Абдуҳалим Ғаффоров вакили сол эълон шуд
Имрӯз, 7 феврал муҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Одил Нозир ба Абдуҳалим Ғаффоров дипломи “Вакили сол-2019”-ро супорид.
Имсол пурсидашудагони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” номи Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҲСТ-ро ҳамчун вакили соли 2019 бештар ба забон гирифтанд. Вақте ки аз респондентҳо, ки дар миёнашон аъзои парлумон ҳам буданд, суол мекардем, ки чаро маҳз Ғаффоровро вакили сол эълон медонанд, онҳо асоснок мекарданд, ки парлумони кишвар нисбат ба солҳои қаблӣ хеле хомӯш аст ва бештари санадҳо бидуни баҳсу муҳокимарониҳо қабул мешаванд. Аммо гоҳ-гоҳе Абдуҳалим Ғаффоров пинаки баъзе аз вакилон ва мансабдорони хоболудро мепарронд ва мавқеи худро ошкоро нишон медод. Сухани ӯ дар баъзе маврид ба инобат ҳам гирифта мешуд. Зеро Абдуҳалим Ғаффоров аз вакилони куҳансоли парлумон маҳсуб меёбад ва нисбаташ эҳтиром мегузоранд. Гоҳо бо мансабдорони давлатӣ, аз ҷумла Бонки миллӣ, баҳсҳо карда, масъалагузорӣ мекард.
Бояд гуфт, ки Абдуҳалим Ғаффоров 24 декабри соли 1951 дар деҳаи Кулолӣ, ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Т.Г Шевченко (ҳозир С. Айнӣ) соли 1972 хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатии худро аз вазифаи лаборанти калони шӯъбаи фалсафаи АИ Тоҷикистон оғоз намудааст. Солҳои 1975-1982 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба ҳайси мудири кабинет, ассистенти кафедра фаъолият намудааст. Солҳои 1982-1986 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ба ҳайси тарҷумон фаъолият намудааст. Солҳои 1986-2002 дар кафедраи педогогика ва психологияи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар вазифаҳои омӯзгори калон, дотсент фаъолият кардааст. Солҳои 2002-2004 муовини аввали ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф, Солҳои 2004-2006 — мутахассиси пешбари шӯъбаи забони Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз декабри соли 2006 — Директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Аз соли 1998 аъзо ва Раиси ташкилоти Душанбегии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон. Соли 2004 — Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон интихоб шудааст. Соли 2006 дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун номзад ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудааст ва дар интихобот иштирок намудааст. Аммо дар он интихобот, чун дар интихоботи қаблӣ, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ, ки беш аз 20 сол боз раҳбарии давлати Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад бо касби бахши умдаи орои интихобкунандагон пирӯзӣ ба даст овард. Дар анҷумани ҳаштуми ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон, ки 18 сентябри соли 2013 дар Қасри иттифоқи касаби Тоҷикистон доир шуд, 78 аъзои ин ҳизб ба иттифоқи Абдуҳалим Ғаффоровро ба унвони номзад барои ширкат дар интихоботи президентӣ интихоб карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ