Абдухалил Холиқзода: Низоми тандурустии кишвар ислоҳот мехоҳад!
Як масъалаи доғи дигари иҷтимоиро бӯҳрони вируси куруно доғтар кард ва он ҳам нобасомониҳои низоми тандурустии кишвар аст. Бешубҳа ин низом ба ислоҳоти бунёдӣ ниёз дорад. Аз замони шӯравӣ низоми тандурустии кишвар чанд ислоҳоти ҷузъӣ дида бошад ҳам, тағйири аслӣ накардааст ва як системи дарҳамбарҳам ва нокоромад боқӣ мондааст.
Мафкураи ҷомеа низ дар робита ба ин соҳа дар ҳамон сатҳи шӯравӣ мондааст. Дар будҷаи кишвар ба соҳаи тандурустӣ тақрибан як милёрду ҳаштсад миллион сомонӣ ҷудо шудааст, ки ба андешаи коршиносон нокифоя аст. Фонди музди маоши кормандони тиб ночиз буда, маоши онҳо ҳатто барои рӯзгузаронии сода намерасад. Тибқи қароре шаҳрвандон муваззафанд ба хазинаи бемористонҳои давлатӣ маблағ супоранд, вале раванди тақсими ин маблағҳо норӯшан аст ва ба ба боло рафтани маоши кормандон чандон мусоидат намекунад. Мутахассисони соҳа имконияти боло бурдан ва такмил додани дониши худ дар кишварҳои пешрафтаро надоранд.
Бемористонҳо бо доруву васоили масрафӣ ба таври кофӣ таъмин нестанд. Таҷҳизоту таъсисот фарсуда ва корношояманд. Бо вуҷуди ин, мардум аз кормандони соҳа табобати босифат ва ройгонро интизор доранд.
Дар тӯли зиёда аз даҳ соли корӣ дар соҳа ман яқин ҳосил кардам, ки маблағгузории нокифояи соҳа сабаби паст рафтани сифати табобат ва дар натиҷа пеш омадани авориз ба саломатии маризон гаштааст. Ин ҳолат обрӯи тибби тоҷикро, ки ҳатто дар замони шӯравӣ ҷойгоҳи баланде дошт, костааст.
Маълум аст, ки табобат ҳамеша хароҷоти ҳангуфт металабад. Доруву васоили масрафии тиббӣ дар кишвар кам тавлид мешаванд ва аксар воридотӣ ҳастанд. Нигоҳдории таҷҳизот ва таъсисот харҷи гарон дорад. Бисёр иттифоқ меуфтад, ки дар асари авориз харҷи муолиҷа, ҳатто чанд маротиба бештар аз пешбинии қаблӣ меафтад.
Масалан, барои табобати як маризи вазнини Кувид -19 дар Бемористони Ибни Сино 36249 сомонӣ барои дору, 2344 сомонӣ барои василаҳои масрафӣ ва 2035 сомонӣ хароҷоти озмоишӣ, ҷамъан 40628 сомонӣ сарф шудааст. Ба ғайр аз ин наздикони бемор ба 9000 сомонӣ доруи гаронқимати Тотселизумаб харидаанд. Дар ҳоле ки мувофиқи пешбинии мо харҷи доруии як маризи маъмулии Кувид-19, набояд аз 14000 сомонӣ бештар мешуд.
Таваҷҷуҳ бояд шавад, ки ин ҳама фақат хароҷоти дору ва васоили масрафӣ аст! Ғайр аз ин дар шакл ёфтани нархи ниҳоии хидмат музди маоши кормандон, нигоҳдории таҷҳизоту таъсисот, молиёт, пули обу барқу ғайра шомил мешаванд.
Дар васоити ахбори умум ва шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон доиман ба мо тавсия медиҳанд, ки қиммати хидматрасониро поин биёрем ва дастраси ҳамагон кунем. Вале касе боре машварат надод, ки онро аз кадом ҳисоб поён овардан мумкин аст? Дору нахарем? Маоши бе ин ҳам хӯру намури кормандонро коҳиш диҳем? Молиёти давлатро насупорем? Ё… аз кадоми инҳо сарфа намоем?
Агар яке аз ин дору ё масрафиҳо намебуд, намедонам ҳоли он маризи кувидӣ чи мешуд. Яқинан ҳоло ба пои худ аз бемористон берун нарафта буд. Агар маоши кормандонро надиҳем, онҳо чи ангезае бояд дошта бошанд, ки бо таҳаммули ҳама сахтӣ ва хатар ба ҷон хидмат кунанд?
Магар бе таҷҳизот мешавад донист, ки вазъи бемор чи гуна аст ва чи бояд кард? Ростӣ агар имконият мешуд ман доим таҷҳизоти нав ба нав мехаридам ва сифати дармонро аз ин ҳам беҳтар мекардам.
Кам гузоштани яке аз ин омилҳо сабаби аворизи вазнин барои бемор шуда метавонад. Ҳамин аст натиҷаи таҷрибаи даҳсолаи банда дар ин ришта: бастани дасти мутахассис барои дармон, сабаби паст шудани сифати кор ва пеш омадани аворизу фоҷиа барои мариз мешавад!
Зеҳнияте ҳаст, ки пизишкон тибқи қасами Ҳиппократ муваззафанд ҳамаро ройгон табобат кунанд. Ба андешаи инҷониб пизишкон бояд касби худро хуб донанд, доим паи баланд бурдани донишу малакаашон бошанд. Нуктаи муҳим, ҳатто шиори касбии пизишк «бад накун» (не вреди) аст, вале ман намефаҳмам тибқи чи мантиқе метавон интизор дошт, ки пизишкон ройгон табобат кунанд? Магар онҳо ба касе қарздоранд? Ё нафс надоранд? Ё аҳли оилаи онҳо аз ҷое таъмин мешаванд?
Агар имкон мешуд ман на танҳо маоши кормандони соҳаи тибро баланд мекардам, балки барояшон имконият фароҳам мекардам, ки ҳамасола дар конфронсҳои илмии минтақаю байналмиллалӣ иштирок кунанд ва дар кишварҳои пешрафта давраҳои ихтисосӣ бинанд. Дар ҷомеа зеҳнияте ҳукмрон аст, ки тиби тоҷик тавоно нест. Бояд даст рӯи дил бигӯем, ки мо-ҷомеа ғайр аз танқиду тавҳин чи шароите барои онҳо омода кардем, ки тавонанд сатҳи дониши касбияшонро боло баранд?
Фарқи усулии кор дар Бемористони Ибни Сино аз бемористонҳои дигари кишвар ҳамин аст. Мо агар маризеро қабул мекунем, ин маънои онро дорад, ки тамоми омодагиро барои ташхис ва дармон дорем. Ин омодагиҳо шомили ҳузури мутахассисони соҳибтаҷриба, таҷҳизот, лавозими масрафӣ, дору ва ғайра ҳастанд. Омода набудани таҷҳизот ва ба қадри зарурӣ мавҷуд набудани доруву масрафиҳо маънои бастани дасти мутахассисро дорад.
Ба андешаи ман як бемористон масъули таъмини сифати баланди дармон аст, ва хароҷот набояд пеши роҳи мутахассисонро бигирад. Агар хешовандони он мариз доруи Тотселизумабро дастрас намекарданд, намедонам тӯфони ситокинӣ чи балое ба сари он мариз меовард!
Мо бояд дар масъалаи ислоҳоти соҳа чораҷӯӣ намоем. Агар мо барои мутахассисон шароити сазовор фароҳам наоварем, онҳо ба кишварҳои дигар мераванд ва вазъи соҳа бадтар мешавад. Бахусус бӯҳрони куруно ин воқеиятро бароямон ошкор кард, ки дар ҳолатҳои пандемӣ ва изтирорӣ мо мемонему ҳамин тибби тоҷик!
Хулоса дармон кори пурхарҷест, ва харҷи он аз ҷое бояд пардохта шавад.
Вале аз куҷо?
Ин баҳси дигар аст.
Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони Ибни Сино
Мавод аз саҳифаи Фейсбуки муаллиф гирифта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ