Абдуфаттоҳ Ғоиб: «Овозаҳо дар бораи ман асос надоранд»

Замони боздошти 10 нафар кормандони Агентии мубориза бо коррупсия бо иттиҳоми фасодкорӣ ва тақаллуб Абдуфаттоҳ Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон расман дар ҳайати кории кишварамон дар Ҷумҳурии Халқии Чин қарор дошт. Вобаста бо боздошти ҳангомавии кормандони Агентии мазкур, ки Абдуфаттоҳ Ғоиб солҳо роҳбари ин ниҳоди зиддикоррупсионериро ба зимма дошт, овозаҳое пайдо шуд, ки ӯ шояд ба Тоҷикистон барнагардад. Абдуфаттоҳ Ғоиб зимни нишасти матбуотии Хадамоти гумрук  овозаҳоро беасос хонд.

-Ман дар ҳуҷраи корӣ нишастааму як рӯзноманигор мепурсад: «Рост аст, ки шумо тарки кишвар кардаед? Чӣ тавр, вақте ки ман дар ҷойи кор нишастаам? – гуфт ба аҳли нишасти матбуотӣ А. Ғоиб. – Он нафароне, ки дар ниҳоди зиддикоррупсионӣ боздошт шудаанд, то сардори Агентии мубориза бо коррупсия таъин шудани ман кор мекарданд. Он замон Фирӯз Холмуродзода сардори шуъба,  Фахриддин Бозоров муфаттиш буданд. Солҳо бо ҳам кор кардем, вале ин маънои онро надорад, ки ман роҳнамою онҳо шогирдонам бошанд. Беназирзода дар Хадамоти гумрук ҳамагӣ як моҳ кор кардааст. Ҷиноят содир карданд, тибқи қонунгузорӣ ҷазо хоҳанд гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *