Қаҳвахона барои ношунавоён
Табиби қазоқ Азамат Бозилов дар шаҳри Нурсултон қаҳвахонае боз кард, ки дар он шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд кор мекунанд. Ба ин иқдоми Бозилов асосан бародараш сабаб шуд, ки маъюби дараҷаи севум аст.
Бозилов кормандони қаҳвахонаашро бо кумаки бародараш тавассути паёмакрасони ношунавоёну гунгҳо пайдо кардааст.
«Бародари худи ман ношунаво ва гунг аст. Ӯ чандин сол кор пайдо карда натавонист», — гуфт табиби қазоқ.
«Дар аввал хеле мушкил буд. Вале дертар омӯхтем ва кор осонтар шуд. Пешвози меҳмони нахустин ҳам мушкил буд. Вале вақте ба меҳмон мефаҳмондам, ки намешунавам, ӯ дарк мекард ва кор осон мешуд», — изҳор дошт Ойгул Темиргалиева, ки дар қаҳвахона пешхидмат аст.
Муштариёни қаҳвахона дар интихоби ғизо бо мушкил рӯбарӯ намешаванд. Дар номгӯи ғизоҳо акси онҳо низ оварда шудааст ва ҳамчунин дар деворҳо лавҳаҳое насб гаштааст, ки дар онҳо имову ишораҳои асосӣ навишта шудаанд.
Азамат Бозилов мегӯяд, қаҳвахонаро бо пуле боз кардааст, ки барои хариди хона ҷамъ намуда буд. Падараш низ мошини худро фурӯхта, кумак кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ