҳонӣ, Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукӯҳӣ ба суҳбати мо пайваставу Мӯъмин Қаноату Гулназар, Аскар Ҳакиму Саидалӣ Маъмури ҷавон ҳам он ҷо буданд. Аллома Иқболи Лоҳурӣ суҳбатамонро гӯш мекард… Суол медиҳед, ки чӣ тавр? Яке аз ҳуҷраҳои ҳавлии Ҳақназар Ғоиб «хонаи Лоиқ» ном дораду боғашон боғи Лоиқ. Суҳбатамон ҳам атрофи бузургоне буд, ки зикрашон боло рафт, ангор онҳо он ҷо буданд. Суҳбати устод Ҳақназар ҳам чунон ҷозибанок ва нарму гарм аст, ки худро гоҳ дар таърихи дур ва гоҳ дар кайҳони беохир эҳсос мекунед…

-Ману Лоиқ аз солҳои 60-ум, аз даврони ҷавонӣ ғоибона шинос будем. Шеърҳоямон, ки дар ҷаридаҳо нашр мешуд, моро ба ҳам ошно карда буд. Аммо вохӯрии мо соли 1966 сурат гирифт. Он замон устод Лоиқ дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор мекарданд. Як рӯз ба ман занг зада гуфтанд, ки Лоиқ ба Кӯлоб сафари хидматӣ меояд, оё ман қабул мекунам? Гуфтам, ба ҷону дил! Ҳамин тавр, Лоиқ, Абдунабӣ Сатторзода ва Сорбон омаданду меҳмони мо шуданд. Ва аз ҳамон рӯз инҷониб Лоиқ узви оилаи мо шуданд. Дӯстии мо мустаҳкам ва робитаамон қавӣ гашт. Имрӯз устод дигар дар байнамон нест, аммо дар қалби мо зинда аст.

-Бубинед, марг инсонҳоро аз ҳам ҷудо мекунад. Ва табиист, ки суханҳои нагуфта дар қалби инсонҳо мемонад. Агар имрӯз имкони суҳбат бо устод Лоиқ мешуд, барояш чӣ мегуфтед?

-Ӯ дӯсти ман буд… Чӣ ҳам мегуфтам? Мехостам устод бештар ҳарф гӯяду гӯш кунам…

-Ҳанӯз дар даврони ҷавониатон, Жола Бадеъ шеърҳои шуморо писандидаву баҳои хуб дода буд. Аз куҷост шиносоии Жола бо Ҳақназар?

-Жола… Зани нуронӣ ва фаришта буд, устод Жола. Як даста шеърҳои ман дар «Садои Шарқ» нашр шудаву ба дасти ӯ мерасад ва ӯ ба идораи маҷалла тақризи мусбат мефиристад. Ин нишони муҳаббат ва таваҷҷуҳи бевоситаи ӯ ба адабиёт буд. Баъдан, Жола дар Кӯлоб меҳмон шуд. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, вақте ки занони гулдасти Кӯлоб куртаи чакан пӯшондандаш  аз чашмони ӯ ашки шодӣ ҷорӣ мешуду мегуфт: «Ин курта аз таърихи куҳан омада, бӯйи Робияи Балхӣ, бӯйи Сомониён мекунад…»

— Сабаб чӣ шуд, ки ба ҷодаи эҷод равед?

-Шоир, пеш аз ҳама, ба адабиёт ҳамчун инсони ошиқ ворид мешавад. Ман ҳам ошиқ будам. Бовар кунед, аз хурдӣ, вақте ки 12 ё 13 сол доштам, пушти ҳавлиамон, як дарахти олу буд, ки болои он баромада, баланд-баланд шеър мебофтаму мехондам, то ин ки устод Турсунзода аз кӯчаи хокии мо гузаранду маро ба Душанбе баранд. Албатта, он шеър набуд, балки ишқ, муҳаббат буд. Пасон вақте инсони ошиқ ба дунёи шеър ворид мешаваду ғӯта мезанад, дармеёбад, ки шеър чизи бузургтар аст. Инсон аз зовияи шеър ба кайҳони беохир менигарад, ки замин ҳам дар ҳамин саф аст.

Оё баъдан Турсунзода шуморо аз болои дарахти олуча гирифта ба Душанбе бурданд?

-Медонед, ман писари ягонаи модар будам. Ҳатто,  агар то шаҳри Кӯлоб мерафтам, мисле ки аз дунё канда мешудам. Бинобар ин ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дохил шудам. Замони дар Кӯлоб будан як маротиба Мирзо Турсунзода омаданд, аммо маро мушарраф нашуд, ки бо ӯ вохӯрам. Бинобар ин як қисмати тасодуфӣ тақдири  маро ба адабиёт пайваст. Як гурӯҳ ҳаваскорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба Иттифоқи нависандагон мактуб менависанд, ки мо шоирему касе ба мо таваҷҷуҳ намекунад. Аз Иттифоқи нависандагон Аминҷон Шукӯҳӣ сафарбар мешаванд, то ки талаби онҳо бароварда шавад. Ҳамин тавр, ректори донишгоҳ Тоҳир Умарович маро ҷеғ зада, дафтари шеърҳои маро ҳам пурсиданд. Устод Шукӯҳӣ аз байни ҳама шеърҳои маро писандидаву дафтари маро гирифта, ба Душанбе бурданд ва фармуданд, ки баъдан наздашон оям. Як рӯз ман ҳам рафтам. Устод Шукӯҳӣ маро назди Муъмин Қаноат бурда,  гуфтанд, ки сабки ин ҷавон ба шумо монанд, бо ӯ суҳбат кунед. Ҳамин тавр, ҳамроҳи  устод Қаноат сари миз, рӯйи мусаввадаи шеърҳои ман нишаста, машғули суҳбат шудем. Чунон ғарқи суҳбат шудем, ки вақти чошт гузашта,  соат се шуданашро ҳам нафаҳмида мондем. Баъдан, ман ба устод гуфтам, ки чошт равем ва ҳар ду дар чойхонаи иттифоқ як пиёла чой нӯшидем.

-Пули чойро кӣ дод?

-Албатта, устод Қаноат. Ва ҳамин роҳи маро ба адабиёт боз кард. Дере нагузашта, шеъри ман «Дил аз паси ман, ман аз паси дил» дар «Садои Шарқ» чоп шуд. Соле баъд як силсилаи дигари ашъорамро маҷалла чоп кард.

-Устод, як шоир дар синни 75 дар бораи чӣ фикр мекунад?

-Бештар дар бораи саодати оила ва фарзандон, дар мавриди шуъбаи иттифоқи нависандагон, ки масъулияти он ба дӯши ман аст ва дар бораи нақшаҳои эҷодӣ. 10 соли охир болои як асар, ки орзуи чандинсолаи ман буд, кор мекардам ва билохира онро ба охир расонидам. Ин китоб «Дар таҷаллии офтоби Аллома Иқбол» ном дорад,, ки ба шакли як достон аст, гарчанде сюжети муайян надорад.

-Шумо  як шоири баркамол ҳастед. Чаро маҳз дар таҷаллии офтоби Иқбол? Ин пайравӣ аст ё чист?

-Шоирӣ ҷаҳонандешӣ аст. Ҷаҳондорон дар бораи ғасб кардани ҷаҳон ҳастанд. Шоир ҳам дар андешаи ҷаҳон, инсонҳо ва ҳифзи сайёраи сабз аст. Мехоҳад, чизе бигӯяд, ки ба гӯши ҷаҳондорон бирасад, то ҷаҳонро вайрон накунанд. Муҳаммад Иқбол  аз зумраи ҳамон шоиронест, ки фаротар аз як маҳдуда фикр мекунад. Ӯ андешаи шарқиёнаи худро ба гӯши ҷаҳон расонид. Аммо Аллома Иқбол Шарқро аз назари он давра инъикос намуд, гарчанде он замон ҳама чизро бепарда гуфта намешуд. Мисле ки имрӯз ҳам ҳама чизро гуфтан роиҷ нест. Иқбол меандешид, ки Афғонистон метавонад Шарқро зинда нигоҳ дорад. Аммо имрӯз бубинед Афғонистон дар чӣ ҳол аст? Ё андеша дорад, ки фалсафаи Ҷамолиддини Афғонӣ афкори Шарқро тағйир дода метавонад.

-Оё шумо дар асаратон талқин мекунед, ки Тоҷикистон нигини Шарқ асту Шарқро нигоҳ медорад?

-Бемуҳобот Тоҷикистон нафаси тозаи Шарқ аст. Аммо ман кӯшидам, ки ба ҳаводиси дунё дар як маҳдудаи ҷуғрофӣ назар накунам. Дар асари ман Вахш – намоди Тоҷикистон ва шахсиятҳои донишманди он асту Зиндарӯд намоди Муҳаммад Иқбол. Роҳгузаре ҳаст, ки аз рӯзи пайдоиши дунё то ба имрӯз зинда аст. Ва аз ҳама муҳим, умеду ормонҳое аст, ки Худованд амалиашон кунад.  Ин ҷо умедҳое ҳаст, ки Худованд амалиашон кунад.

-Ин ормон чист?

-Аҳолии сайёра ба фикри ҳамдигар бошанд, барои ҳамдигар зиндагӣ кунанд, дар фикри тарака кардани ҷаҳон нашаванд, то ки Чархи Бузург ба ғазаб наояду замин фурӯ наравад.

-Вазифаи шеър чист?

— Инсонро таҳрик диҳад, ки ба ботини худ назар кунад ва ҷиҳатҳои инсониашро кашф намояд.

-Боре пушаймон шудед, ки ба Душанбе накӯчидед?

-Не, ҳеҷ гоҳ. Маро борҳо даъват карданд, аммо нарафтам. Ман зистанро бо ҳамин мардуми одӣ одат кардам. Ман аз ҳамин деҳа ба дунё назар мекунам.

-Шумо солҳои тӯлонист, ки масъулияти шуъбаи Иттифоқи нависандагон дар минтақаи Кӯлобро ба дӯш доред. Чӣ вазъ дорад муҳити адабии Кӯлоб ва киҳо ҳастанд намояндагони рӯшан ва ҷарақаҳои ҷавони эҷоди он?

-Вазъи муҳити адабии минтақаи Кӯлоб қонеъкунанда аст. Шоирони баркамоле, ки маҳз дар ин муҳит тарбия ёфтаанд, имрӯз дар Душанбе ҳастанд ва бори адабиётро мекашанд. Ин ҷо ҳам ҷавононе ҳастанд, ки албатта, миёнашон ҷарақаҳои эҷодӣ ҳастанд ва аз онҳо умеди зиёд дорем. Албатта,  Алимуҳаммад Муродӣ барин  шоирони баркамол, суханашон пухта ва шинохта ҳам дорем.

-Кадоме аз шоирони муосирро бо иштиёқ мехонед?

-Ман ҳар асаре, ки дар нашрияҳо чоп мешавад, мехонам. Гулназар, Гулрухсор, Низом Қосим, Саидалӣ Маъмур, Аскар Ҳаким, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб шоирони баркамоли моянд, ки бо иштиёқ мехонам. Аммо ҷойи устод Лоиқ дигар аст.

-Қисмати эҷодиатон душвор буд ё ҳамвор?

-Қисмати эҷодӣ ҳеҷ гоҳ осон намешавад, аммо ман хушбахтам, ки ҳамеша бо одамони хуб вохӯрдам.

-Тавре ишора шуд, кори бузургеро ба охир расонидед, боз чӣ нақшаи эҷодӣ доред?

-Дигар  асари калон наменависам. Илова бар ин хотироти алоҳида дар мавриди қисмати эҷодии худ ва тақдири ҳамқаламонам дорам, ки бояд таҳриру нашр кунам.

-Аз зиндагии худ розӣ ҳастед?

-Албатта. Ман шукр мегӯям, ки қисматамро ба сухан бахшидам.

Мусоҳиб

 Одили Нозир

 

Дар шумораи оянда мутолиа кунед:

 

Мусоҳиба бо Мукаррама Қосимова дар мавриди

— баҳси забони тоҷикӣ;

-вазъи таълим ва дар донишгоҳҳо;

-сарнавишти худ ва падар ва китобе, ки бояд навишт.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *