Абдулҳамид САМАД, Нависандаи халқии Тоҷикистон

Зиндагинома. 5-уми августи соли 1947 дар деҳаи Шикоргоҳи ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Абдулҳамид Самад бо сабаби ба деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ кӯчидани хонадонашон мактаби миёнаро дар ҳамин деҳа ба итмом расонидааст. Соли 1965 ба факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгорӣ дохил шуда, соли 1969 онро хатм кардааст.

Фаъолияти корӣ. Дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» то соли 1977 дар вазифаҳои гуногун ифои вазифа намудааст. Сипас ба маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» даъват шуда, солҳои 1977-1987 дар шуъбаи насри он фаъолият бурдааст. Баъдан муовини сардабири ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» (1987-1988), муовини сардабири моҳномаи «Фарҳанг» (1989-1990) ва сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ» (1990-1993) будааст. Аз соли 1993 то соли 2015 муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Эҷодиёт. Офаридаҳои Абдулҳамид Самад то имрӯз дар авроқи гулчину маҷмӯаҳои «Шохи чанор» (1981), «Баъд аз сари падар» (1982), «Паррончакҳо» (1983), «Пиёлаи шикаста» (1986), «Аспи бобом» (1986), «Косаи давр» (1987), «Майдон» (1989), «Акаи ошиқ» (1992), «Шаҳдрези садо» (1997), «Баъд аз сари падар» (мунтахаби қиссаҳо; бо ҳуруфи форсӣ, Теҳрон, 1999), «Талош» (2002), «Гардиши девбод» (2007), маҷмӯаи ҳикояҳои барои хурдсолон «Ман ошнои ту, ту ошнои ман», (1999, 2003), «Гиряи хирс» (2006), «Гардиши девбод» (бо ҳуруфи форсӣ, 2012) ва ғ. интишор ёфтаанд. Намунаҳое аз ашъораш дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд. Андешаҳои доманадори адабӣ ва сафарномаву сафаргуфтаҳои сабақомӯзи ӯ дар авроқи китоби «Санги маҳак ва тарозуи ҳунар» (2012) фароҳам омадаанд. Асарҳои алоҳидаи нависанда ба бисёре аз забонҳои мардуми ҷамоҳири шӯравӣ ва мамолики хориҷӣ тарҷумаву чоп шудаанд. Аз ҷумла, соли 1986 нашриёти «Советский писатель» (Маскав) маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои ӯ «Мечта молодости», соли 1998 қиссаи «Дедушкин конь»-ро дастраси хонандагони сершумори русизабон гардонидааст. Абдулҳамид Самад аз мутарҷимони муваффақи кишварамон буда, як идда қиссаву ҳикояҳои А. П. Чехов. С. Залигин, Азиз Несин, Н. В. Думбадзе, Г. Тютюнник, Ева Лисинаро ба тоҷикӣ гардонидааст.

Қадршиносӣ. Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1990), Нависандаи халқии Тоҷикистон (1999), Ҷоизаи байналмилалии сарвати зеҳнӣ (Женева, 2011).

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.