Абдулҳамид Самад: Баҳои падар маро нависанда кард…

Бо Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, муаллифи даҳҳо асари ҷолибу хонданӣ дар боғчаи назди хонаашон ногаҳон вохӯрдем. Бо риояи фосилае, ки табибон барои пешгирии СОVID-19 тавсия медиҳанд, ба эшон суҳбати кӯтоҳе доштем…

—  Устод, мехоҳам суҳбатамонро аз рӯзгори кунуниатон оғоз кунем. Дар ин ҳангом, ки коронавирус ҳамаро ба таҳлука андохтааст, шабу рӯзи худро чӣ гуна пушти сар мекунед?

— Бознишаста ё нафақагир. Хонанишин, ба қавле “кирм”-и китобу қоғаз. Банда низ чун ҳама шабу рӯз аз Худованд илтиҷо мекунам, ки ин вабои аср, ин маризи марговарро, ки нишонаи касифу даҳашатангези ҷаҳонишавист, зудтар аз сари мардум нест кунад. Бадбахтиро бинед: одамон ночор аз ҳам мекебанд, дурӣ меҷӯянд. Роҳи дигар низ нест. Бояд сиҳатии худ ва атрофиёнро аз ин офат ҳифз кард… Андак – андак машғули мутолиа ва таҳрири дафтарҳои “Раҳоварди зиндагӣ”- ам.

— Медонам, ки фаъолияти эҷодии худро аз рӯзнома оғоз кардаед ва имрӯз соҳиби даҳҳо китоби марғубу маъруф ҳастед. Вале гумон мекунам, барои ҳар як эҷодкор нашри аввалин матлаб ба ёд 2монданист. Он лаҳза дар хотири шумо чӣ гуна нақш бастааст?

-Чун дидани нахустин гули фасли баҳор шодиовар буд. Ман он хабари хурдро ки бо таҳрир дар рӯзномаи “Ҳақиқати  Кӯлоб” чоп шуд, ҳаяҷонзада ба падари мӯйсафедам нишон додаму  хондам. Хаёле табассум ба лабаш давид ва ба аҳли хонадон гӯшзад кард: “Одами хуб мешавад”. Ҳам орзу, ҳам баҳои падар…

-Миёни асарҳои шумо қиссаи “Паррончакҳо” хеле маъруф аст. Донишҷӯе нест, ки онро мутолиа накарда бошад. Гумон мекунам, ки ҳар як хонанда пас аз мутолиаи ин қисса чунин саволро ба худ медиҳад: “Паррончак”-ҳо аз ҳаёти воқеии нависанда бошад ё тахайюлӣ? Мехоҳам ба ин суол посухи шуморо шунавам.

— “Паррончакҳо” мустанад не, қиссаи бадеист. Вале дар он ҷузъиётҳое аз ҳаёти даврони донишҷӯи банда, ва ҳамдарсонам, мисолҳое аз муносибат ва рафтору кирдорҳои устодон  бо хаёлу рангубори ҳунарӣ, таҳқиқу пардоз, ва унсурҳои бадеӣ тасвир шудаанд. Зимнан падидаҳои нав ба нави зиндагӣ, хулқу атвори одамон ба нависанда мавзӯъ ва нӯги риштаро медиҳад. Асари хонданбобу қаҳрамонҳои хотирмон офаридан ба сатҳи истеъдод, донишу забондонӣ ва ҳадафу заҳмати адиб вобаста мебошад.

— Ба вазъи насри имрӯз чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

— Хуб аст. Аз он ҷиҳат, ки роман, қисса ва ҳикояҳо ба нашр мерасанд. Яъне, нависандагони бузургсолу ҷавон ҳамеша дар талоши офаридани асари нав ҳастанд.

Охирин китобе, ки аз нависандагони тоҷик мутолиа кардаед, кадом аст ва чӣ бардошт кардед?

— Бар асари заъфи биноӣ бисёр мутолиа карда наметавонам. Лекин дастхати романи нави нависандаи маъруф Кароматулло Мирзоев  “Ишқи Сархӯр”- ро хондам. Нағз. Лаҳзаҳои хотирмон дорад. Романи Ато Мирхоҷа “Сарои санг”-ро, ки назари тозаест ба рӯзгори гузаштаи мардуми Бадахшон мутолиа кардам. Нигоштаҳои охири Юнус Юсуфӣ, Анвар Олим, Азизи Азиз ва Равшани Махсумзодро низ хондам. Ҳамчунин, чанде пеш дастхати ду қиссаи Муртазоалӣ Муродовро, ки омӯзгори мактаби як деҳаи дурдасти Истаравшан будааст мутолиа кардам. Муаллифро ҳанӯз надидам. Вале мавзӯи қиссаҳо, кӯшиши тозаҷӯӣ ва тозабаёниаш ҷолиб. Махсусан қиссаи “Девона”- и ӯ писандам афтод.

—  Ба адибони ҷавоне, ки қалам ба даст мегиранду орзуи нависанда шудан мекунанд, чӣ маслиҳат медиҳед?

— Аввал ёдрас мекунам, ки аз аҳди қадим то кунун ягон адиб болои сабзаву гул ва пойандоз қадамзанон бароҳат ба майдони адабиёт наомадааст. Дар шебу фарози роҳи умру эҷод баъзан ба “гулҳои сари роҳ” (таъбири П. Толис) рӯ ба рӯ шуда, таҳқир, носипосӣ дидаанд. Вале дар ин маврид иродаи маҳкам, ҳунари воло, садоқат ба сухан, офаридани асарҳои мондагор онҳоро пурзӯр кардааст. Ба ин хел ҳолатҳо низ омода бояд буд. Дигар ин ки бештар омӯзанд: ҳам адабиёти классикӣ, ҳам адабиёти шифоҳӣ ва беҳтарин осори адабиёти дунё ва муосирамонро; расму оинҳои миллат, хулқу атвори инсонро, хазинаи забон, донишу маърифати адабияшонро пайваста ғанӣ кунанд. Кам нависанду пурмағз. Ва ба пояе бирасанд, ки чун устод Лоиқ арзиши эҷодиёти хешро дарк карда, бо дили пур басо зебову шоирона башорат диҳанд:

Аз касе хасе намемонад,

Аз ман умри ҷовидона хоҳад монд.

Пораҳои шикастаи дили ман,

Шеъри ман пора пора хоҳад монд.

— Хонанда дар рӯзҳои наздик аз Абдулҳамид Самад чӣ интизор шавад?

-Китоби мунтахаби ҳикояҳоро бо номи “ Чароғи дил”.

Мусоҳиб

Уғулой Қутбиддинзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *