Абдуқодир дар Аврупо ва ИМА 20 иншоот доштааст

Таҳқиқоти муштараки бахши қирғизии Радиои Озодӣ, OCCRP ва сомонаи Kloop нишон медиҳад, ки Ҳабибулло Абдуқодир, соҳибкори уйғур ва шаҳрванди Қазоқистон дар Аврупо ва ИМА ба маблағи даҳҳо миллион доллар амволи ғайриманқул харидааст.

Абдуқодир ва хонаводаи ӯ ин амволро замоне харидорӣ кардаанд, ки аз Айеркен Саймаитӣ даҳҳо миллион доллар дарёфт карда буданд. Бино ба эътирофи худи Саймаитӣ, ӯ ин пулҳоро ғайриқонунӣ аз Қирғизистон берун бурдааст ва моҳи гузашта вайро баъди эътирофаш куштанд.

Ин маълумот 23 декабр, баъди нашри қисми навбатии таҳқиқоти пурсарусадои се расона маълум шуд. Қисми севуми таҳқиқот дар асоси гуфтаҳо ва асноде таҳия шудааст, ки Саймаитӣ пеш аз кушта шуданаш дар шаҳри Истамбули Туркия ба рӯзноманигорон гуфта буд.

Дар қисмҳои пешини таҳқиқот гуфта шуд, ки чи гуна Саймаитӣ ба хонаводаи Абдуқодир миллионҳо долларро аз Қирғизистон ғайриқонунӣ мефиристод. Ҳамчунин дар бораи нақшаҳои ғайриқонунии гумрукӣ ва интиқоли пулҳои «ифлос» аз Қирғизистон ба хориҷ низ гуфта шуд.

Пас аз нашри ин таҳқиқот дар Қирғизистон эътирозҳо зидди фасодкорӣ оғоз шуданд.

Рӯзноманигорон дар рафти таҳқиқот тавонистанд 20 иншоотеро муайян кунанд, ки хонаводаи Абдуқодир дар 8 соли ахир дар Олмон, Бритониё, ИМА ва АМА харидорӣ кардаанд.

Худи Абдуқодир ва шарикониаш ба дархости чандинкаратаи рӯзноманигорон дар ин бора посух надоданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *