Абдулҳай Зокиров. Балогардон-коргардон
Абдулҳай Зокиров, коргардони хушҳунар имрӯз солгарди умр дорад. Ӯ зодаи 14-уми апрели соли 1978 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтар) аст ва донишомӯхтаи риштаи коргардонии телевизони Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (2001), Академияи театр ва кинои Санкт-Петербург (2001-2003) ва Донишгоҳи давлатии театр, кино ва телевизиони шаҳри Киев (2004-2009) мебошад.
Номбурда фаъолияти худро дар Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон оғоз карда, то зинаи саркоргардон дар Телевизиони “Сафина”-ву “Ҷаҳоннамо” расида, ҳоло коргардони “Тоҷикфил” аст.
Зокиров муаллифи чандин филмҳо буда, машҳуртарин филмҳояш «Баррачаи Хаёлӣ», «Хокпайванд» «Рамида», «Меҳроб», «Синон», «Соҳили Мурод», «Саргардони (силсилафилм)», «Бархез Модар», «Автобус» буда, инчунин дар маҷмуъ 26 филми мустанаду ҳунарӣ рӯйи пардаи синамо овардааст.
Ӯ соли 2009 барои пешрафт ва ташаккули фарҳангу санъати тоҷик мукофоти давлатии медали “Хидмати шоиста”-ро ба даст оварда, барои филмҳояш сазовори ҷоизаҳои милливу байналмилалӣ гардидааст.
Ба баҳонаи зодрӯз бо Абдулҳай Зокиров роҷеъ ба роҳи паймудааш дар ҷодаи синамо ва сирру асрор ва нақшаҳои ояндааш суҳбате доштем.
БАЛОГАРДОН
Кӯча. Анбуҳи кӯдакон. Бозиву даводави хурдсолон. Ҳама ғарқи дунёи рангини бозиянд. Миёни онҳо кӯдакест зираку ҳушёр. Ӯ гаҳе худро ба шохи дарахт меовезаду гоҳе бо саг бозӣ мекунад. Саргарми бозӣ чашмаш ба лӯлиён меафтад, ки ба деҳаашон наздик мешаванд. Давон ба сӯйи хона мешитобад. Бибияшро дар ҳавлӣ мебинаду аз омадани лӯлиён хабар медиҳад:
— Бибиҷон, биёед ҷогаҳҳои хобро омода кунему худро хоб вонамуд, то онҳо фикр кунанд мо мурдаем.
Бибияш аз ғояти шавқу завқ хандида, бадоҳатан барояш лақабе мегузорад:
— Балогардон!
ҚИСМИ ЯКУМ. ПИНҲОНӢ ҲУҶҶАТ СУПОРИДАН БА ДОНИШКАДАИ ҲУНАРҲОИ ЗЕБО
“Санъати нашкастану худсохтан
Дар ҷаҳон олитарин меъморӣ аст”.
(Гулрухсор)
— Имрӯз Абдулҳай Зокировро ба унвони коргардони хушҳунару тавонманд мешиносанд. Ҷолиб аст бидонам, ӯро ба ин соҳа чӣ овард?
— Ман аз хурдӣ ба соҳаи синамо шавқу ҳавас доштам. Ёд дорам, вақте кӯдак будам, дар яке аз шабакаҳои телевизионии Русия силсилафилми “Изаура” намоиш дода мешуд. Ман ҳама қисмҳои онро тамошо мекардаму ҳодисаҳои рухмедодаи қисмҳои баъдиро пешгӯӣ менамудам.
Ҳамчунин узви фаъоли маҳфилҳои мактаб будам. Онҷо сурудхонӣ низ мекардам. Яъне ба соҳаи санъат майли беандоза доштам. Муаллимон бошанд, пайваста таъкид медоштанд, ки рӯзноманигор шавам. Аммо дар дили ман зиёдтар меҳр нисбат ба синамо ки буд, ба ин соҳа рӯ овардам.
— Аксари мутахассисону коргардонҳо мегӯянд, дар аввал чӣ будани коргардониро намедонистанд ва барояшон танҳо ҳунарманд ошно буду халос. Барои шумо низ ҳамин гуна буд?
— Не. Ман аз хурдӣ медонистам, ки коргардон кӣ ҳасту ҳунарманд кӣ. Аз падарам зиёд мепурсидам. Ӯ низ чун инсони дунявӣ буд, ба ҳар суолам посух мегуфт.
— Дар ҳоле ки ба синамо шавқу завқ доштед, чаро баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳоятонро ба риштаи физика-математикаи Донишгоҳи миллӣ супоридед?
— Ман не, бародарам инро мехост. Ӯ маро ба Донишгоҳи миллӣ ба гуруҳи русии ихтисоси физика-математика дохил кард.Ман ҳатто соли аввалро пурра хондам. Эълон шуд, ки дар Донишкадаи ҳунарҳои зебо ихтисоси коргардони телевизион таъсис ёфтааст. Ман пинҳонӣ аз оилаю хонаводаам ҳуҷҷатҳоямро ба ин донишкада бурдам. Баъди он ки имтиҳонҳоро хуб супорида, донишҷӯи ин донишкада гардидам, хонаводаамро огоҳ намудам, ки дигар донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ нестам. Аз ин бародарам дар ғазаб омад. Вале боз падарам равшанфикрӣ намуда, гуфт, ки агар ба худат писанд аст, пас дар ҳамин самт таҳсил кун.
— Воқеан, соли 1997 қабл аз дохил шудан ба Донишкадаи санъат корро дар телевизион шуруъ кардед. Ин бароятон чӣ гуна даст дод?
— Вақте мо дар мактаб таҳсил мекардем, моро ба киностудияи “Тоҷикфилм” оварданд ва мо ба нақшҳои ҷонварон овоз медодем. Он вақт Сайф Раҳимзод раиси Кумитаи телевизион ва радио буданд ва киностудияи “Тоҷикфилм” тобеи ин кумита буд. Ҳамин гуна, ман роҳ ёфтам ба телевизиону синамо.
ҚИСМИ ДУВВУМ. ПЕШНИҲОДИ КОР ДАР УКРОИН
“Ҳунар пеш аз он ки ба инсон бол бидиҳад, то ба арш парвоз кунад, одатан пойи ӯро мешиканад…”.
(Аз васиятномаи Чарли Чаплин ба духтараш)
— Дар Укроин ҳам таҳсил кардаед. Як ҷавони тоҷик чӣ гуна ба ин кишвари аврупоӣ рафт?
— Маро роҳбарияти Донишкадаи ҳунарҳои зебо, ки онҷо таҳсил мекардам, пешбарӣ намуданд. Чунки ман дар мадди назари онҳо қарор доштаму дар ҳар маҳфил фаъолона иштирок менамудам. Ман ду сол аввалан ба шаҳри Санкт-Петербург барои таҷрибаомӯзӣ рафта будам. Баъди баргаштан худи ректор ба ҳамкурсонам муроҷиат кардааст, ки чунин квота роҳандозӣ гардидааст ва онҳо маро пайдо кунанд, то дар хориҷ таҳсил намоям. Ҳамин сабаб шуд, ки ман аз соли 2004 то соли 2009 дар Донишгоҳи давлатии театр, кино ва телевизиони Украина таҳсил намудам.
Дар синамо мегӯянд, ки муҳим дар гуруҳ будан аст. Ҳамин тариқ, ман дар баробари таҳсил дар донишгоҳ дар студияи коргардон ва продюсери Русияву Укроин Аксана Байрак аз нурпардоз то коргардонӣ фаъолият кардам. Ба ман ҳатто аз ҷониби худи Аксана пешниҳод шуд, ки ҳамонҷо монаму филм гирам. Вале аз сабаби он ки вазъи онвақтаи Укроин хуб набуд ва ба мо гуфтанд, ки наметавонанд дигар бехатарии моро ҳифз созанд, маҷбур шудам ба ватан баргардам.
ҚИСМИ СЕЮМ. “МАРДУМ ХАСТАЮ ОШУФТААНД”
Софдилро набувад оқибати кораш бад,
Пунба чун куҳна шавад, коғази мусфаҳ гардад.
(Аз ҳошияи дастхате)
— Аз миёни филмҳоятон “Баррачаи хаёлӣ” ва “Рамида” аз рӯйи асарҳои нависанда Баҳром Фирӯз офарида шудаанд. Бо ин нависандаи зиндаёд шуморо чӣ пайвандест ва сабаби даст задан ба филмҳои кӯдакона дар чист?
— Ман нависандаҳои дӯстдоштаи худро дорам. Яке аз онҳо Баҳром Фирӯз аст, ки асарҳои ҷолиб дорад. Ҳоло боз мехоҳам аз рӯи чанд қиссаҳои дигараш низ филмнома нависам. Ман баъзе аз тағйирот дар муҳтавои онҳо илова мекунам, аммо ҳатман бо гирифтани иҷоза аз ҳамсар ва писари нависанда.
Филмҳое, ки дунёи кӯдаконро ифшо созад, хело кам дорем. Ҳоло як қиссаи дигари Баҳром Фирӯзро бо номи “Умед” дар даст дорам, ки мехоҳам аз рӯйи он низ як филми бачагона офарам.
— Чӣ шуморо ба офаридани филмҳои мазҳакавӣ водор месозад?
— Ман аслан инсони зиндадилам ва мазҳакаро дӯст медорам. Вале зиёдтар маро ҷомеа водор месозад, то чунин филмҳо офарам. Чун мардумро мебинам хастаю ошуфтаанд. Мехоҳам чизе офарам, то боиси хушҳолии онҳо бошад.
— Кадом филми Абдулҳай Зокировро мардум бештар писандиданд?
— Яке аз корҳои тозаи ман, ки фикр мекунам мардум хуб қабул мекунанд, ин филми мазҳакавии “Автобус” мебошад, ки афсӯс, ҳоло мардумӣ нагаштааст. Зеро ман зиёд кӯшиш кардам, ки дар филм ҳама чӣ миллию тоҷикона бошад.
Аммо фикр мекунам, қаблан “Баррачаи хаёлӣ” маро ба мардум шиносонд.
ҚИСМИ ЧАҲОРУМ. “ДИН АХЛОҚ АСТ”
“Иштибоҳ — ин муътақид будан бар он аст, ки тамоми ҳақиқат пеши ту аён аст. Кар хаёл мекунад касоне, ки мерақсанд, девонаанд”.
(Буддо)
— Коргардонӣ ду равия дорад: коргардони театр ва коргардони синамо. Дар кишварҳои хориҷ инҳо бояд ба кори ҳамдигар дахл накунанд. Ба назари шумо, чаро дар Тоҷикистон чунин нест?
— Дар Тоҷикистон сар аз Комил Ёрматов то дигар коргардонҳои муваффақ корро дар ҳарду равия анҷом додаанд. Ин ақида нодуруст аст, зеро ин эҷод аст ва ҳар офарида аз хоҳиши ҳар эҷодкор вобаста аст.
Ман низ ҳоло намоишномае дар даст дорам, ки мехоҳам дар ягон театр рӯи саҳна монам. Аммо ин маънои онро надорад, ки аз синамо рӯ тофтаам. Танҳо мехоҳам дар самт низ худро санҷам.
— Барои фарзандон аз кадом усулҳои тарбия кор мегиред?
— Ҷазои фарзанди ман барои анҷоми кори баде хондани китоб аст. Ман ба фарзандонам аз хурдияшон афсона мехонам. Модарашон барояшон китоби “Қуръон”-ро қироат мекунад.
— Падар бо ақидаҳои дунявӣ ва модар бо андешаҳои динӣ. Ин барои фарзанд чӣ таъсире хоҳад дошт?
— Дин худ ахлоқ аст. Огоҳ кардани фарзандонамон бо дин боахлоқ кардани онҳост. Имрӯз динро бо сиёсат пайвастаанду ба қатлу куштор ҳамроҳаш кардаанд, ки моҳияти он дар ин сурат аз байн меравад. Мутаасифона, имрӯз мо бештар одат кардаем ба он ки ояҳои китоби “Қуръон”-ро танҳо азёд мекунему ба маънии он сарфаҳм намеравем. Аммо агар онро дуруст дарк кунем, ҳар гуфтаи ин китоби муқаддас тарбиятдиҳанда аст. Пас ҳеч бадие надорад, ки бо ин восита низ фарзандонамонро тарбия созем.
Соли гузашта дар таътили тобистона мо ҳамроҳ бо фарзандону оилаам ба шаҳри Хуҷанду дигар шаҳрҳои вилояти Суғд сафар кардем. Кӯдаконро дар ҳар гӯшаи зебои он шаҳрҳо тамошо дорондем. Сипас, ман онҳоро ба дасти модарашон супоридам ва ӯ дар муддати се моҳ онҳоро бо сураҳои китоби “Қуръон” ошно сохт. Яъне мо мехоҳем фарзандонро ҳам динӣ ва ҳам дунявӣ тарбия кунем. Ду фарзандам ба соҳаи навозандагӣ майл доранд, ки мо низ барои расидан ба орзуҳояшон мусоидат карда истодаем.
ҚИСМИ ПАНҶУМ. ХОБ ДИДАНИ ИМОМИ АЪЗАМ ВА РОҲКУШОӢ БА ФИЛМОФАРӢ
“Инсони бидуни умед чизе ҷуз як ҳашара нест, мавҷуди бефикр ва оянда. Ва марди бидуни оянда метавонад ба ақиб бозгардад”.
(Маҳмуд Давлатободӣ)
— Киро бештар хоб мебинед?
— Ман бе ягон образнокӣ мегӯям. Соли бузургдошти Имоми Аъзам буд ва бояд филми ҳуҷҷатию ҳунарии “Чароғи ҳидоят ва ё Имоми Аъзам” таҳия мегардид. Аммо наздики таҳияи филм коргардони таъйиншуда аз кор даст кашид. Сипас ба ман пешниҳод карданд, ки коргардонии ин филмро ба уҳда гирам. Ман гуфтам, омода нестам ва рад кардам. Чунки филм таърихӣ ва қаҳрамони он намояндаи дини ислом буд, ки ман аз таърихи ӯву корномаҳояш чандон огоҳӣ надоштам. Аммо ҳамон шаб Имоми Аъзам дар хобам даромад, ки дар як дашти қумзорему онҷо корвоне сӯи Ҳаҷ равон аст. Мо бошем, аз ин манзара бо тамоми ҳамон таҷҳизоти филмбардорӣ филм ба навор гирифта истодаем. Ман “шуруъ кардем” гуфтаму корвон ба роҳ даромад. Аммо ҳамон замон ба назарам дар канори биёбон роҳи мумфарше расиду аз ин зиёд дар ғазаб шудаму фарёд кардам, ки ин роҳ аз куҷо пайдо шуд? Бо ҳамин бедор шудам, ки соат 4-и субҳ аст. Саҳар ба кор рафтам ва филмномаро гирифтам ва филмро аз ҳамон саҳнаи дар хоб дидаам шуруъ кардам.
Шояд ин аз ҷониби Худо бароям паём буд, то ин корро анҷом диҳам. Зеро ин филм роҳкушои ман дар ҷодаи филмбардорӣ гардид.
ҚИСМИ ШАШУМ. “МО НАФАРОНИ ОДӢ НЕСТЕМ”
“Инсон бузург намешавад ба ҷуз василаи афкораш”.
(Аз пандонамаи падаре ба писар)
— Як эҷодкор ҳангоми танҳоӣ зиёдтар сари чӣ меандешад?
— Ман танҳоиро зиёд дӯст медорам. Мехоҳам бештар бо худ бошам. Дар ин вақтҳо мехоҳам ба суолҳои зеҳнам посух пайдо кунам. Бештар аз худ мепурсам, ки ман кӣ ҳастам? Ин суолест, ки чандин сол боз дар ҷустуҷӯи посухаш ҳастам. Ҳеч як нафар пурра худро шинохта наметавонад. Аз ин хотир, ман дар танҳоӣ бештар дар ҷустуҷӯи худамам.
— Пайдо кардани худро ба кадом вақтҳо пешбинӣ мекунед?
— Ман ба ин гуна суолҳоям бо анҷом додани корҳои эҷодиям ками кам метавонам посух ёбам.
Ҳамеша аз худ суол мекардам, ки ба ивази ин қадар эҳтирому мақоми додаи Худо, ки дар миёни ин ҳама инсони рӯи замин, ки на ба ҳар кас насиб мегардад, чӣ бояд кунам? Акнун посухашро дарёфтам, ки фақат меҳнат бояд кард.
— Аз чӣ азоби виҷдон мекашед?
— Фикр мекунам, то ҳол коре накардаам, ки виҷдонам азобам дода бошад. Ҳамеша талош кардаам, ки бо амри виҷдон кор кунам.
— Аз чӣ эҳсоси пушаймонӣ доред?
— Ман дар солу замоне, ки мехостам, ба дунё наомадаам. Вақти ба дунё омадани ман замони пурошӯб ва ҷангу гуруснагӣ буд. Ман ношукр нестам, аммо гоҳо мегӯям агар дар замони гузариш ба дунё намеомадам, ҳоло аз ин корҳои то ин замон кардаам садҳо зиёдтарашро метавонистам анҷом диҳам.
— Шумо зиёд ранҷидаед ё ранҷонидаед?
-Фикр намекунам, касеро ранҷонида бошам. Ман инсоне ҳастам, ки ҳарфам дар забонам аст. Эҳсоси нисбат ба як нафар доштаамро дар қалбам нигоҳ намедорам, балки ҳамон замон иброзаш мекунам.
Маро зиёд ранҷонидаанд, аммо кӯшиш мекунам ба ин диққат надиҳам. Зеро ман ин ҳангом бештар аз худ меранҷам, ки ин амал шояд ба ивази кадом кори нохуби ман аст.
— Се мушкили синамои тоҷик…
— Мушкили аввалин набудани филмноманавис аст. Баъдан набудани маблағ ва нарасидани мутахассисони соҳа.
— Мо кай филми таърихӣ хоҳем гирифт?
— Ҳамон замоне, ки филмноманависон дарки филмҳои таърихӣ кунанд ва барои мо коргардонҳо филмномаи хуби таърихие пешниҳод намоянд.
— Тоҳир Собиров, Бахтиёр Худойназаров, Давлат Худойназаров. Бо кадоме аз инҳо барои шумо шарафи дидор ва ҳамнишинӣ насиб гардидааст?
— Бо Бахтиёр Худойназаров ҳангоми донишҷӯӣ дар Киев вохӯрдам. Он замон ӯ бояд филме меофарид ва ҳатто дар лаби баҳри Укроин аллакай декаратсияи он сохта шуда буд. Ҳамон рӯзҳо ба ман устод Носир Саидов занг заданду гуфтанд, ки тезтар имтиҳонро супорида биёед, дар филми Бахтиёр Худойназаров ҳамроҳ кор мекунем. Барои ман ин шараф ва ифтихори бузург буд. Вале афсӯс, қисмат барои мову Бахтиёр омад накарду бо сабаби мушкилоти ҳамон замон бавуҷудомадаи Укроин на филм омода гардид ва на мо донишгоҳро хатм кардем.
— Охирин истгоҳи карйераи Абдулҳай Зокиров чӣ буда метавонад?
— Бояд китобҳои зиёд нависам. Ман замони пиронсолии худро мехоҳам бо машғул шудан ба омӯзгорию нависандагӣ гузаронам.
— Агар бори дигар ба дунё меомадед, боз коргардониро интихоб мекардед?
— Агар сад бор меомадам ҳам, ин соҳаро интихоб мекардам. Зеро дар ин соҳа низ дунёофарӣ аст. Яъне мо нафарони одӣ нестем. Мо онҳоем, ки чизе меофарем. Мо аз дигарон ба куллӣ тафовут дорем.
БА ҶОЙИ ҚИСМИ ҲАФТУМ
Ҳамакнун пас аз мурури даҳсолаҳо ин “балогардон” табдил шуда ба “коргардон”, ки номаш сари забони бинандаи хушзавқи синамост. Чун “Орзуи рассом”-аш орзуи мардуми фарҳангиро бароварда сохта.
Ӯ коргардонест, ки “Баррачаи хаёлӣ”-яш хобу хаёли алоқамандони ҳунарро ба дуриҳои ҷаҳони фикру андеша бурда. Ва “Хокпайванд”-аш тӯли анд сол ба ҳар фарди меҳандӯст ифтихор офарида.
Тавонистааст бишканад қолабҳоро бо “Рамида”.
Вай ҳанӯз балогардонест, ки дар майдони синамо раҳкушои гуруҳи эҷодист. Дар ин роҳи пурпечутобу мушкилгузар раҳонид “Автобус”-рову расонид онро то ба Қазон. Ахиран зи “Ваҳдати миллӣ”-яш ба даст омад “Тоҷи Сомон”. Варо ном коргардон Абдулҳай Зокиров.
Сарат сабз, дилат шод, рӯзу рӯзгорат пур аз рангҳои зебоиву нишот бод, бандаи Ҳаққ, ки зикркунандаи накӯиву одамият дар пардаи синамо ҳастӣ!
Ардашер ПАЙВАНД
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ