Аббос Мусавӣ: Трамп, забони форсиро таҳқир накун!

Аббос Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон аз раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп даъват кард, ки бо муроҷиати худ ба забони форсӣ мардуми Эронро таҳқир накунад.

Имрӯз Аббос Мусавӣ дар саҳифаи Twitter-аш аз амалҳои Трамп интиқод намуда чунин навиштааст:

“Дастҳо ва забонҳое, ки бо таҳдидҳо, таҳримот ва террор алайҳи мардуми Эрон кардаанд, ҳақ надоранд ба забони поки порсӣ ҳарф зананд, зеро ин як таҳқир нисбати эронзамин ва мардуми Эрон ба ҳисоб меравад”.

Бояд гуфт, ки рӯзи 11-уми январ президенти Амрико Доналд Трамп дар Twitter-аш эътирозҳои мардуми Эронро нисбат ба сақут додани тайёраи Боинг 737-800-и ҳавопаймои байналмилалии Украина  дасгири мекард ва матни суханонашро бо хати форсӣ чунин навишта буд:

“Ба мардуми ҷасур ва азиятдидаи эронӣ: Ман шуморо аз рӯзи сари мансаб омадан дастгирӣ мекунам ва ҳукумати ман минбаъд низ шуморо дастгирӣ хоҳад кард. Мо эътирози шуморо бодиққат назорат мекунем. Ҷасорати шумо рӯҳбаландкунанда аст”.

Ба ақидаи аксар коршиносону сиёсатшиносон ва худи мардуми Эрон бо забони форсӣ навиштани Доналд Трамп дар саҳифаи Twitter-аш ба ҷуз масхара кардани мардуми Эрон дигар чизе нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *