Абдулқодирзода: Ислом дини эътиқоду амал аст
“Рамазон на танҳо моҳи имтиҳони нерӯи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи руҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст. Ин нукта ба онҳое дахл дорад, ки барои хизматрасонӣ ба мардум масъуланд. Ба таври сунъӣ боло бардоштани нарху навои бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтаринест, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст”,- мегӯяд раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода.
Суҳбатро аз нархи молу маҳсулоти бозор оғоз кардани Саидмукаррам Абдулқодирзода бесабаб нест, зеро ҳамасола дар арафаи моҳи шарифи Рамазон савдогарони мо нарху наворо чандин маротиба боло мебардоранд. Вале муфтии Тоҷикистон ин амалро гуноҳи азим арзёбӣ мекунад.
Саидмукаррам Абдулқодирзода мегӯяд:
— Дар моҳи мубораки Рамазон баъзе нафарон, соҳибкорон ва ё шахсоне, ки бозорнишинанд, ба эҳтикор — ба таври сунъӣ боло бурдани нарх даст мезананд. Мо камбуди равған, орд, меваҷот надорем, ҳама анборҳо пур аз ин неъматҳост. Ҳоло ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи маводи мавриди ниёзи аввал, бардоштани нархи дигар маҳсулот, умуман сӯйистифода аз моҳи мубораки Рамазон ё рӯзҳои мубораки ид бисёр гуноҳи азим буда, пайомадҳои нохуш низ дорад. Нафароне, ки нархро ба таври сунъӣ боло мебардоранд, аз ин маблағе ба даст меоранд, лек ин маблағ ба онҳо ба ҷуз нигарониву нокомӣ ва парешониву ташвишҳо чизе намедиҳад. Барои ин ҳам, ман аз тамоми бозорнишинон ва онҳое, ки ҳамарӯза дар бозору мағозаҳо фаъолият анҷом медиҳанд, хоҳиш дорам, ки дар моҳи мубораки Рамазон хайру эҳсонро пеша кунанд, нархҳоро на боло, балки ба миқдоре поин фароранд. Зеро ҳеҷ коре бе подош намемонад, агар некӣ бошад, подоши нек ба бор меорад.
— Барои хонандагони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар мавриди фазилатҳои моҳи мубораки Рамазон чанд ҳарф бигӯед.
— Бинои мусалмонӣ ба панҷ рукн аст: калимаи шаҳодат, намоз, рӯза, ҳаҷ ва закот. Ҳаҷу закот ба инсонҳои сарватманд ва доранда фарз мегардад. Барои онҳое, ки имконият надоранд, ҳаҷу закот иҷборӣ нест.
Моҳи мубораки Рамазон бошад, яке аз рукнҳои панҷгонаи асосии дини ислом ба ҳисоб меравад. Фазилати ин моҳи муборакро Паёмбари гиромии ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳадиси муборак мегӯянд: «Шумо рӯза бигиред, ки саломату бардам шавед». Имрӯз ҳам, кашфиёти илмӣ далолат бар он мекунанд, ки аксари бемориҳо бо рӯза доштан муолиҷа мешаванд. Худованди азза ва ҷал дар ояти қудсӣ мефармояд, ки “Ҳар ибодат аҷру подоши муайян дорад, вале ин рӯза барои ман аст ва ман аҷрашро медиҳам”.
Фазилату бартарии дигари моҳи мубораки Рамазон ин аст, ки ҳар некие агар инсон дар дигар моҳҳо анҷом медиҳад, аз 1 то 10 аҷр дорад, агар амали хайрро дар Рамазон бикунад, аҷру подошаш аз 10 то 800 аст. Дар моҳи мубораки Рамазон ҳар фарз баробари 70 фарз аст. Яъне, агар шахс дар моҳи Рамазон закот диҳад, мисли онест, ки 70 маротиба закот додааст. Ё як ракъат намози шумо дар рамазон баробари 70 ракъат аст.
Гузашта аз ин, моҳи Рамазон моҳи бахшиши гуноҳҳо аст. Паёмбар (с) мегӯянд, ки “Ҳар инсоне, ки ба хотири Худованди азза ва ҷал рӯза мегирад, аз тамоми гуноҳҳо пок мегардад, зеро Худованд ҳамаи гуноҳҳои ӯро мебахшад”. Ё дар ҳадиси дигар омадааст: “Ҳар инсоне, ки шаби моҳи мубораки Рамазон намоз мегузорад ва ибодат менамояд, ҳар гуноҳе дорад, Худованди азза ва ҷал гуноҳҳояшро меомӯрзад”, хоҳ он намози таровеҳ бошад ва ё намози таҳаҷҷуд.
Ҳамчунин, дар моҳи мубораки Рамазон шаби Қадр ҳаст, ки бартарини шабҳост. Маҳз дар ҳамин шаб китоби муқаддаси Қуръон нозил шудааст.
Фазилатҳои моҳи мубораки Рамазон зиёданд ва метавон дар бораи онҳо соатҳо ҳарф зад.
Ман аз ҳамаи мусалмонон, ки дар ин моҳ рӯза медоранд, даъват мекунам, ки гуноҳҳои ҳамдигарро бубухшанд, бо касе қаҳрӣ бошанд, оштӣ кунанд. Онҳое, ки дар дил бухлу кина доранд, ба касе ҳасад мебаранд ва дорои дигар хислатҳои зишту нопок ҳастанд, моҳи мубораки Рамазон имкон медиҳад, ки ботини худро тоза намоянд.
— Киҳо аз гирифтани рӯза озоданд?
— Рӯза яке аз ибодатҳои пурмашаққатест, ки ниёз ба сабру таҳаммул дорад ва аз ин рӯ, бархе аз афроди ҷомеа онро таҳаммул карда наметавонанд. Бинобар ин, шариати исломӣ ба хотири осонӣ ва рафъи машаққат барои чунин гуруҳи одамон хӯрдани рӯзаро рухсат додааст. Аз ҷумлаи чунин узрҳои шаръӣ, ки шариат муайян намудааст, беморӣ мебошад. Беморие, ки ба сабаби рӯза гирифтан авҷ мегирад ё аз нав ба вуҷуд меояд. Шариати ислом дастур ва тавсияи табиби ҳозиқро дар ин маврид муътабар мешуморад, яъне агар мутахассиси соҳаи тиб зарари рӯзаро ба ҷисми бемор мушаххас кунад, хӯрдани рӯза дар ин ҳолат ҷоиз аст.
Гуруҳи дигаре, ки метавонанд аз гирифтани рӯза худдорӣ варзанд, мусофирон мебошанд. Тибқи қарори Шӯрои уламо, масофаи сафар 120 км аст, зеро дар мазҳаби ҳанафӣ муддати сафар се марҳала буда, як марҳала ба 40 км баробар аст. Масалан, як ронандаи автобуси мусофиркаш бо 30-40 мусофир аз марказ ба ноҳияи дурдасттарин сафар мекунад ва масофа аз 120 километр ҳам дуртар мешавад. Дар ин ҳолат бо дарназардошти масъулият, машаққати роҳ ва солимии дигар мусофирон ин ронанда метавонад рӯза нагирад.
Занҳо дар марҳилаи ҳомиладорӣ, дар ҳолате, ки рӯза ба саломатии модар ва тифл таҳдид дорад, метавонанд рӯза нагиранд. Модари ширдеҳе, ки хӯроки тифлаш танҳо шири модар аст, дар гирифтани рӯза айни ҳамин имтиёзро дорад.
Шахсони пиру солхӯрда, ки гирифтани рӯза барои онҳо машаққат ва бемадорӣ меорад, бо додани фидяи савм (тибқи қарори Шӯрои уламо 420 сомонӣ барои як моҳи мубораки Рамазон) ба ниёзмандон аз гирифтани рӯза озод мебошанд. Додани фидя фақат ба ҳамин гуруҳ дахл дорад. Дар ҳолатҳои боло, вақте ки узрҳои шаръӣ бартараф шуд, қазо воҷиб мешаваду бас.
— Илова бар рӯза мусалмонон дар моҳи шарифи Рамазон боз чӣ амалҳоро бояд анҷом диҳанд?
— Моҳи мубораки Рамазонро моҳи раҳмат мегӯянд. Дини мубини Ислом танҳо дини эътиқод нест, балки дини эътиқоду амал аст. Мо дар ин моҳ бояд нисбат ба мардум хайрхоҳ бошем.
Бояд зикр намуд, ки аз рӯи ҳикматҳои моҳи шарифи Рамазон анҷом додани ҳар гуна амали хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат бояд хос ба хотири ризои Худованд бошад, на ба хотири дарёфти шуҳрату обрӯю эътибор миёни ҷомеа. Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали нек ва ё кори хайру савоб анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст. Яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад. Паёмбари ислом (с) таъкид мекунанд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад».
— Суоле, ки бисёриҳо дар арафаи моҳи Рамазон медиҳанд, ин аст: Оё нафароне, ки намози панҷвақта намегузоранд, намози таровеҳ хонда метавонанд?
— Намоз хондан — ин пок шудан аз гуноҳ аст. Шариати ислом ҳеҷ вақт дар ҳеҷ шакл нафареро аз намоз хондан манъ накардааст. Агарчи хондани намози панҷвақта фарз аст ва намози таровеҳ суннат ё суннати муаккада, аҷру подоши зиёд дорад, лек на ба баробари он намозҳои фарзи панҷвақта. Агар нафаре, ки рӯза гираду намози панҷвақта нахонад, Худованд тавфиқаш диҳад, нафари рӯзадор ҳатман намози таровеҳ хонад, хоҳ узрнок бошад, хоҳ беузр.
— Фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии мо дар ҳоли ҳозир ҳам муҳим, ҳам хатарнок ва ҳам вазнин аст, зеро дар давлатҳое ҳастанд, ки мавҷи коронавирус хомӯш нашудааст. Оё барои онҳо ягон сабукӣ ҳаст?
— Агар мутахассис гӯяд, ки рӯза доштан сабаби гирифторӣ ба COVID-19 мешавад, дар ин сурат шариати ислом барои пешгирии хатар иҷозат медиҳад, ки рӯзаашонро бихӯранд, вале ҳатман қазояшро бидоранд. Дар дигар ҳолат бояд рӯза бигиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ