АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ (858 — 941)
Зиндагиномаи шоир
Дар яке аз шабҳои ҷумъаи соли 858 дар хонадони Муҳаммад тифли зеборӯяке чашм ба олам кушод. Ба ӯ Ҷаъфар ном гузоштанд. Касе намедонист, ки солҳо мегузараду овозаи шеъраш ба Бухоро – пойтахти давлати Сомониён мерасад. Ӯро ба дарбор даъват мекунанд, соҳибқирони шоирон, маликушшуаро мегардад. Номи деҳаи Панҷрӯд ё Рӯдакро машҳури оламиён мегардонад ва то абад сардафтари адабиёти тоҷику форс мемонад.
Бунёдгузори адабиёти порсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯд аз тавобеъи Самарқанд (бинобар ин дар баъзе сарчашмаҳо Рӯдакии Самарқандӣ низ меноманд), ки акнун рустое аз ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд аст, ба дунё омадааст. Таърихи ҳазору сад солаи адабиёти тоҷик бо номи бунёдгузори он устод Рӯдакӣ сахт вобаста аст. Рӯдакиро муосиронаш ва суханварони баъдина бо унвонҳои ифтихорӣ: Одамушуаро, Қофиласорои назми форсӣ, Соҳибқирони шоирон, Султони шоирон, Мақаддумушуаро ва ҳамсони инҳо ёд мекунанд.
Устод Рӯдакӣ бо хидматҳои бузургаш ба ин мақоми таърихӣ расидааст. Рӯдакӣ дар таърихи фарҳанги халқи тоҷик аввалин суханваре аст, ки таҷрибаҳо ва муваффақиятҳои гузаштаи худро дар соҳаи адабиёти форсӣ ҷамъбаст кардааст. Рӯдакиро яке аз асосгузорони жанрҳои назми форсӣ — достон, рубоӣ, қасида, байт, ғазал ва дигарон пазируфтаанд.
Моҷароҳои зиндагии шоир
Замони камолоти эҷодии Рӯдакӣ дар Бухоро гузашт. Ӯ на танҳо дар дарбор, балки дар байни халқ ва хоса гуруҳҳои равшанфикри аҳли шаҳр низ шуҳрат ёфта буд.
Хонадони Сомониён дар аввали ҳукумронии худ ба пайравони мазҳабҳо, ҳатто динҳо бетараф буданд. Аз соли 919 сар карда дар хоки Сомониён, аз як тараф таблиғоти карматӣ авҷ мегирад, аз тарафи дигар, дар охирҳои замони Насри ибни Аҳмад (914- 943) таассуб ва хурофоти мазҳаби хеле боло рафт. Рӯдакӣ аз фитнаҳо, бетартибиҳо, амалиёти зиддихалқии қувваҳои ҷудоиҷуи марказгурез ва ривоҷу ҳуруфоти мазҳабӣ, ки ҳаёти шоирро талх карда, ба кори эҷодии ӯ халал мерасонданд, ба танг омада, дар сафи одамони пешқадам, ватандӯст ва халқпарвар меистад. Вай ҳатто аз он пушаймон мешавад, ки дар дарбор хизмат кардааст:
Басе нишастам ман бо акобиру аъён,
Биозмудамашон ошкору пинҳонӣ.
Нахостам зи таманно магар, ки дастурӣ,
Наёфтам зи атоҳо магар пушаймонӣ.
Ҳукуматдорон ин рафтори бебоконаи шоирро бардошта натавонистанд. Онҳо молу мулки Рӯдакиро мусодира карда, ба чашми ӯ мил кашида, кӯр карданд. Мил кашидан аз кабехтарин ҷазоҳои ҳокимони феодалӣ буд, ки бо лулачаи оҳанини тасфон гавҳараки чашми одамонеро, ки аз ҷиҳати мафкурави хафноктарин шумурда мешуданд, доғ мекарданд.
Рӯдакӣ пири нотавон, озорёфта ва ҷазогирифта ба деҳаи худ баргашт. Баъди бозгашт ба зодгоҳ Рӯдакӣ зиндагии пурҷушу хурӯш ва осудаи худро ба ёд оварда, мулоҳиза меронад, ки чаро ӯро аз майдони мубориза берун карданд? Бале, гуноҳе надошт.
Шоири ранҷур навишта буд:
Басо, ки маст дар ин хона будаму шодам,
Чунон ки чохи ман афзун буд аз амиру мулук.
Кунун хамонаму хона хамону шаҳр хамон,
Маро нагуй, ки аз чи шудаст шоди сук?
Баъди се соли ба зодгоҳи худ баргаштан, яъне соли 941 Рӯдакӣ аз олам гузашт. Ҷасади ӯро дар саҳни бӯстони Панҷруд ба хок супурданд. Оромгоҳи ӯ то имрӯз зиёратгоҳи мухлисони назми пок ва сухани олӣ мебошад.
Барои гиромидошти номи устод А. Рӯдакӣ дар гӯшаву канори Тоҷикистон номи яке аз ноҳияҳо ба номи Рӯдакӣ гузошта шудаасту дар вилояту ноҳияҳо хиёбону кӯчаҳову ва маҳалҳои аҳолинишин номгузорӣ карда шудаанд. Дар пойтахти кишвар ш. Душанбе Боғи Устод Рӯдакӣ, хиёбони марказии шаҳр ба номи Хиёбони Рӯдакӣ, муҷассамаи А. Рӯдакӣ дар хиёбони номбурда, якчанд муассисаҳои давлатӣ номгузорӣ шудаанд. Ҳазорҳо нусха китобу нашрияҳо дар бораи эҷодиёти А. Рӯдакӣ пайваста маводҳои илмиву бадеӣ ҳамасола нашр карда истодаанд.
Осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Устод Рӯдакӣ дар тӯли зиндагии худ мероси бузурги адабӣ боқӣ гузошта, яке аз шоирони пуркору пурбортарини замони худ буд. Осори бадеиву таърихии суханвари панҷрӯдиро Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар «Лубобу-л-албоб» сад дафтар ва Асадии Тӯсӣ (тав. 1005-1010 — ваф. 1073) дар қасидаи мунозиравии худ «Араб ва Аҷам» яксаду ҳаштод ҳазор байт баршумурданд.
Шояд дар ин гуфтаҳо муболиға роҳ ёфта бошад, аммо ҳамаи ин далели он аст, ки мероси бузурги устод Рӯдакӣ на танҳо бо муҳтавои баланду ҳунари шоирӣ, инчунин бо ҳаҷму андозааш ҳанӯз дар асрҳои XII-XIII суханварони баъдиро дар ҳайрат гузошта будааст тасодуфӣ нест, ки Рашидии Самарқандӣ устод Рӯдакро сарвари шоирони забардаст номидааст.
Рӯдакӣ аз шоирони пуркор ва сермаҳсули дунё буд. Эҷодиёти ӯ аз 8-солагиаш сар шуда, қариб 70 сол давом кард. Бар замми ин, Рӯдакӣ чунон истеъдоди бузург дошт, ки асарҳои калонро дар муддати кӯтоҳ эҷод мекард. Соли 932 ӯ бо хоҳиши дӯсташ Балъамӣ “Калила ва Димна”-ро дар 12 ҳазор байт ба назм медарорад. Ҳоло аз он қариб сад байт бокист.
Намунаи осори шоир
Дар ишқ чу Рӯдакӣ шудам сер аз ҷон
В-аз гиряи хунин мижаам шуд марҷон.
Алқисса, ки аз дасти азоби ҳиҷрон
Дар оташи рашкам дигар аз дӯзахиён!
Бе рӯйи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод,
Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод!
Бо васли ту касс чу ман бадомӯз мабод,
Рӯзе, ки туро набинам он рӯз мабод!
Дило, то кай ҳамеҷӯи манеро,
Чӣ дорӣ дӯст ҳарза душманеро?
Чаро ҷӯи вафо аз бевафое?
Чӣ кӯбӣ беҳуда сард оханеро?
Аё савсан баногӯше, ки дорӣ,
Ба рашки хештан ҳар савсанеро.
Яке з-ин барзанӣ нороҳ баршав,
Ки бар оташ нишонӣ арзанеро.
Дили ман арзане, ишқи ту кӯҳе,
Чӣ сои зери кӯҳе арзанеро?
Бибахшо, эй писар, бар ман бибахшо,
Макуш дар ишқ хира, чун манеро.
Биё, инак нигаҳ кун Рӯдакиро,
Агар беҷон равон хоҳӣ танеро.
Рӯзи 22- юми сентябр ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ