Қаҳрамони «Гилеми сеҳрнок» ба ҳалокат расид
Мудири гимназияи ҷамоати Ашт Муҳайё Икромова рӯзи 9 апрел дар як садама дар шаҳри Истаравшан ҳалок шудааст.
Исми Икромова соли гузашта дар пайи аз хонандагону муаллимони мактаби рақами 47 ҷамъ овардани 13 ҳазор сомонӣ барои харидани гилем расонаӣ шуда буд. Баъди рӯ задани он ҳодиса Икромоваро аз кор гирифтанд, вале баъди чанде мудири гимназия таъйин карданд.
Икромова Муҳайё Муртазоқуловна, соли таваллудаш 1970, собиқ директори муассисаи №47 дар деҳаи Дӯстӣ ва мудири гимназияи ҷамоати Ашт, дар як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Истаравшан баҳалокат расидааст. Тибқи иттилоъи нозирони минтақавии ш. Истаравшан, ҳодиса рӯзи9 апрел тахминан соати 11:30 дақиқа рух додааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра Ҷ» Қодиров Достон, соли таваллудаш 1990 сокини шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат дар роҳи «Хуҷанд-Душанбе-Чанок» дар километри 231-уми роҳ дар ш. Истаравшан қоидаи сабқатро вайрон намуда, ба муқобили ҳаракат ба автамашинаи дигари тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи Рузиматов Шуҳрат, сокини н. Деваштич бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири «Опел-Астра Ҷ» сокини ҷамоати Ашти н. Ашт Икромова Муҳайё Муртазоқуловна дар ҷои ҳодиса аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ баҳалокат расидааст.
Икромова Муҳайё дар пайи шикояти як гуруҳ волидони мактаби №47 дар деҳаи Дӯстӣ бо қарори шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт аз вазифааш барканор шуда, баъди чанд вақти дигар директори яке аз гимназияҳои ҷамоати Дӯстӣ таъин гардида буд.
Бо назардошти вуҷудикамбудиҳо дар фаъолияти муассисаи таълимӣ, ки дар он М. Икромова, сарварӣ дошт, дар асоси фармони мудири шуъбаи маориф № 186 аз 2.11.2017 директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 М. Икромова, аз вазифааш озод карда шуд. Икромоваро аз ҷумла ба он айбдор мекарданд, ки фақат барои харидани гилем аз хонандагону муаллимони мактаб 13 ҳазор сомонӣ ҷамъ кардааст. Ин гилеми 13-ҳазорсомонӣ барои мактаби рақами 47-ро дар расонаҳо ҳатто бо танз «гилеми сеҳрнок” унвон карданд ва вақте ӯро аз кор гирифтанд, дар расонаҳо навиштанд, ки «Икромоваро «гилеми сеҳрнок”-аш гирифта бурд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ