Абдуҷаббор Раҳмонзода аз вазифа барканор шуд
Абдуҷаббор Раҳмонзода аз вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа барканор шуд.
Ӯ имрӯз, 4 –уми май бо фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон таъин гардид.
Раҳмонзода Абдуҷаббор Азизӣ 62 сол дошта, зодаи шаҳри Кӯлоб мебошад. Ӯ адабиётшинос, мунаққид, доктори илмҳои филология, профессор (1999), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (2008), академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ, ходими давлатӣ аст. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004—2005), Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005—2012). Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа (аз декабри 2014).
Абдуҷаббор Раҳмонзода бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1977), ордени «Шараф», (2006), Медали «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» (2011), «Ифтихорнома»-и Кумитаи иҷроияи кишварҳои аъзои ИДМ (2012), «Диплом»-и Агентии Федиралии ҳамкориҳо бо кишварҳои ИДМ-и Федератсияи Россия (2014) мукофотонида шудааст.
Абдуҷаббор Раҳмонзода аз соли 2013 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул гардидааст.
Ӯ оиладор ва соҳиби 4 фарзанд мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ