Аҳолии Осиёи Марказӣ то соли 2050  ба 94   миллион нафар мерасад

Идораи умуми иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид пешбинӣ кард, ки аҳолии Осиёи Марказӣ то соли 2050 бо рушди бесобиқае рӯ ба рӯ мешавад ва ба 94.2 миллион нафар хоҳад расид.

Бар асоси гузориши ин марказ, дар соли 2050 аҳолии Ӯзбекистон ба 40.8 миллион нафар, Қазоқистон ба 23 миллион, Тоҷикистон ба 14.5 миллион, Қирғизистон ба 8.1 миллион ва Туркманистон ба 7.8 миллион нафар хоҳад расид.

Ин марказ ҳамчунин мегӯяд, аҳолии Русия то соли 2050 ба 133 миллион нафар коҳиш хоҳад ёфт.

Тибқи пешбинии ин марказ, Русия дар муқоиса бо соли 2015 бо коҳиши 20 миллионии аҳолӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

Аҳолии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2015 ҳудуди 69 миллион нафар эълом шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *