Абдулҳамид Самад: Миллат ояндаро фикр накунад, ба шикаст рӯ ба рӯ мешавад!

Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдулҳамид Самад аз зумраи адибонест, ки нахустин шуда мавзуъи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор дода романи “Гардиши девбод”-ро таълиф кард. Нависанда мегӯяд, ки асарҳои таърихӣ бояд, ҷомеаро бедор кунад, то иштибоҳҳои гузашта такрор нашаванд…

Раҳоварди зиндагӣ

— Устод, шумо солҳои охир анъанаи эҷодии устод Садриддин Айниро идома дода, ба ёддоштнависӣ даст задед ва алакай қисмҳои аввали ёддоштҳоятон нашр шуд. Чӣ чиз шуморо ба ин кор водор кард?

— Албатта, ин муъҷизае нест, мумкин ҳамаи нависандагони мо дар бойгонияшон рӯзнома доранд. Ман аз солҳои пеш рӯзнома менавиштам, дафтарҳои ман аз марҳилаҳо, ҳолату лаҳзаҳои гуногуни умр иборатанд. Чун синну солам ба ҷое расид, хостам, ки ҳеҷ набошад қисмати аввали онҳоро ба чоп омода кунам. Рӯзнома ва ёддошт — “Раҳоварди зиндагӣ” асои дами пириам шуданд.  

— Чанде қабл китоби шеърҳоятон ҳам чоп шуд. Шумо аз кай шеър менависед?

— Аз давраи  мактабхонӣ ин ҳавасро доштам, ҳаваси ҷавонӣ. Баъд, дар давраи донишҷӯӣ, солҳои 1965-1969 баъзе аз шеъргунаҳои ман дар рӯзномаи “Педагоги ҷавон” (ҳоло “Омӯзгори ҷавон”) -и Донишкадаи омӯзгорӣ чоп шудаанд. Ростӣ, даъвои шоирӣ карданам зиёдаравӣ мешавад, чун дар адабиёти муосирамон шоирони барҷаста бисёр дорем, ки чашмаи шеър ҳастанд. Шеърнависии ман аз рӯи ҳавас аст. Барои ҳамин дар китобам “Ин саҳар”, ки худнашр аст, онҳоро “шеъргуна” гуфтам.

Фазилати мардум

— Як бахши китоби «Ин саҳар«-и шумо шомили зарбулмасалу мақолҳоест, ки давоми солҳои гуногун ҷамъоварӣ кардаед. Дилбастагии шумо ба забони зиндаи халқ аз куҷо маншаъ мегирад ва то куҷо муҳим аст, ки нависанда дар баробари забони адабӣ боз лаҳҷаҳоро низ бидонад?

— Адабиёти шифоҳии мо дар баробари дигар шоҳкориҳои адабиёти классикиамон қадру қиммати воло доранд ва шоҳкор ҳастанд. Банда пешгуфтори ин бахши китобамро “Масал беҳ аз асал” номидам. Зарбулмасалу мақолҳо фазилати мардуманд, ки аз аҳди қадим гавҳару дурдонаҳоро дар бар мегиранд. Одамон суханҳоеро мегӯянд, ки аз шуниданашон кас дар ҳайрат мемонад. Онҳо вазни як роман, як достонро доранд. Ман аз замони наврасӣ дар байни мардум будам ва бо мӯйсафедон кор мекардам. Аксари онҳо аз ҷанг баргашта буданд, пиронсол буданду хазинаи масалу мақолу гӯишҳо. Баъдан аз соли 1969 дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) 10 сол бо рӯзноманигорони солманду доно кор кардам. Сипас, солҳои зиёд дар маҷаллаи “Садои шарқ” ва Иттифоқи нависандагон бо устодони бузург ҳамкор будам. Онҳо ин меҳрро дар қалби ман парвариданд. Устод Лоиқ, ёдашон гиромӣ бод, ҳар ҷое, ки мерафтанд, аз саросари Тоҷикистон, як вожаи зебо, як таркиб, як рубоӣ, як мисраъ, як зарбулмасал ё мақол, ки меёфтанд, ёддошт мекарданд ва онро чун бозёфт ба мо мегуфтанд. Баъзан эътироз ҳам мекарданд, ки як роман, як асари бузургро нури чашм сарф карда мехонӣ, дар дохилаш ҳадди ақал як мақол, як зарбулмасал намеёбӣ. Ин ишораи устод дарс буд. Ман мухлиси истифодаи зарбулмасалу мақолҳои нав ҳастам. Чун дар нақлиёти ҷамъиятӣ меравӣ, байни одамон гуфтугӯ ё баҳс ба миён меояд. Онҳо на чизҳои обшустаро, ки мо дар адабиёт борҳо хондаем, балки тамоман чизи дигарро мегӯянд, ки аз шуниданаш дил шод мешавад. Онҳо моли мардуманд. Вазифаи мо ин аст, ки ин ганҷинаро дар ягон шакл ҳифз бикунему боз ба мардум баргардонем. Ман дар ин китоб қариб 900-то зарбулмасалу мақол пешниҳод кардам ва мекӯшам, ки ин шумораро ба 1000 расонам. Акнун мебояд, масалу мақолҳои зиёдеро ҷамъ оварам ва аз миёни онҳо беҳтаринҳоро интихоб бикунам. Ин корро ба хотири он мекунам, ки онҳое дар оянда бо сухан, бо адабиёт, бо наср сарукор мегиранд, аз ин сарчашма истифода баранд. Он ганҷинаи хазинаи миллати мо мебошад.

Се марҳилаи ҳассос

— Мехоҳам дар мавриди романи “Гардиши девбод” суҳбат кунем. Ба андешаи муҳаққиқон ин роман, дар эҷодиёти шумо гардиши калон ва дар насри муосири тоҷик падидаи нав аст: аз як зовия нигаристан ба се марҳилаи пуртаззоди таърихи тоҷикон. Чаро маҳз ин фоҷеаҳо диққати шуморо ҷалб карданд?

— Мо, насли мо, насли аз мо калонтар ба гирдбоди  бисёр шадиди зиндагӣ гирифтор шуд. Бар асари воқеаҳои фоҷиабори охири асри ХХ аз дарду алам мо рӯйдодҳои бисёр сангини гузашта, таърихи пуршебу фарози халқамонро пеши назар овардем. Дар романи “Гардиши девбод” ҳаводиси сад сол, ё каму беш аз сад сол, ки миллати мо се фоҷеаи бузургро аз сар гузаронид, ба таври бадеӣ таҳқиқ шудаанд. Лекин агар дақиқ нигоҳ кунем, қаблан ҳам, дар асрҳои 9 ва 10, ҳатто пеш аз он ҳам, миллати мо бар асари нофаҳмӣ, гирифтор шудан ба ангезаҳо ва тааммул накардан бар сари худаш бадбахтиҳо ва шикасту рехти фоҷеабори зиёд овардааст. Чуноне, ки устод Лоиқи бедору ҳақталош мегӯянд: “Ҷабри таърих ягон қавм надидастки мо”. Ана ҳамон ҷабри таърих агар баъзе аз рӯйи бадхоҳиву бадбинии ғосибону аҷнабиён бошад, дар бисёр маврид бар асари талошҳо барои шуҳрат, тоҷу тахт, гирифториҳои нафс ва ғайра будааст. Давраи инқилоб низ истисно нест. Ҳамин аст, ки бисёре аз нависандаҳои мо ба таҳқиқи бадеии ҳамин давраҳо пардохтанд. Аз ҷумла, раҳнамои миллати мо устод Айнӣ ва пайравонашон Ҷалол Икромиву Сотим Улуғзода чунин фоҷеаҳои таърихро навиштанд. Ёдашон гиромӣ бод! Ин як навъ ҳушдор аст: таърихро танҳо ба хотири таърих наменависанд, таърихро барои он менависанд, ки аз он миллат ибрат гирад, ояндаашро андешад. Агар миллат ояндаашро фикр накунад, ба шикаст рӯ ба рӯ мешавад. Инқилоб паёмадҳои бисёр харобиовар дошт, бисёр одамони гунаҳкору бегуноҳ аз дами шамшер гузаштанд, сарнавишташон печида шуд. Аз Ватан рафтанд. Марҳилаи дигари ҷабри таърих  “таъқибот” буд, ки беҳтарин зиёиён ва сиёсатмадорони тоҷикро бо баҳонаи “душмани халқ” зиндон карданд, баъзеашон зинда монданд, бисёриҳо ҳукми қатл гирифтанд. Фоҷеаи бисёр сангин. Дар ҷумҳурие, ки зиёияш, равшанфикраш ё сиёсатмадори дурбину зиракаш ангуштшумор буд, ба ин гирдоб афтиданд, бо ҳар тамға несту нобуд карда шуданд. Қаҳрамонҳои миллати мо Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ба ин гирдоб афтиданд. Устод Айнӣ бо талошҳои зиёд, ба бахти миллати мо зинда монд. Ин фоҷеаро пушти сар кардем, ки боз ҷанги дуюми ҷаҳон сар шуд ва дар он ба домани 90 ҳазор мардон ё аз ин ҳам зиёдтар рафтанд, ки дар байнашон шоирон, нависандагон ва олимони беҳтарини мо ҳам буданд, бисёри онҳо  барнагаштанд, ғарибхок, шаҳид шуданд. Аз қабили Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Лутфулло Бузургзода, Абдушукур Пирмуҳаммадзода… Падарону модарон, зану фарзанд ва пайвандони сарбозони ба ҷанг рафта аз ғаму даҳшат, нодориву ҳасрат дар ақибгоҳ нобуд шуданд. Баъд аз ҷанг мардум нав ба рӯзгори осуда расида буд, ки боз фоҷеаҳои дохилии мо сар шуд. Сангинтарин фоҷеа! Чун сабаби дигар фоҷеаҳоро мо аз инқилоб, таъқибот, ҷанги ҷаҳонӣ баҳона мекардем, вале ин низоъ бисёр дарднок буд: якдигаркушӣ, бародаркушӣ, харобкорӣ… 150 ҳазор нафар нобуд шуда, бадбахтиҳо беҳисоб… Дар ин мавзуъ асарҳои зиёд навиштанд. “Гардиши девбод” ягона нест, фақат бисёриҳо дар гармиаш навиштанд ва дар оянда ҳам дар ин мавзуъ асарҳо пайдо мешаванд, ки шояд аз “Гардиши девбод” хубтару дақиқтар таҳқиқи бадеӣ меёбанд. Вале қарзи ман буд, ки ҳамин фоҷеаи бисёр сангин ва талхи охири асри бистро бо таҳқиқи бадеӣ пешниҳоди хонанда гардонам. Ба саволҳои “Чаро?”, “Барои чӣ?” посух бигӯям.

Роҳи сухан душвор аст!

Вазъи насри имрӯзаро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

— Аслан бад нест. Китобҳо бо ҳар роҳ бисёр чоп мешаванд. Маҷаллаи “Садои шарқ” пайваста ба нашр мерасад. Роҳи сухан пурзаҳмат ва мушкил аст, ба ин роҳ ки рафтед, пас гаштан наметавонед, дар мобайн монед, бисёр азоб мекашед, гирифтори гумону андешаҳои дилхарош мешавед… Бояд пеш рафт ва чизҳои арзанда офарид.

— Дар бораи романҳои таърихӣ суҳбат кардем, вале яке аз вазифаҳои асосии наср инъикоси замон аст. То кадом андоза рӯзгори имрӯзаи мардуми тоҷик дар осори нависандагон инъикос ёфтааст?

— Дар як фосилаи кӯтоҳ ҳодисаҳои рӯзгори мо аз адабиёти мо пеш гузашт, барои ҳамин дар мавзуҳои замон асари бузурге навиштан истеъдоди бузург мехоҳад. Масалан хонандаи тоҷик интизори пайдо шудани романи арзандатаре дар бораи неругоҳи “Роғун” аст. Барои ҳаматарафа тасвир кардани вусъати кори онҷо бояд онҷо рафта, бо коргарон ҳамнафасу ҳамкор шуда, дарду армон, ишқ, пайкор, ормонҳои миллии онҳоро омӯхта, асари сазовори ин иншооти бузург ба хонанда пешниҳод кард. Осон нест! Тани сиҳату неру, истеъдоди комил бояд дошт. Албатта, то имрӯз асарҳои зиёде иншо шуданду нашр. Арзиш ҳам доранд. Аммо пурвусъат не. “Ман дар бораи Роғун менависам!” — гуфтан кам аст.

— Охирин китобе, ки аз нависандагони тоҷик мутолиа кардаед, кадом аст ва чӣ бардоштед?

— Ҳафтаи охир романи Мирзо Насриддин — “Нони шарикӣ” ба дастам расид. Шинос шудам. Заҳмат кашидааст адиб. Албатта ман ба бадеияти он ҳанӯз баҳо дода наметавонам, лекин аз ҷиҳати мавзуъ, қаҳрамонҳо ва воқеаҳо асари ҷолиб аст. Нависанда ба воқеаҳои давраи аввали инқилоби октябр, то ба ин давра, назари худро дорад. Ин муҳим аст.  

— Барои рушди насли тоҷик ва пайдо шудани асарҳои ҷаҳонӣ чӣ тавсия медиҳед?

— Асарҳои ҷаҳонӣ баъди садсолаҳо пазируфта мешаванд. Ба қарибӣ аз тариқи телевизиони Маскав дар барномае як нависандаи 60-солаи русро нишон доданд, ки як романаш ба 30 забон тарҷума шудааст. Мо имрӯз чунин имкониятро надорем, ки як асари хуб зуд тарҷума шаваду паҳн гардад. Ҳоло мо дар ин марҳила нестем. Хонандаи хушзавқ ва адабиётдӯсти мо имрӯзҳо ба ғайр аз забони модарӣ ба дигар забонҳо ҳам асарҳоро мутолиа мекунад. Барои офаридани асаре, ки ба дигар забонҳо тарҷума шавад, истеъдоди баланд, ҷустуҷӯ, тозаофарӣ ва ранҷу заҳмат лозим аст.

Рисолати нависандаи замони истиқлолро дар чӣ мебинед?

— Рисолати нависандаи замони истиқлолро дар он мебинам, ки тамоми дастовардҳои бузурги истиқлоли давлатии моро, сиёсати давлатии моро, таҳаввулоти фикрии инсонро дар замони истиқлол, эҳсосоти ватандӯстї, худшиносӣ, рӯ овардан ба арзишҳои гузашта, ки бисёр муҳим аст, дар асарҳои худ ба таври бадеӣ ва дилрас офарад. Аз пайравї ва тақлидҳои беҳуда даст кашида, асарро бо сабку услуби дилрас бо ҳамин забони рангину ширадоре, ки дар дунё ҳамаро дар ҳайрат гузоштааст, забоне, ки устод Рӯдакӣ ҳазорсолаҳо пеш гуфт ва то имрӯз мардум мефаҳманд, мепазиранд, асар нависанд.

Мусоҳиб: Барно СОҲИБОВА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *