Ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯзи Хоҷазода дар Гранд Слам
Ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯзи Хоҷазода дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо баҳри иштирок дар мусобиқаи Гранд Слам, ки 23-25 феврал дар шаҳри Дюсселдорф баргузор мешавад, ба Германия рафт. Ӯ ба мусобиқа дар вазни то 73 кг ворид мешавад.
Дар мусобиқаи мазкур инчунин 6 варзишгари дигари Тоҷикистон дар 4 вазн муҳориба мекунанд: Беҳрӯз Хоҷазода, Асадулло Тоҳиров (-73 кг), Кароматулло Ҳакимов, Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Саидҷалол Саидов ва Темур Раҳимов (-100).
Тавре сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо хабар додааст, дар Гранд Слами Дюсселдорф 500 варзишгар аз 71 кишвари дунё иштирок мекунанд.
3 варзишгари мо – Мирзоҷамил Рамазонов (-73), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг) ва Темур Раҳимов (-100) дирӯз дар мусобиқаи кушоди Аврупо дар шаҳри Оберварти Австрия ширкат карда, дар даври муқаддамотӣ аз рақибонашон мағлуб шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ