Аарон Рэмзи ҳамдастаи Роналду шуд
Нимҳоятгари бошгоҳи «Арсенал»-и Лондон Аарон Рэмзи бо дастаи “Ювентус”-и Италия қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Дар ин бора сомонаи расмии дастаи шаҳри Турин хабар медиҳад. Футболкори уэлсӣ ба хулосае омад, ки қарордоди ҳамкориро бо бошоҳи лондонӣ тамдид накунад ва аз ин фурсат “Ювентус” истифода карда, пешниҳоди бастани қарордодро бо ниммуҳофизатгар анҷом дод. Бадин васила аз санаи 1-ум июли соли ҷорӣ пас аз ба итмом расидани шартномааш бо тими “Арсенал”, ба дастаи маъруфии итолиёвӣ пайваст хоҳад шуд. Тибқи хабаргузории ВАО маоши солонаи Рэмзи дар дастаи наваш зиёда аз 23 млн евроро ташкил медиҳад. Дар мавсими ҷории ПЛА футболкори 28 сола дар 22 дидор ба майдон омада ба задани 2 гол ва 6 партофти самаровар даст ёфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ