Абдуқодири Абдуқаҳор: Ба рӯи Ксения Собчак дубор хат кашед! (Видео)

Ксения Собчак, ки як моҳ пеш тоҷикҳоро «бомж” (бемакон) номида буд, номзадиашро ба президентии Русия пешбарӣ кардааст. Аммо бисёриҳо мегӯянд, ки Собчак дар ин интихобот нақши масхараи монанд ба Бобишо Шоевро бозӣ хоҳад кард ва ҳузураш танҳо барои таъмини машрӯияти пирӯзии навбатии Владимир Путин аст.

Ксения Собчак, муҷрии маъруфи шоу-барномаҳо дар Русия рӯзи 18 октябр бо нашри як изҳороти пур аз иштибоҳҳои имлоӣ ва як видео хабар дод, ки номзадиашро дар интихоботи президенти соли 2018 мегузорад. Ксения Собчак гуфт, ӯ 35-сола буда, мисли дигар шаҳрвандони Русия ҳаққи пешбариаш ба президентиро дорад.

Ксения Собчак худро як номзади эътирозӣ номид ва аз онҳое ки мухолифи ҳамаи номзадҳои боқимондаанд, даъват кард, то ба ҷои «ба зидди ҳама” ба вай овоз диҳанд. Собчак гуфт, азбаски номзади дигари мухолифин Алексей Навалнийро метавонанд ба интихобот роҳ надиҳанд, мухолифини Путин метавонанд сарҷамъона ба ӯ овоз диҳанд.

Ксения Собчак 5 ноябри соли 1981 дар шаҳри Ленинград ( ҳоло – Санкт-Петербург) ба дунё омадааст. Падари ӯ Анатолий Собчак аз сиёсатмадорони маъруфи даврони бозсозӣ буд ва соли 1990 шаҳрдори Петербург интихоб шуд. Раисиҷумҳури кунунии Русия Владимир Путин то соли 1994 дар шаҳрдории Петербург ҳамчун муовини падари Ксения Собчак кор кардааст.

Модари ӯ Людмила Нарусова низ чанд навбат вакили Шӯрои Федератсия – палатаи болоии парлумони Русия буд, вале ҳоло аз фаъолияти сиёсӣ канор рафтааст.

Сиёсатшиносон Собчакро як номзади барои Кремл «муносиб” ба қалам медиҳанд. Онҳо мегӯянд, ҳарчанд Ксения Собчак аз ҳукумати Путин интиқод мекунад, вале барои ӯ хатарнок нест. Сиёсатшинос Аббос Галямов гуфт, «Ксения Собчак дар назари мардуми оддӣ як намунаи барҷастаи дунёи сарват аст, ки мардуми оддӣ нисбат ба он эҳсоси танаффур мекунад. Ин ба фоидаи Кремл аст, чунки медонанд, ки Собчак овози зиёд намегирад, вале ба интихобот як каме интрига оварда ва ба пирӯзии навбатии Путин ҷомаи қонуният мепӯшонад.”

Констанин Калачёв мегӯяд, ба интихобот ҷалб кардани электорати эътирозӣ як вазифаи асосии Собчак дар интихоботи соли оянда хоҳад шуд: «Аҷаб ин аст, ки духтари роҳбари қаблии Путин акнун рақиби Путин мешавад. Фикр накунам, ки мухолифин номзадии ӯро бипазиранд, чунки Собчакро тарҳи Кремл мешуморанд.”

Бисёре аз сиёсатшиносони рус пешбарии номзадии Собчакро идомаи «мазҳака”-и интихоботи президентии Русия номида, гуфтаанд, ки ӯ овози чандоне нахоҳад гирифт.

Корбарони тоҷик, ки Ксения Собчакро барои як ҳарфи таҳқиромези як моҳ пешаш нисбат ба тоҷикону Тоҷикистон хуш надоранд, ӯро ба Бобишо Шоев, як номзади масхараомез дар интихоботи президентии соли 1991-уми Тоҷикистон монанд мекунанд.

Хабарнигори тоҷик Абдуқодири Абдуқаҳҳор аз ҳамаи тоҷиконе, ки шаҳрвандии Русияро доранд, даъват кардааст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба Собчак овоз надиҳанд.

ФУРСАТ ФАРО РАСИД Ҳамагон ёд дорем, ки моҳе қабл хонум Ксения Собчак дар яке аз шоу — барономаҳои телевизионӣ …

Opublikowany przez Abdukodir Talbakov 19 października 2017

Ксения Собчак рӯзи 14 сентябр дар расми тақдими ҷозиаи «Инсони сол” дар толори «БарвихаLuxury Village» дар Маскав нисбат ба Тоҷикистон ва мардумаш ибораи таҳқиромези «бомж”-ро истифода бурд. Собчак дар як набарди лафзӣ (баттл) бо муҷрии дигари ин барнома Иван Ургант, ҳарифашро то метавонист паст зад ва аз ҷумла ӯро бо «як бомж аз Тоҷикистон” монанд кард: «Лӯхтаке, ки стилисти боистеъдод барои экран сару либосаш мепӯшонад, вагарна симои хонагии ту симои як бомж аз Тоҷикистон аст.”

«Браво-браво! Скажем спасибо этому действу на сцене. Это было так же беспомощно, какЖириновскийс мальчиками в бассейне. <…>Кому ты вешаешь лапшу на уши, бездарный поваренок из «Смака» <…>Каждый вечер зрителей канала Первого выворачивает от твоего смеха нервного. Пять лет подряд мозолишь глаз, телевизоры плавятся.Своими шутками насилуешь нас, как Робинзон Пятницу. Кукла, одетая талантливым стилистом для экрана, хотя «лук» твой домашний — бомж из Таджикистана <…>В завершении обрезать сигарной гильотинкой твой карьерный писюн позволь, тыне ведущий номер один, ты просто толстощекий ноль. Раунд!».

Ин ҳарфҳои Ксения Собчак вокунишҳои тундеро дар байни корбарони тоҷик дар Интернет ба вуҷуд овардааст. Бархе бо ҳамон лаҳни Собчак ба вай ҷавоб дода, ӯро дашном ҳам додаанд. Вале бисёриҳо дар вокуниш ба гуфтаҳои Собчак ҳаддалимкон ҳадди одобро риоя карда, навиштаанд, ки ин ситораи шоу-бизнеси Русия бо чунин суханрон сатҳи пасти тарбия ва фарҳанги худро ба намоиш гузошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *