Абдулқодирзода дар Қазоқистон бо забони арабӣ баромад мекунад

Рӯзҳои 15-16-уми сентябр дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузории ҳамоиши пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ дар назар аст.

Гуфта мешавад, ки ин мулоқот таҳти унвони «Нақши пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ дар рушди иҷтимоию маънавии башарият дар давраи пас аз пандемия» доир гардида, иштироки руҳониён аз 50 кишвари ҷаҳон дар он ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба иттилои Маркази исломии Тоҷикистон, дар ин ҳамоиши байналмилалӣ раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода бо забони арабӣ баромад карда, саҳми пешвоёни дин дар пешбурди муколамаи ҷаҳонӣ ва сулҳ, мубориза бо ифротгароӣ, радикализм ва терроризм бахусус дар заминаи динӣ мавзуи суҳбати ӯ хоҳад буд.

Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки Попи Франсиск, Имоми олии Ал-Азҳар Шайх Аҳмад ат-Тайиб ва дигар пешвоёни руҳонӣ дар ҳамоиш ширкат хоҳанд кард.

Дар ҷамъбасти ҳамоиш қабули эъломия дар назар аст, ки мавқеи иштирокчиёни форумро оид ба таҳкими ҳамкориҳои байни тамаддунҳо ва мазҳабҳо, инчунин оид ба масъалаҳои мубрами рушди ҷаҳон инъикос мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *