Аҳолиро З00 ҳазор тонна картошка таъмин мекунад

Дар моҳҳои январ-июни соли 2017 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1705,2 млн доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 12,1 фоиз кам мебошад. Тавозуни савдо манфӣ буда он ба 788,2 млн доллар баробар гардид.

Ин далелҳоро вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода дар нишасти матбуотӣ ба забон оварда, афзуд, ки «Бояд қайд намуд, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи порсола 272,7 млн доллар коҳиш ёфт, ки ин омил мусбӣ арзёбӣ мегардад.

Неъматулло Ҳикматуллозода ба пурсишҳои рӯзноманигорон посух дода,  ба вазъи минтақаҳои озоди иқтисодии Ишкошиму Данғара рӯшанӣ андохт ва таъкид кард, ки фаъолияти МОИ Данғара густурдатар ба роҳ монда шудааст.

Ӯ сабаби болоравии нархи картошкаро дар бозорҳои кишвар аз коҳиш ёфтани майдони кишт дар соли равон, зарари боришоти зиёд ба киштзорони картошка ва чанд омили дигар иқтисоди мансуб донист. То имрӯз дар кишвар беш аз 142 ҳазор тонна картошка истеҳсол гардидааст, ки назар ба соли пешин 22% камтар будааст. Иқтисоддонҳо мегӯянд, ки барои коҳишёбии нархи картошка ва бе мушкилот таъмин кардани аҳолӣ бо он истеҳсоли зиёда аз 300 ҳазор тонна зарур аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *